Дар як сатр
» » САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ЁВОН

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ЁВОН

9-07-2020, 00:46

Сафари кории Қурбон Ҳакимзода бо боздид аз қитъаи замини наздиҳавлигии Ёров Абдусамад, сокини деҳаи Фирдавсии Ҷамоати деҳоти «Ситораи Сурх» оғоз ёфт.

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ЁВОН

Ёров Абдусамад аз рӯйи ихтисосаш омӯзгор бошад ҳам, дар ҷодаи деҳқонӣ таҷрибаи бой дошта, истифодаи оқилонаи заминро омили зиндагии шоиста медонад.

Масоҳати замини назди-ҳавлигиаш 15 садякро ташкил дода, дар гармхонаҳо ва қитъаи боқимондаи замин лимӯ, сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидору бодиринг, картошка ва кабудиҳо парвариш карда, ҳар сол то се-чор ҳосил мерӯёнанд.

Ҳамасола аз чор гармхона ва қитъаи боқимондаи заминашон то 30 ҳазор сомонӣ даромад мегиранд.

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ЁВОН

Чанд сол қабл фарзандони Ёров Абдусамад барои таъминоти рӯзгори худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, ҳоло бошад, дар ҳамин қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои онҳо шуғли доимӣ муҳайё мебошад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба рамзи эҳтирому қадрдонӣ аз ин оила, ки ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигиро самаранок истифода мебарад, телевизор тақдим намуд.

 

Сипас раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар фермаи чорвои калони гӯштии ҶДММ «Мармарӣ» дар Ҷамоати деҳоти «Обшорон»-и ноҳияи Ёвон шинос шуд.

Фермаи мазкур барои нигоҳдории 3000 сар чорво пешбинӣ гардида, бо маблағи 8,5 млн. доллари ИМА аз ҷониби ҶДММ "Мармарӣ” бунёд гардида истодааст.

Бо бунёд ёфтани иншооти мазкур зиёда аз 100 ҷойи корӣ, аз ҷумла 20 ҷой дар фермаи зикргардида муҳайё мегардад.

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ЁВОН

Масоҳати умумии сохтмони ферма 16 гектарро ташкил дода, соли 2020 дар навбати аввали бунёди он барои нигоҳдории 1000 сар чорво пешбинӣ шудааст.

 

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар қасри фарҳангии ба номи Тағоймурод Хушвақтов композитсияи ҳунармандони театри халқиро таҳти унвони «Хоктӯдаҳо» бахшида ба 5500-солагии Саразм тамошо карда, бо ҳунармандон мулоқот оростанд.

Раиси вилоят пешниҳоди ҳунармандонро перомуни ба театри касбӣ табдил додани театри халқӣ дастгирӣ намуда, барои мусоидати ҳамаҷиҳата ба масъулон дастур дод.

Алҳол театр дар бинои Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтов фаъолият дошта, дорои ҳуҷраҳои алоҳида ва шароити мусоиди корӣ мебошад. Дар ин театри халқӣ 15 ҳунарманди ҳирфаии театр фаъолият мекунанд.

Қобили зикр аст, ки театри халқии ноҳияи Ёвон аз соли 1938 инҷониб фаъолият дорад ва дар ин муддат намоишномаҳои зиёдеро рӯйи саҳна оварда, дар чандин фестивал-озмунҳои телевизионӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ваъда доданд, ки дар нахустин намоиши саҳнавии театри касбии Ёвон иштирок хоҳанд кард.

 

Зимни сафари худ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз рафти кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар деҳоти ба номи Г. Юсуфова дидан намуда, ба меҳнати содиқонаи деҳқонон баҳои баланд дод.

Сарвари хоҷагии деҳқонии «Саховат» Қиёмиддин Абдукаримов иттилоъ дод, ки шумораи саҳмдорони хоҷагӣ ба 20 нафар мерасад. Майдони умумии замини хоҷагӣ 18,3 га (корами обӣ) буда, дар 6 гектари он пахта, дар 3 гектар гандум, 1,4 гектар боғ, 7 гектар беда, 0,5 гектар маккаи дон, 0,5 гектар пиёзу дигар анвои сабзавот парвариш карда мешавад.

Саҳмдорони хоҷагӣ тавассути истифодаи оқилонаи заминҳои дар ихтиёрдоштаашон ҳосили хуб ба даст оварда, хароҷоти рӯзгори худ-ро таъмин менамоянд ва як қисмати онро ба фурӯш мебароранд.

Қурбон Ҳакимзода дар ин мавзеъ, ҳамчунин, аз намоиши маҳсулоти кишоварзии оростаи деҳқонони хоҷагӣ дидан карданд.

 

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ЁВОН

Дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо рафти корҳои васлгарию муҷаҳҳазгардонӣ дар коргоҳи коркарди меваю сабзавоти "Мирзоӣ” (роҳбараш Муродов Нурмуҳаммад) шинос шуд.

Коргоҳи мазкур бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, дар як рӯз то 1,2 тонна шарбати баландсифати мева ва консерваҳои сабзавотӣ истеҳсол менамояд.

Дар назди коргоҳ сардхона барои нигоҳдории 600 тонна сабзавоту мева сохта шуда, шурӯъ аз фасли тирамоҳи соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

 

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ин сафар, ҳамчунин аз ҷараёни сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна бо ҷойгир намудани толори варзишӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва ҳавзи шиноварӣ дар таҳхона таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 18 миллион сомонӣ ҳисоб шуда, он аз 10 ошёна ва 100 манзили истиқоматӣ (42 манзили якҳуҷрагӣ ва 58 манзили дуҳуҷрагӣ) иборат хоҳад буд.

Дар рафти сохтмони бинои истиқоматии мазкур барои зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб муҳайё гардидааст.

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ЁВОН

Тибқи нақша, бинои истиқоматӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, зиёда аз 25 ҷойи корӣ муҳайё хоҳад гашт.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин, аз боғчаи бачагонаи хусусӣ, воқеъ дар кӯчаи ба номи А. Ғуломови шаҳраки Ёвон, боздид намуд, ки айни замон сохтмонаш идома дорад.

Зикр гардид, ки дар калонтарин маҳаллаи шаҳраки Ёвон - маҳаллаи Ҷомӣ ду муассисаи томактабӣ мавҷуд бошад ҳам, ин талаботи зиёда аз 14000 сокини инҷоро қонеъ гардонида наметавонад. Аз ҳамин ҷиҳат соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадулло дар доираи иншооти ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон банақшагирифташуда тасмим гирифтааст, ки барои кӯдакони маҳаллаи болозикр як боғчаи нави бачагона сохта ба истифода диҳад.

Боғчаи мазкур аз се бино иборат буда, бо маблағи 21 миллион сомонӣ барои 315 кӯдак бунёд карда мешавад. Бо бунёд ёфтани боғча 35 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.

Соҳибкор ваъда дод, ки иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

 

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтусоз ва санҷишӣ дар коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳои коргарӣ, либосҳои таҳпӯши трикотажии кӯдакона ва дӯзандагии ҶДММ «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон дидан намуданд.

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ЁВОН

Тавре ки ба раиси вилоят иттилоъ доданд, коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳои коргарӣ дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида истодааст. Интизор меравад, ки он то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шавад. Дар сурати бакорандозии ин коргоҳ беш аз 220 ҷойи кории нав муҳайё мегардад.

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ЁВОН

Дар коргоҳи мазкур 114 дастгоҳи истеҳсоли дастпӯшак ҷойгир кунонида шуда, ҳар як дастгоҳ дар як шабонарӯз иқтидори истеҳсоли 240 дастпӯшакҳои гуногунандоза (15 андоза)-ро доро мебошад. Дастпӯшакҳои коргарии дар ин коргоҳ истеҳсолшаванда аз пахтаи дар дохили кишвар коркард ва рангуборшуда истеҳсол мегардад. Дар ин коргоҳ 40 нафар (аксарашон аз ҳисоби занҳо) бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гашт.

Коргоҳи кешбофӣ - истеҳсоли либосҳои тагпӯши трикотажии кӯдакона бо 115 дастгоҳи истеҳсолӣ, аз ҷумла 90 дастгоҳи бофандагӣ, 15 дастгоҳи ёрирасон ва 10 дастгоҳи дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз имкон аст, то 900 либоси тагпӯш (колготки) истеҳсол карда шавад. Дар коргоҳ 126 нафар (аксарияташон аз ҳисоби занҳо) соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.

Коргоҳи дӯзандагии фабрика бо 58 дастгоҳ, аз ҷумла 50 мошинаи дарздӯзӣ, 4 дастгоҳи порагарӣ ва 4 адад таҷҳизоти дарзмолкунӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, имрӯзҳо ба дӯхти либоси мактабӣ машғул аст. Дар ин коргоҳ 58 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, дар коргоҳи мазкур дар моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ барои кормандони корхона зиёда аз 5500 ниқоби тиббӣ истеҳсол гардидааст, ки имрӯзҳо мавриди истифодаи кормандони корхона қарор дорад.

Ҳамаи кормандони корхонаи мазкур бо либоси махсуси корӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт.

Баъд аз пурра ворид гардидани таҷҳизоти иловагӣ ва ба кор андохтани онҳо дар корхона маҷмӯан ҷойҳои корӣ ба зиёда аз 400 адад мерасад.

 

Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ёвон сокини деҳаи Боғдараи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов маъюби гурӯҳи якум Хӯҷамурод Хӯҷаевро аёдат кард.

- Давлат ҳеҷ гоҳ афроди имконияти ҷисмониашон маҳдуд, ятимону бепарасторонро танҳо намегузорад, - қайд намуд Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат. – Пас аз пурра ба анҷом расидани сохтмони манзили зист, дар фикри барпо намудани тӯйи хонадориатон хоҳем шуд.

Раиси вилоят пас аз мулоқоти самимӣ бо Хӯҷамурод ба ӯ 5 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ва барои хонаводааш маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон, картошка, пиёз, қанд ва ғайра тақдим намуд.

Ба масъулони ниҳодҳои дахлдор дастур дода шуд, ки сохтмони манзили зисти Хӯҷамурод Хӯҷаевро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.

 

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси

вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ «КО ТА-ГЛОБАЛ»-И ШАҲРИ БОХТАР

БОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ «КО ТА-ГЛОБАЛ»-И ШАҲРИ БОХТАР

Ҳокимияти давлатӣ
САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Ҳокимияти давлатӣ
БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Ҳокимияти давлатӣ
САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ЁВОН

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ЁВОН

Ҳокимияти давлатӣ