Дар як сатр
» » АЗ ВАТАНИ ХУД ИФТИХОР ДОРЕМ

АЗ ВАТАНИ ХУД ИФТИХОР ДОРЕМ

25-06-2020, 19:51

Ваҳдат – беҳтарин неъмат, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди истеҳсолот, нумӯи даврон, дар ҳар давру замон аст. Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

 

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ падидор аст.

Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд. Вале аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Шукргузори онем, ки миллати тоҷик имрӯз соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст.

Ба ақидаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем.

Натиҷаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти давлатӣ зарбаи сахт расонида буд. Барои бартараф кардани онҳо роҳбарияти давлат кӯшишу ғайрат намуда, иқтисодиёт роҳи бозоргониро пеш гирифт. Қариб ҳамаи заводу корхонаҳои нав бунёд шуда истодаанд.

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид.

Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Шукр аз ваҳдати миллӣ менамоем, шукр аз ваҳдате менамоем, ки он барои миллати тоҷик арзиши гарон дошт, шукр аз ваҳдате менамоем, ки бар ивази ҷони садҳо ҷавонони ҷавонмарги баору баномуси халқи тоҷик ба даст омадааст, шукр аз ваҳдате менамоем, ки он бебозгашт асту ба халқи тоҷик хушбахтиҳо овардааст, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он имрӯз мароми тамоми халқи тоҷик гардидааст. Ҳаёт бо маром пеш меравад, бо пастиву баландиҳояш, талхиву шириниҳояш, бо тамоми ҳастияш пеш меравад, ба сӯи умеду орзуҳо, ба сӯи фатҳи қуллаҳои нав ба нави зиндагӣ. Нафаси озоди ватан ва ободии он калиди дари иқболи мост. Аз ватани худифтихор менамоем. Ифтихор аз он дорем, ки ватани моро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо
таклифоту пешниҳодоти сулҳ-овараш мешиносад. Ифтихор аз он дорем, ки ватани мо Тоҷикистон ном дорад, Тоҷикистоне, ки мардуми он тоҷ ба сар буда, таърихи бузург дорад, ки мисли онро таърих ёд надорад.

Б. Қурбониён,

судяи Суди иқтисодии 
вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФАРҲАНГИ  СУЛҲ   ВА  ВАҲДАТИ  МИЛЛӢ

ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Ҳаёти иҷтимоӣ
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ифтихори миллати тоҷик

Ифтихори миллати тоҷик

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо