Дар як сатр
» » «ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!»

«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!»

25-06-2020, 19:52

Имрӯз ин сухан шиори кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар гардидааст. Он бори аввал дар Неругоҳи барқи обии "Роғун” вақти ба истифода додани яке аз агрегатҳояш аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд.

Аз ҷониби Сардори давлат садо додани ин вожаи таърихӣ мазмуну мундариҷаи баланд дорад. Аввало, Неругоҳи барқи обии "Роғун” яке аз бузургтарин иншооти азим дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, он дар ҳолати боэътидоли пурра фаъолият кардан на танҳо Тоҷикистон, балки як қисми неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя низ интиқол медиҳад.

"Роғун” ифтихори Тоҷикистон аст. Ҳар шабонарӯз дар ин неругоҳи азим ҳазорҳо техника, механизмҳо, мутахассисон, коргарон бо амри дилу виҷдон меҳнат мекунанд. Ҳар кадоме медонад, ки бунёди ин неругоҳ Тоҷикистонро бо барқ пурра таъмин намуда, қисмати дигари барқи истеҳсолшаванда ба давлатҳои ҳамсоя фурӯхта шуда, иқтисодиёти мамлакат ғанӣ мегардад.

Баъдтар, шиори "Тоҷикистон, ба пеш!” дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат паҳн гардида, дар ҷаласаҳо, ҷамъомадҳо бисёр одамони номдор, коргарони пешқадам, ихтироъкорону навоварон онро ҳамчун кушоиши кор ба забон мегиранд. Шиор боиси ҷаҳиши кор дар бисёр ҷабҳаҳо гардид.

Мардони ҳақиқӣ дар ҳама давру замон ташаббусҳои ватандӯстона зоҳир намуда, мамлакатро тараққӣ медоданд. Кор, одатан, дар иншоотҳои нодиру бузург ҳеҷ гоҳ осон намешавад. Дар Неругоҳи барқи обии "Роғун” одамони соҳибихтисоси зиёде аз Тоҷикистон, Эрон, Россия ва дигар давлатҳо аҳлона ва эҷодкорона меҳнат мекунанд. Ҳар сафари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷо ба офарандагони нур рӯҳу илҳом мебахшад. Коргарон, мутахассисон, муҳандисон, масъулони участкаҳо қавл додаанд, ки супоришҳоро моҳ ба моҳ ва бо сарбаландӣ адо менамоянд.

Экскваторчӣ Раҷабалӣ Сайдалиев ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки бобяш Бароталӣ Сайдалиев дар бунёди силсиланеругоҳҳои "Шаршара”, "Сарбанд” ба сифати сардори бригадаи бетончиён кор карда, саҳми сазовор гузоштааст. Имрӯз ҳамкорон ва дӯстонаш он лаҳзаҳоро ба хотир оварда, дар ҳаққаш суханони самимӣ мегӯянд. Ман ҳам мехоҳам номбардори бобои неругоҳсозам Бароталӣ Сайдалиев бошам.

Дигар корманди Неругоҳи барқи обии "Роғун” Раҳмоналӣ Гадоев иброз дошт, ки аз коргари одӣ сар карда, то муҳандисону роҳбарони сохтмон пайваста талош меварзанд қавли дар назди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон додаашонро бо сарбаландӣ иҷро намоянд. Сарвари мо барои ҳар кадоми мо азизу муътабар аст. Ба қавли шоир:

Султони ҳақиқӣ бувад он кас, ки тавонист,

Худро ба бари ҷомеа маҳбуб намояд.

Имрӯзҳо, дар ҳақиқат, Неругоҳи барқи обии "Роғун” ба корзори ҳақиқии меҳнат табдил ёфтааст. Он ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Тамоми мардуми кишвар тавассути расонаҳои хабарӣ, телевизион, радио, рӯзномаву маҷаллаҳо аз дигаргуниҳои дар ин неругоҳи азим огоҳ шуда, ба кормандони шуҷоатманди он аҳсант мехонанд. Бе муболиға сухани пурҳикмати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикистон, ба пеш!” ба кормандони ин неругоҳи аср ғайрату илҳоми нав бахшида, онҳоро бо корнамоиҳои шоиста беш аз пеш даъвату сафарбар мекунад.

Б. Сайдалиев



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”

Хабарҳо, Сиёсат

"Роғун" дар 6 моҳ 210,5 млн киловат-соат барқ истеҳсол кардааст

Хабарҳо, Сиёсат
НБО-и «РОҒУН»-кохи нур

НБО-и «РОҒУН»-кохи нур

Ҳаёти иҷтимоӣ
Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Дар талоши нур

Дар талоши нур

Ҳаёти иҷтимоӣ