Дар як сатр
» » КӮЛОБ Ба деҳот об омад

КӮЛОБ Ба деҳот об омад

9-07-2020, 01:07

Дар доираи лоиҳаи "Ҷалби ҷомеа ва дастрасӣ ба идораи самарабахши шабакаҳои обтаъминкунӣ дар деҳаҳои Тоҷикистон” дар чанд деҳаи Ҷамоати деҳоти "Даҳана” иншооти оби нӯшокӣ сохта, сокинонро бо об таъмин намуданд. Дар ҳамаи иншооти бунёдгардида қоидаҳои техникиву санитарӣ риоя гардида, чоҳҳои амудӣ вобаста ба талабот ва тавсияи мутахассисон канда шудаанд.

Ин навбат дар деҳаи Лавова як чоҳи амудӣ бо чуқурии 80 метр канда, иншооти обтаъминкунӣ бунёд намуданд ва сокинони деҳаро бо оби ошомиданӣ таъмин карданд. Бозорхон Расулов, директори КВД "Даҳана-хизматрасон” дар суҳбат чунин иброз дошт: "Дар чор деҳаи ҷамоат чунин иншоот сохта ба истифода супорида шудааст, ки сокинон истифода мебаранд. Иншооти мазкур низ дар доираи ҳамин лоиҳа сохта шудааст”.

Дар расми ифтитоҳи иншооти оби нӯшокӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндагони Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва сокинон иштирок намуданд. Қайд карда шуд, ки иншоот аз чоҳи амудӣ, обанбор бо ғунҷоиши 25 метри кӯбӣ, шабакаи тақсимотӣ, ҷевони обченкунакҳо ва 315 обченкунак иборат аст. Илова гардид, ки иншоот ба тамоми талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯ буда, қоидаҳои бехатарӣ ва беҳдошти он риоя карда шудааст. Бартарии иншооти мазкур дар он аст, ки дар хатҳои оби нӯшокии ҳамаи муштариён ҳисобкунак насб гардидааст, ки аз рӯи он маблағи истифодаи об сари вақт супорида мешавад ва истифодаи самараноки онро ба роҳ мемонанд.

Бо амалӣ шудани лоиҳа дар шаҳру деҳоти Кӯлоб беш аз 10 ҳазор аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гардидаанд. Роҳандозии чунин лоиҳаҳо дар оянда норасоии оби нӯшокиро дар дигар деҳаҳо низ бартараф хоҳад кард.

 

Ш. Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иншооти нав дар Кӯлоб

Ҳаёти иҷтимоӣ
Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Ҳаёти иҷтимоӣ

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо
Кӯлоб. Дастрасии 3300 нафар ба оби нӯшиданӣ осон шуд

Кӯлоб. Дастрасии 3300 нафар ба оби нӯшиданӣ осон шуд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид

Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА