Дар як сатр
» » ХУРОСОН ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ДЕҲАИ НАВ

ХУРОСОН ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ДЕҲАИ НАВ

9-07-2020, 00:56

Дар деҳаи навбунёд барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон корҳои сохтусози 68 манзили истиқоматӣ аз субҳи содиқ то шомгоҳон идома меёбад. Бинокорон аз таваҷҷуҳи Сарвари мамлакат ҷиҳати бо  сифати баланд мавриди баҳрабардории ниёзмандон қарор додани манзилҳои истиқоматӣ неруи тоза гирифта, кӯшиш доранд то сохтусози деҳаи навро дар муҳлати муайянгардида ба сомон расонанд.

ХУРОСОН ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ДЕҲАИ НАВ

Тибқи иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон то санаи 6-уми июли соли ҷорӣ бунёди девор дар 65 хона ба анҷом расидааст. Бардоштани бому болопӯшии 60 манзили навбунёд оғоз гардида, аз ин миқдор сохтусози боми 15 хона ба анҷом расонида шуд. Ҳамчунин, дар ҳамин шабу рӯз корҳои андовакунӣ дар 7 манзили нав ба анҷом расида, бинокорон корҳои фаршу шифти 14 манзилро идома дода истодаанд. Тибқи нақша то имрӯз 24 хона пурра бо дару тиреза таъмин карда шудаанд.

Тавре, ки Ҳумайнӣ Сайфиддинов, як нафар аз сокинони хаймаҳо, дар суҳбат иброз дошт, аз баракати дасти ҳунару неруи созандаи бинокорон рӯз аз рӯзу соат ба соат деҳаи нав симои худро дигар мекунад.

- Субҳ офтобро аз миёни равҳои боми хонаи рӯ ба рӯи хаймаамон истиқбол намуда будем. То нисфирӯзӣ бинокорон ними боми хонаро пӯшонида, то бегоҳ боми манзиламон пӯшида мегардад, - қисса дошт Ҳумайнӣ.

Ҳамсуҳбати мо, ки чанде пеш аз хизмати Модар-Ватан баргаштааст, ҳодисаи гузаштаи табиӣ ва меҳнати шаборӯзӣ баҳри бунёди манзилҳои нав-ро имтиҳони навбатии ҳаёт меҳисобад.

Неруи бузурги созандаи мо-сокинон ва бинокорону гурӯҳҳои ихтиёриён, аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ғамхорию дастгириҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Рафти корҳои сохтмонӣ дар ин деҳаи навбунёд намунае аз иқдомҳои бунёдкоронаи мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат амалӣ мегардад, - мегӯяд Ҳумайнӣ.

ХУРОСОН ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ДЕҲАИ НАВ

Лутфия Орипова ҳамроҳи ду фарзандаш низ интизори ба итмом расидани манзили хешанд.

- Ҳамсарам ба муҳоҷирати корӣ рафту бинобар хуруҷи бемории коронавирус дар Россия дармонда, ба мо маблағ фирис-тода наметавонад. Шукронаи ватани соҳибистиқлолу  Сарвари дилсӯзи миллат, ки дар ин шабу рӯз моро сарпарастӣ намуда истодаанд. Дар баробари таъмини масолеҳи сохтмонӣ, кирояи бинокорон ва ҷалби ихтиёриён дар бунёди манзили нав моро бо ғизои гарму дигар маводи ниёзи аввалия низ таъмин карда истодаанд. Мо-модарон, ҷавобан ба ғамхориҳои давлат вазифадорем, ки фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстию арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддас тарбия намоем,- мегӯяд Лутфия Орипова.

Мусоҳиби дигари мо Раҷабалӣ Ғуломов иброз медорад, ки дар ҳодисаи табиии моҳи майи соли равон ҳисороти беҳад зиёд дидааст. Аммо мусибати ба сари худу  ҳамдеҳагонашро амри тақдир дониста, ҳамакнун пайи сохтусози хонаву ободонии деҳаи навбунёд мебошанд. -Воқеияти имрӯзаи зиндагӣ сабақи ибратомӯзе барои ҳар фарди худогоҳ аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо қадру қиммати инсон аз ҳама арзишҳои дигар боло истода, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастгирии мардумро дар ҳолатҳои зарурӣ дар мадди аввал мегузорад,- иброз медоранд сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон.

 

Ҷ. САЙФИДДИН



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қ. Ҳакимзода: “КОРЗОРИ ЧОРБОҒ ДАЛЕЛИ РАВШАНИ ВАҲДАТГАРОИИ МАРДУМИ ХАТЛОН АС ...

Қ. Ҳакимзода: “КОРЗОРИ ЧОРБОҒ ДАЛЕЛИ РАВШАНИ ВАҲДАТГАРОИИ МАРДУМИ ХАТЛОН АС ...

Ҳокимияти давлатӣ

ИШТИРОКИ ҲАЗОР НАФАР ДАР СОХТУСОЗИ МАНЗИЛҲОИ НАВ

Ҳаёти иҷтимоӣ
БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА ВА ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ МАҲАЛҲОИ  ОСЕБДИДА А ...

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА ВА ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ МАҲАЛҲОИ ОСЕБДИДА А ...

Ҳаёти иҷтимоӣ
258 МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ХАРОБ ГАРДИД

258 МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ХАРОБ ГАРДИД

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ

Зарари боришоти зиёд ва сел ба Фархор

Хабарҳо