Дар як сатр
» » ОРЗУИ ХАЙРИННИСО-ХОЛА СУЛҲУ ВАҲДАТ АСТ

ОРЗУИ ХАЙРИННИСО-ХОЛА СУЛҲУ ВАҲДАТ АСТ

25-06-2020, 19:55

Рӯзи Ваҳдати миллиро сокини Ҷамоати деҳоти "Гулистон”-и шаҳри Левакант Хайриннисо Эшова низ бо шукргузорӣ аз осмони софу беғубори ватан, сиёсати башардӯстонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузору интизор аст. 

Ин модари қавиирода соли 1992 фарзанди ҷигарбанди ҷавонашро аз даст дода буд. Бегиҷони 18-сола ҳамроҳи амаки табибаш нахустин қурбонии ҷанги таҳмилӣ гардида буд ва модари шӯридадил моҳҳо дами тиру борони аҷал амсоли модаршер фарзандашро ҷустуҷӯ кард. Ҷасади фарзанди ҷавонмарги бегуноҳашро пас аз гузашти моҳҳо пайдо намуд. Ба саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ лаънат хонда, аз Яздони пок таманнои сулҳу оромии Тоҷикистонро намуд. Ниҳоят орзуи холаи Хайриннисо ва ҳазорон модарон ҷомаи амал пӯшид. Тавассути талошҳои меъмори ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид. Зиндагӣ ранги дигар гирифт. Модарон ба орзуяшон расиданд. Холаи Хайриннисо ҳар сол Рӯзи Ваҳдати миллиро бо наберагону фарзандон ҷашн мегирад.

Пайваста шукри тинҷиву амонӣ менамояд, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос менамояд ва орзу дорад, ки дигарбора ягон модар ғаму доғи фарзандро набинад.

ВАХШОНА




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

СУЛҲ АЗ КИШВАРИ МО ҶИЛВАГАР АСТ

Ҷавонон ва варзиш
ФАРҲАНГИ  СУЛҲ   ВА  ВАҲДАТИ  МИЛЛӢ

ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Номаҳои Шумо
Пешвои сулҳофар

Пешвои сулҳофар

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА