Дар як сатр
» » СУЛҲ АЗ КИШВАРИ МО ҶИЛВАГАР АСТ

СУЛҲ АЗ КИШВАРИ МО ҶИЛВАГАР АСТ

25-06-2020, 19:54

Баробари барқарор гардидани сулҳу субот дар ҷомеа мо имкон пайдо кардем, ки тарҳрезиву татбиқи нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоиро бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва саноаткунонии босуръати кишвар, оғоз кардани чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангиро дар фазои озоду демократӣ баргузор намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

 

 

27-уми июн аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 23 сол пур мешавад. Ҳарчанд 23 сол дар назди таърих на он қадар муддати зиёд бошад ҳам, аммо кишвари мо дар ин муддат ба қуллаҳои баланди муваффақият расид. Дар тамоми ҷабҳаҳо пешравиҳо ба назар мерасанд. Ҳадафҳои стратегии Ҳукумат пайи ҳам амалӣ мегарданд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро маҳз Сарвари оқилу донои мо- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ намуда, шуҷоавту матонат, ватандӯстиву раъиятпарварии худро нишон дод. Ба қавли додааш, ки ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ гуфта буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам» вафо намуд. Дар кӯтоҳтарин муддат, моҳи майи соли 1993 аввалин қатораҳои гурезаҳои тоҷикро аз хоки Ҷумҳурии исломии Афғонистон вориди ватан карданд ва пайи ҳам тамоми муҳоҷирин ба ватан баргаштанд. Ҳамин тавр, Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ 8 маротиба бо мухолифонвохӯрӣ гузаронида, билохира, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Масква созишнома ба имзо расид.

Имрӯз ҳамаи ободӣ, созандагӣ маҳз аз заҳматҳои Пешвои миллат сарчашма мегирад, ки ба номи ин гуна бузургон мисраҳои сурудаи Мирзо Турсунзода барҳақ мувофиқанд:

Месароям сулҳро дар сози сулҳ,

То шавад дунё пур аз овози сулҳ.

Сулҳ чун хуршеди тобон

ҳар саҳар,

Мешавад аз кишвари

ман ҷилвагар.

Муҳаммадҷон Каримов, курсанти коллеҷи милитсия,

Эмомалӣ Шарифзода,
узви ташкилоти «Авангард»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ОРЗУИ ХАЙРИННИСО-ХОЛА СУЛҲУ ВАҲДАТ АСТ

Мусоҳибаи мо
НАҚШИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

НАҚШИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Ҳуқуқу амният, Фарҳанг ва адабиёт
ТАҶРИБАИ  СУЛҲИ ТОҶИКОН

ТАҶРИБАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ
Санади тақдирсоз

Санади тақдирсоз

Номаҳои Шумо
Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Номаҳои Шумо