Дар як сатр

Х У Ш Қ А Д А М

25-06-2020, 19:50

Ҳама медонем, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кадом шароит ба сари қудрат омаданд. Аз даҳшату ваҳм касе ҷуръат надошт, ки чунин масъулияти баланду вазнинро ба дӯш бигирад. Фурӯ нишондани оташи ҷанги дохилӣ, ба ифоқа овардани тарафҳои муқобил, таъмини сулҳу салоҳ ва оромии кишвар, баргардонидани гурезаҳо ба ватани аҷдодӣ ва обод намудани харобаҳои ҷангу даҳҳо дигар мушкилиҳоро танҳо иродаи устувору хирадмандонаи фарди ҷасуру тавоно метавонист ҳал намояд.

Ба бахти миллати тоҷик ҷавони боақли Худодод, мушфиқу дилсӯзи халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин бори гаронро ба дӯш бардошт ва сомон дод. Ҳамин буд, ки оммаи мардум ба ин фарзанди диловару дилсӯзаш нишони эҳтироми оливу ифтихори бепоён: Унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро бо ҷону дил пазируфтанд.

Ба ёд меояд он рӯзҳои ваҳшатбор, ки бародар бо бародар дар муқобили ҳам буданд, хуни ҳамдигар мерехтанд. Ҳатто вазъгӯиҳои воизон натавонист ҳолату эҳтимолияти аз байн рафтани давлату миллатро аз байн барад. Танҳо талошҳою аз худ гузаштанҳо ва роҳу нишондоди Пешвои муаззами миллат, Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти сангину ҳалокатборро ба эътидол овард. Агарчӣ дар сари ҳалли ин қазия захмин ҳам шуданд, аммо иродаи устувору шикастнопазири ӯро тағйир надод.

Ҷаҳониён ба дастоварди беназири тоҷикон-барқароршавии сулҳу оромии он ангушти ҳайрат газиданд. Холисона эътироф карданд, ки Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон яке аз нафарони бузургу но-такрори арсаи сиёсат аст.

Пас аз пойдории амният дар саросари кишвар меҳнату субот баҳри ободии ватани азизамон-Тоҷикистон шурӯъ гардид. Бо дастуру ҳидоятҳои Сардори давлат вазъи осудаи зиндагӣ барқарор мешуд. Давраи аввали созандагию ободкорӣ оғоз шуд. Иншоотҳои азими аср- силсилаи неругоҳҳои обии барқӣ, роҳҳои оҳан ва автомобилгард, нақбҳову пулҳои ҷавобгӯи ҳама стандартҳои ҷаҳонӣ ва садҳо муассисаҳои таълимиву табобатӣ, марказҳои хизматрасонву маишӣ бунёд гардиданд.

Ба ҳар ҷое, ки қадами мубораки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мерасад, файзбору бобаракат мешавад. Имрӯз Тоҷикистонро яке аз кишварҳои соҳибистиқлоли боамни ҷаҳон медонанд, ки мардумаш дар фазои сулҳу оромӣ кору пайкор мекунад.

Ватани азизи мо-Тоҷикистон дар оянда бо заҳмату талошҳои пайгиронаи мардуми меҳнатии Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нигини кишварҳои ҷаҳон мубаддал мегардад. Бо дуои малик-уш-шуаро, устод Рӯдакӣ хитобан мегӯем: Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!

Ҳасан Сафарзода,

ноҳияи Восеъ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФАРҲАНГИ  СУЛҲ   ВА  ВАҲДАТИ  МИЛЛӢ

ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
ЭЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ЭЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Фарҳанг ва адабиёт, Маориф ва илм
СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МЕВАИ ШИРИН ДОРАД

СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МЕВАИ ШИРИН ДОРАД

Ҳаёти иҷтимоӣ
Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Номаҳои Шумо
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо