Дар як сатр
» » ТАЪМИНИ ШАРОИТ БАРОИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

ТАЪМИНИ ШАРОИТ БАРОИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

9-07-2020, 01:08

Раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, роҳбарони раёсату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоят вазифадоранд, ки барои ташкили самараноки истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳу фароғатгоҳҳо истифодаи мақсадноки маблағҳои ба ин мақсад пешбинишударо таъмин намоянд.

Ин нукта дар қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 июни соли 2020, №184 "Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №258"Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2020” таъкид шудааст.

Тибқи талаботи қарор, ифтитоҳи ҳама намудҳои истироҳатгоҳҳо бояд танҳо дар асоси хулосаи мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор иҷозат дода шуда, дар истироҳатгоҳҳо хӯроки гарм тибқи талаботи қоида ва меъёрҳои санитарӣ таъмин карда шавад. Ҳамчунин, дастур дода шудааст, ки истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва наздимактабиро бо мутахассисон таъмин намуда, дастрас кардани роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони қобилиятнок ва кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзӣ, инчунин, ҷиҳати ҳамлу нақли бехатари онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашт тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Истироҳатгоҳҳо бо мутахассисони зарурии тиббӣ таъмин карда шуда, ҳудуди онҳо пурра безарар мегардад ва ҳолати санитарию эпидемиологии онро таҳти назорат қарор мегирад.

Ба Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон тавсия дода шудааст, ки якҷо бо ташкилотҳои ҳамузви худ дар маҳалҳо ва дар ҳамкорӣ бо корхона, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, дар истироҳатгоҳҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки ба андозаи 1,4 фоиз муқаррар карда шудаанд, истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони кормандонро ташкил намоянд. Дар ин замина фаъолияти кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаро ҳамоҳанг сохта, якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати маориф мониторинги ташкилу гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасонро дар истироҳатгоҳҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ таъмин намояд.

Дар қарори раиси вилояти Хатлон таъкид шудааст, ки чорабинии мазкур бояд бо риояи тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.

Ҳангомаи ИСМАТ,

"Хатлон”




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ
Иттифоқҳои касаба-ҳомии ҳуқуқҳои шаҳрвандон

Иттифоқҳои касаба-ҳомии ҳуқуқҳои шаҳрвандон

Ҳокимияти давлатӣ
ҶАВОНОНРО БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДА СОЗЕМ

ҶАВОНОНРО БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДА СОЗЕМ

Ҷавонон ва варзиш
182,5 ҳазор кӯдак ба лагер мераванд

182,5 ҳазор кӯдак ба лагер мераванд

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
102 ҳолати вайрон намудани кодекси меҳнат

102 ҳолати вайрон намудани кодекси меҳнат

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, КОМРОНИ БАХТИЁР