Дар як сатр
» » ҶАЗО БАРОИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ

ҶАЗО БАРОИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ

9-07-2020, 01:20

Санҷиши гузаронидаи   Бахши назорати иҷрои қонунгузории замини прокуратураи вилояти Хатлон, нишон дод, ки  Идиев Исмоил Мирмаҳмадович, санаи таваллудаш 15-уми сентябри соли 1981, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти «Иттифоқ», деҳаи Правда барқасдона моҳи феврали соли 2020 аз заминҳои хоҷагии деҳқонии «Бобои Маҳмадсолеҳ» 7 адад дарахтони бедро ғайриқонунӣ бурида, бо ин кирдораш ба табиат зарари ҷиддӣ расонидааст.

Нисбати Идиев Исмоил Мирмаҳмадович санаи 14-уми марти соли равон аз тарафи прокурори вилоят   бо аломати моддаи 234 қисми 1-и  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, барои бурдани тафтиши пешакӣ ба прокуратураи ноҳияи А. Ҷомӣ ирсол карда шудааст, ки он санаи  20-уми  апрели соли равон аз тарафи Суди ноҳияи А. Ҷомӣ баррасӣ гашта,  мавсуф ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё ба андозаи 5800 сомонӣ ҷарима карда шудааст.

*   *  *   *   *

Тибқи ахбороти прокурори шаҳри Норак сокини шаҳри Норак, Ҷамоати деҳоти «Пули сангин», маҳаллаи Тутқавул, кӯчаи 50-солагии Октябр, хонаи 29 Ғуломов Рамазон Мусоевич, соли таваллудаш 1993 дидаву дониста ба содир намудани ҷинояти махсусан вазнин даст задааст.

Ӯ санаи 25-уми марти соли равон бинобар муноқишаи оилавӣ соатҳои тахминан 15:20 дақиқа дар нишонии шаҳри Норак, кӯчаи Бародарон, бинои №24, ҳуҷраи №7, ҳамсараш Нозирова Шаҳноза Тағоймуродовнаро нуҳ маротиба бо корди қатъшавандаи киссагӣ  бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан дар қисмати гардан аз тарафи рост, қафаси сина  аз тарафи рост, дасти рост аз оринҷ боло ва тахтапушташ чор корд зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст. Сипас бо мақсади куштори модарарӯсаш Ғоибназарова Асият ,ки онҷо ҳузур доштааст, ба шикам ва дасти рости ӯ бо корд зада, бо сабабҳои ба ӯ вобаста набуда куштори модарарӯсашро ба анҷом расонида натавонистааст.

Худи ҳамон рӯз ба таври фаврӣ мавсуф дастгир гардида, аз тарафи кормандони прокуратураи шаҳри Норак ҷои ҳодисаро аз назар гузаронида, гумонбаршуда бозпурсӣ карда шудааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур санаи 25.03.2020 нисбати мавсуф бо моддаҳои 104 қисми 1, 32. қ.2-1-4, қ.2 банди "а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, тафтиши пешакии он  аз тарафи прокуратураи шаҳри Норак баъди анҷомёбӣ ба суд ирсол карда шудааст. 

Санаи 9-уми июни соли равон бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон  нисбати номбурда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ  ба мӯҳлати 19 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт таъйин карда шудааст.

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РАШК АШК РЕЗОНД

Ҳуқуқу амният

ҶАЗОИ МАРДИ ФОСИҚ

Ҳуқуқу амният

ҚОТИЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД

Ҳуқуқу амният
Алимент напардохт, ҷазо гирифт

Алимент напардохт, ҷазо гирифт

Ҳуқуқу амният
Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Ҳуқуқу амният