Дар як сатр
» » МАТОНАТУ ҶАСОРАТ АСОСИ КОМЁБИҲО БАР НОКОМӢ

МАТОНАТУ ҶАСОРАТ АСОСИ КОМЁБИҲО БАР НОКОМӢ

9-07-2020, 01:12

Дар воқеъ, инсон мавҷудест, ки ба ҳама нокомиҳои ҳаёт бо матонату ҷасорат ва далерию шуҷоат мубориза бурда, метавонад ба қуллаҳои муроду  мақсуди хеш расида, нокомиҳои ҳаётро ба комёбиҳои назаррас табдил диҳад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аз рӯзи ба қайд гирифтани бемории сироятии коронавирус дар мамлакат  баъзе  сокинони кишвар  рӯҳфтода гардида, ба зиндагӣ дилсардона рафтор карданд. Вале набояд дар ин рӯзгори пурпечутоб, пуртаззод  зуд  худро аз даст диҳем. Дар зиндагӣ инсон аз пастию баландӣ, гармию сардӣ ва ширинию талхии рӯзгор таҷриба карда, аз он ибрат  ва пандеро  бо худ мегирад, ки он инсонро тарбия месозад. 

Ба ҳар яки мо маълум аст, ки давлату Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷаҳду талоши хешро барои сиҳатии сокинони мамлакатамон ба кор бурда, шароити арзандаро муҳайё гардонидаанд. Баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар мамлакат тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, дар ин замина як қатор корҳои назарас ба анҷом расонида шудааст.

Ба ин хотир набояд фаромӯш кард, ки  барои пешгирӣ ва мубориза ба  бемории сироятии коронавирус натанҳо давлату Ҳукумат вазифадоранд, балки ҳар як сокини кишвар бояд бо тамоми хислатҳои наҷиби инсонӣ дар ин кор худро масъул ҳисобад, тарғибгари тарзи ҳаёти солим бошад, ҳама дар якҷоягӣ бар зидди ин вабо бо матонату ҷасорат ва далерию  шуҷоат мубориза  барем.

 Маҳз аз ин шароити ба вуҷудомада як зумра бадхоҳони давлату миллат, аз дур истода мехоҳанд бо тарғиби фарҳангу андешаи бегона ва ба низоъу тафриқа овардани миллати тоҷик пояҳои Истиқлолияти давлатиро заиф созанд. Аммо, онҳо як чизро фаромӯш кардаанд, ки ин миллати фарҳансолору асолатпеша як дарси бузург аз солҳои навадум барои худ гирифтааст ва  ҳеҷ гоҳ дубора ба ҳеҷ як нохалаф ва ватанфурӯш роҳ намедиҳад, ки оромию осудагӣ, сулҳу ваҳдат ва Истиқлолияти давлатиро халалдор созад. Бинобар ин, мо-аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро лозим аст, ки ҳушёр бошем, то дучори нақшаҳои  разилонаю  палидона ва ҳилагарии роҳбарону думравони ТТЭ ҲНИ нашавем. Дар ин рос-то Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «…Ҷавонони мо бояд зиракии  сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд».

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон, алалхусус Тоҷикистон ҷавононро як неруи созанда, ободкор ва пешбарандаи ҷома меҳисобанд. Аз ин рӯ, мо-ҷавонон пайваста кӯшиш  намоем, ки мубориза бурдан бар зидди тамоми зуҳуроти номатлуб аз ҷумла, терроризму экстремизмро  шиори ҳаррӯзаи худ гардонем.

Инро шароити мураккаб ва печидаи вазъи сиёсии ҷаҳон аз ҳар яки мо- ҷавонон талаб менамояд.

М. Муродова,

мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар

ноҳияи Балҷувон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ВАҲДАТ   - БАҚОИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТ - БАҚОИ МИЛЛАТ

Ҳуқуқу амният

ТАШАККУР БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БАРОИ КУМАКҲОИ ХАЙРХОҲОНА

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
САРҶАМЪӢ МОРО ДАСТБОЛО МЕГАРДОНАД

САРҶАМЪӢ МОРО ДАСТБОЛО МЕГАРДОНАД

Тандурустӣ ва экология

ҲАМБАСТАГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БОЯД

Номаҳои Шумо

ШИФО ВА ҲАМДИЛӢ

Тандурустӣ ва экология