Дар як сатр
» » ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ ҒАЛЛАДОНАГӢ

ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ ҒАЛЛАДОНАГӢ

9-07-2020, 01:15

ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ ҒАЛЛАДОНАГӢ

Кишоварзони ноҳияи Вахш дар майдони 2605 гектар ғалладона кишт намуда, то имрӯз 12437 тонна ё баробари 61 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд.

Аз рӯи маълумотҳои Раёсати кишоварзии ноҳия аз 12437 тонна ҳосили ғалладонагиҳо 8400 тоннаи онро гандуми хушсифат ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ деҳқонон дар майдони 1714 гектар гандум кишт намуда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 49-сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Аз ин миқдор аз 1032 гектар заминҳои обӣ 7036 тонна гандум ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин аз ҳар гектар 68-сентнериро ташкил медиҳад. Инчунин, аз кишти гандум дар 682 гектар заминҳои лалмии ноҳия 1364 тонна ё ба қадри 20-сентнерӣ ҳосил гирифтанд.

Тавре ки Малика Сафарова, сариқтисодчии Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш иброз дошт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳосинокии маккаи донагӣ аз як гектар 50-сентнерро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби кишти аввали соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аз 230 гектар кишти маккаи дон 1170 тонна ҳосил гирифтанд. Ҳамчунин, дар ин давра аз 491 гектар ҷавзор 2025 тонна ҳосил бардоштанд.

Талаботи бозорҳои дохилиро ба биринҷ ба инобат гирифта, имсол дар тамоми шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Вахш дар майдони 170 гектар шолӣ кишт карда шудааст. Деҳқонон бо дарназардошти обу ҳавои мусоид барои парвариши шолӣ боварӣ доранд, ки соли ҷорӣ ҳосили дилхоҳ ба даст меоваранд.

Ҷ. САЙФИДДИН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

Арсаи кишоварзӣ

Дӯстӣ: Содироти 2594 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар

Арсаи кишоварзӣ

Омили асосии ҳосили фаровон

Арсаи кишоварзӣ
Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА