Дар як сатр

ҲУСНИ ЗАМИН

9-07-2020, 01:13

Бо Қувваталӣ Саидов воқеан ҳам суҳбат кардан ба кас лаззату ҳаловат мебахшад. Суҳбаторо аст. Аз аввалин каломаш пай мебаред, ки шахси бомаърифату рӯзгордида аст ва ба оянда назари нек дорад. Ин марди бофазилату кордон ва накӯном зиёда аз 50 соли умри пурбаракати хешро дар вазифаҳои пурмасъулу роҳбарикунанда баҳри рушду ободии ватан сарф кардааст.

Падараш – ходими намоёни ҳизбию давлатӣ Мирзо Саидов котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Данғара буду аҳли оилаашон дар ноҳияи Фархор сукунат доштанд. Баробари дар мактаби миёна аъло таҳсил кардан Қувваталӣ  сарварии бригадаи истеҳсолии  хонандагони  мактабро низ ба уҳда дошт. Ҳар сол деҳқонон, ҷавонон тавассути меҳнати ҳалолу бурдборона то 32-34-сентнерӣ пахта ҷамъоварӣ мекарданд. Аз ҳамон вақт сар карда шавқу рағбат ба замин дар қалби кӯчаки ӯ маъво гирифт.

Ҳамин буд, ки баъди хатми  мактаби миёна ба факултаи механиконии раванди истеҳсолии хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил шуд. Онро бо дипломи сурх хатм кард ва бо роҳхати Вазорати кишоварзӣ ба ноҳияи Восеъ ба кор омад. Азбаски мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ангуштшумор буданд, ӯро сармуҳандиси хоҷагии «Москва» таъйин намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ ӯ тавонист бо дониши баланд, меҳнатдӯстӣ, масъулятшиносӣ ва қобилияту истеъдоди қавӣ худро ҳамчун мутахассиси кордон нишон диҳад ва дар байни аҳли меҳнати хоҷагӣ соҳиби обрӯю эҳтиром гардад. Фаъолияти пурсамараш аз назари роҳбарияти ҳамонвақтаи ноҳия низ дур намонд.

Бо тавсияи котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳия, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Мирзо Бобоев, ки роҳбари кордону дилсӯз буд, Қувваталӣ Саидовро муовини раиси хоҷагӣ таъйин карданд. Ҳамзамон вазифаи котиби ташкилоти ҳизбии хоҷагиро пеш мебурд. Баъзе мансабталошону нотавонбинон ошкору пинҳонӣ мегуфтанд, ки ӯ ҳанӯз ҷавон асту аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳои пурмасъул баромада наметавонад. Вале аз уҳдаи ин корҳо мебаромад. Вай дар пешравии кори хоҷагӣ, баланд бардоштани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми арзандаи худро гузошт.

Соли 1977 Қувваталӣ Саидовро ҳамчун мутахассиси пуртаҷрибаи соҳаи кишоварзӣ ба вазифаи сардори Раёсати кишоварзӣ (баъдтар Агропром) ва ҳамзамон муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи ноҳия таъйин карданд.

...Фасли баҳор, айёми киштукор  сатҳи обҳо баланд шуда, дар баъзе мавзеъҳо заминҳои киштро шуста, вайрон менамуд. Дар самти ҷараёни дар-ёи Сурхоб 17 километр ва аз ҳисоби дарёи Ёхсу 45 километр соҳилмустаҳкамкунӣ ба ноҳияи Восеъ вогузор буд. Шабу рӯз кор кардан лозим меомад. Барои иҷрои ин корҳо аз буҷаи ҷумҳурӣ маблағи зиёд ҷудо мешуд. Буданд нафарони баднафси вобастаи ин соҳа, ки барои азхудкунии маблағҳо, яъне «обро лой карда, моҳӣ гирифтан» бо Қувваталӣ Саидов «забон як карданӣ» мешуданд. Вале ӯ, ки виҷдони пок дошт, бо исрор ва қатъият мегуфт, ки ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ба моли давлат хиёнат кунад. Зеро моли давлат моли халқ аст. 

Соли 1980 Қувваталӣ Саидовро боз ба вазифаи аввалаш - муовини раиси хоҷагии «Мос-ква» оварданд. Яке аз рӯзҳои моҳи августи соли 1980 котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ омад. Аз майдони пахтазори хоҷагии «Мос-ква», аз ҷумла аз пахтазори бригадаи Бекназар Тағоев, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб воқеъ гардидааст, дидан намуд. Роҳбари аввали ҷумҳурӣ аз Қувваталӣ Саидов пурсон шуд, ки имсол хоҷагӣ чанд сентнерӣ пахта медиҳад?

- Мувофиқи уҳдадорӣ 43- сентнерӣ, - ҷавоб медиҳад бо боварӣ Саидов.

-Аз ҳар як гектар 45-сентне-рӣ «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоед, ба саркоратон (ишора ба Бекназар Тағоев) як мошини сабукрави «Волга-Газ-24» туҳфа медиҳем,-қатъӣ мегӯяд Ҷаббор Расулов.

Ҳамон сол хирмани умумии ватан ба як миллиону 60 ҳазор тонна расид. Пахтакорони ноҳияи Восеъ бошанд, 50 ҳазор тонна пахта истеҳсол карданд, ки дар ин муваффақият саҳми деҳқонони хоҷагии "Мос-ква” зиёд буд. Тибқи ваъда ба хоҷагии «Москва» як автомашинаи нави «Волга» туҳфа карданд.

Бо вуҷуди комёбию дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва пешравиҳои иқтисодӣ дар ноҳия хоҷагиҳои қафомонда низ буданд. Аз ҷумла, қарзи хоҷагии ба номи Киров сол то сол зиёд мешуд ва хоҷагӣ аз уҳдаи иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ баромада наметавонист. Роҳбарони ноҳия ва вилоят бинобар вазъи ташвишовари хоҷагӣ ба хулосае омаданд, ки ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи кишоварзӣ Қувваталӣ Саидовро ба вазифаи раиси хоҷагии ба номи Киров пешниҳод намоянд.

Ҳамин тавр, моҳи январи соли 1983 Қувваталӣ Саидов, ҳамчун раиси тозаинтихоби хоҷагии ба номи Кирови ноҳияи Восеъ, бо дили софу дасти пок ва хиради азалиаш ба кор шурӯъ намуд. Барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодии хоҷагӣ ва зиндагии шоистаи мардум аз ҳамаи шароиту имкониятҳои мусоид истифода мебурд. Хоҷагӣ дар давоми 2 сол аз ҳолати қарздорӣ раҳо ёфт.

Дар тӯли 5 соли раисиаш дар деҳаҳои Пушёни Боло, Пушёни Поён ва Каримбердӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Қариб ҳамаи роҳҳои байни деҳаҳои хоҷагиро мумфарш карданд. Дар деҳаи Нонҷемас осоишгоҳи нави кӯдакона (барои 120 кӯдак) ва беморхонаи нави минтақавӣ қомат рост карданд, ки ҳоло ҳам фаъолият доранд.

Сатҳи зиндагии мардум ҳамасола боло мерафт. Дар ҳамаи деҳаҳои хоҷагӣ барои сокинони ниёзманд, дар маҷмӯъ 800 манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Мегӯянд, ки дурру гуҳар аз назар пинҳон намемонад. Соли 1988 қарори КМ ҲК Тоҷикистон «Дар бораи эҳё намудани деҳаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ» баромад. Қувваталӣ Саидовро ҳамчун фидоии меҳнат, инсони некиродаву соҳибэҳтиром ва роҳбари кордон раиси комиссияи ташкилии эҳё ва барқарорсозии деҳаҳои ноҳияи Балҷувон (мавзеи Сари Хосор) таъйин намуданд.

Бо шарофати талошҳои шабонарӯзӣ ва кордонию роҳбарии оқилонаи ин марди меҳнатӣ, дар ҳудуди 24 ҳазор гектар замин 98 деҳа ва боғзор бунёд карда шуд. Дар 12 деҳа муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию асосӣ, дар маркази Сари Хосор мактаб-интернат ва дар 4 деҳа бунгоҳҳои тиббӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориаш ба ноҳияи Балҷувон бо фаъолияти бунёдкоронаву созандагии Қувваталӣ Саидов аз наздик шинос гардида, ба меҳнати ӯ баҳои баланд додааст.

Хизматҳои шоистаю бисёрсолаи ин марди меҳнатқарину меҳнатдӯст бо даҳҳо медалҳои гуногун, туҳфаҳои хотиравӣ, орденҳои "Нишони Фахрӣ” ва "Инқилоби Октябр”  қадр карда шудаанд.

Қувваталӣ Саидов вақте, ки ба нафақа баромад, аз ҳисоби заминҳои ғайрикорами хоҷагии собиқ «Москва»-и ноҳияи Восеъ (воқеъ дар канори дарёи Ёхсу) дар ҳудуди 26 гектар хоҷагии деҳқонии «Умед»-ро таъсис дод. Ҳамроҳи фарзандонаш имрӯзҳо машғули меҳнати фидокоронаанд. Аллакай 5 гектари онро аз худ карда, дар як гектараш боғ бунёд намудаанд. Дар боқимондаи он ҳамасола кишти зироатҳои гуногун – пахта, гандум, картошка, пиёз, сабзӣ, помидор ва бодиринг ба роҳ монда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд.

Инчунин, дар фермаи хурди парандапарварии хоҷагӣ 300 сар парандаҳои гуногун – қоз, мурғобӣ, мурғҳои маҳаллӣ ва мурғҳои марҷон парвариш меёбанд.

Барҳақ, корномаи ин марди наҷибу меҳнатқарин пур аз аз заҳмату талошҳост, заҳмат барои шукуфоӣ ва пешрафти ватани азиз-Тоҷикистон. Хушбахтии худро дар меҳнатдӯстӣ мебинад ва ба қавли ӯ: «Офтоб заминро ва меҳнат одамро зебо мегардонад». Воқеан ҳам ӯ як умр бо меҳнати поку ҳалол ризқу рӯзӣ ба даст овард. Умре бо роҳи рост рафту аз меҳнати ҳалол ҳузури зиндагӣ дид. Ба моли давлат ҳаргиз хиёнат накард. Сарват ҳам ҷамъ нанамуд. Қаср низ насохт. Рӯзгори одию хоксорона дорад. Ҳоло ҳам дар ҳавлии падарӣ бо фарзандон осоишта умр ба сар мебарад.

 

Аъзам Бобоев,

узви Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Ҳокимияти давлатӣ
НОМБАРДОР

НОМБАРДОР

Арсаи кишоварзӣ

ҲАМАДОНӢ: «Агроглобал» дар 14 соли фаъолият

Арсаи кишоварзӣ
Абармарди Вахшонзамин

Абармарди Вахшонзамин

Чеҳранигорӣ
Умре дар хидмати мардум

Умре дар хидмати мардум

Арсаи кишоварзӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН