Дар як сатр
» » МУЛОҚОТИ КОРМАНДЗАНОНИ МИЛИТСИЯ БО АҲОЛӢ

МУЛОҚОТИ КОРМАНДЗАНОНИ МИЛИТСИЯ БО АҲОЛӢ

9-07-2020, 01:17

Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз ҳисоби шуъбаи кор бо занони раёсати мазкур гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст.

Тибқи нақша аъзои гурӯҳ бо сокинони шаҳри Бохтар дар назди бозори марказӣ, маконҳои серодами ҷамъиятӣ ва кӯчаву маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои сарироҳиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19-ро мегузаронанд.  Дар ҷараёни вохӯриву суҳбатҳо, ҳамчунин, оид ба рафти амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маълумот дода мешавад. 

Зимни баргузории суҳбатҳо таъкид карда мешавад, ки волидайн кӯдакони хурдсол ва мактабхонашонро айёми таътили муваққатӣ беназорат нагузошта, онҳоро ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ва машғул шудан ба варзиш ҷалб намоянд. Ҳангоми муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қоидаҳои тавсиякардаи табибон риоя намуда, саломатии худу дигаронро зери хатар нагузоранд.

Ҳамзамон, дар рафти кор-ҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ ба сокинон ба таври ройгон ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, маводҳои иттилоотиву тарғиботӣ ва маводҳои антисептикӣ тақсим карда шуда, дар ин самт чорабиниҳо идома доранд.

Мавриди зикр аст, ки нақши занон-кормандони милитсия имрӯзҳо дар ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистони соҳибистиқлол бағоят муҳим буда, дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ баробари мардон фаъолият карда истодаанд. Онҳо баробари вазифаҳои пурмасъулро ба дӯш доштан, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷалби аҳолиро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи талаботи санитарию гигиенӣ бештар намоянд. 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАҲОИ БАЛАНДИ ВИРУСОЛОГҲОИ ХИТОӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ

УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» КОР МЕДИҲАД

Ҳокимияти давлатӣ
Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА