Дар як сатр
» » БОСТОНШИНОСОНИ ТОҶИК БА ТАДҚИҚОТИ МАВЗЕИ ТАЪРИХИИ ҚАЛЪАИ ЛАҒМОН ОҒОЗ НАМУДАНД

БОСТОНШИНОСОНИ ТОҶИК БА ТАДҚИҚОТИ МАВЗЕИ ТАЪРИХИИ ҚАЛЪАИ ЛАҒМОН ОҒОЗ НАМУДАНД

9-07-2020, 01:18

Шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тадқиқоти бос-тоншиносиро оғоз намуд.

Нуриддин Сайфуллоев, роҳбари гурӯҳ, номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи бостоншиносии институти болозикр дар  ин бора чунин гуфт:

- Ковишҳои тадқиқотиву бостоншиносӣ  аз 22 июни соли равон оғоз гардида, то 22 июли соли 2020 идома меёбад. Зимни пешбурди кор аз мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деворҳои давраи сомониён, меъмории сохтмони  давраи сомониён ва якчанд сафолнигораҳои  давру замони сомониён, ҳамчунин, шишапораҳое, ки дар ҳамон  замон зарфҳо омода карда мешуд, ёфт карда шуд. 

Бино ба иттилои Нуриддин Сайфуллоев аввалин маротиба ин мавзеи таърихӣ соли 1875  кашф гардида буд. Дар харитае, ки ҳамон солҳо олимон тартиб додаанд, дар соҳили дарёи Вахш ду нуқта дар масофаи 2 км дуртар аз якдигар ҷойгир буда, яке Лехма ва дигаре Лехмаи Ҷанубӣ номгир шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Қалъаи Лағмон дар масофаи 12 км аз ёдгории таърихии Ҳалевард дар соҳили шарқии дарёи Вахш, дар наздикии деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти "Узун” ҷойгир буда, 42,5 гектарро ташкил медиҳад.

Ба гуфти бостоншиносон, шаҳрак чор дарвоза доштааст, ки онҳо дар маркази деворҳои шимолӣ ва кунҷи ҷанубу шарқии шаҳрак мавҷуданд. Шаҳрак низоми муҳофизатии устувор дошт ва соҳаи кишоварзии он хеле тараққикарда ба ҳисоб мерафт. Зеро аз натиҷаи тадқиқоте, ки то имрӯз ба даст омадааст, гумон меравад, ки ин мавзеи таърихӣ маркази минтақаи азими кишоварзӣ дар замони худ будааст.

 

Далер Шарипов



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кашфи дайри буддоӣ мутааллиқ ба асрҳои v-vi

Хабарҳо
Сайри Хатлони бостон

Сайри Хатлони бостон

Туризм, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ёдгории «тахти сангин»

Ёдгории «тахти сангин»

Туризм, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Бостоншиносони ҷавони 8 кишвар ба Хатлон омаданд

Бостоншиносони ҷавони 8 кишвар ба Хатлон омаданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

---