Дар як сатр
» » ВАҲДАТ - БАҚОИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТ - БАҚОИ МИЛЛАТ

25-06-2020, 19:48

Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдат-бақои миллат» дар  боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Раҳмон Мӯрчаев  бо иштироки  як қатор роҳбарону фаъолони шаҳр  ҳамоиш баргузор  гардид.

Дар ибтидо раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуда,  имрӯзҳо дар чеҳраи ҳар яки мо  шодиву нишот танинандоз аст. Ва халқи тоҷик  аз пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвари биҳиштосоямон  ифтихорманданд.

Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Солеҳзода Искандар дар баромади  худ мардуми шарифи вилояти Хатлон ва сокинони шаҳри Бохтарро бо фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, иброз дошт, ки ҳамаи пешравию ободиҳо, тинҷию оромӣ, шаҳру деҳотҳои ободу зебо, роҳҳои мумфаршу васеъ, хонаҳои баландошёнаву замонавӣ, мактабу донишгоҳҳои наву барҳаво, сохтмонҳои азими кишвар аз файзу самараи Ваҳдати миллист, ки бо азму талош, сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат ба даст омадааст.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Бояд қайд намуд, ки дар баробари дигар ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷик-истон, махсусан милитсияи вилояти Хатлон дар таҳкими истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондӯстию ватандустӣ мебошад.

Мақомоти корҳои дохилӣ новобаста аз шароити душвори молиявию иқтисодӣ, нарасидани маош, хӯрока, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ, таъмини ночизи моддию техникӣ, ҳолати вазнину хатарнок вазифаҳои хизматии
худро сарбаландона иҷро намуда, баҳри расидан ба Ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолият ва суботи комили ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон дода, дар ин роҳ ҷони 288 нафар кормандонро аз даст додааст, ки номи онҳо абадан ба некӣ ёд мешаванд.

Милитсияи тоҷик имрӯзҳо пайваста кӯшиш менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи ҷомеа фаъолиятро боз ҳам пурзӯр намояд, неъмати бебаҳо ва муқаддас – вахдати миллии бадастомадаро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ  намоянд.      

Дар рафти чорабинӣ, ҳам-чунин, нисбати бемории сироятии COVID-19, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст, таъкид ба амал омад. Аз ҷумла, имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории коронавирус дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маром идома дорад, ки мақсади ягона танҳо ҳифзи саломатии шаҳрвандон ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки "Мо - миллати тоҷик, халқи тоҷик дар солҳои 90-ум бадбахттарин, сангинтарин рӯзҳоро паси сар кардем, иншоолоҳ ин мушкилии
пешомадаро паси сар мекунем”.

Ҳамчунин зикр гардид, ки  шаҳрвандон бояд ба талаботу меъёрҳои  пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, гигиенаи шахсӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳамбастагиву ҳамдилӣ, ваҳдату ягонагӣ дар ҳама ҳолат метавонад мушкилотро барҳам зада, фазои орому осоиштаро барои мо муҳайё созад. Имрӯзҳо ҳамаи моро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷоннок намоем, зеро солимии ҷомеа ояндаи дурахшони миллат аст.

Аз номи роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон як қатор фаъолони шаҳр ва раисони маҳаллаҳо барои ҳамкориҳои судманд бо  кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, дар таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун,  пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят, ҳифзи солимӣ ва манфиатҳои шаҳрвандон  бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Офоқ Қодириён



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФАРҲАНГИ  СУЛҲ   ВА  ВАҲДАТИ  МИЛЛӢ

ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ

ЭҲЁГАРИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НИШОНИ ПОЙДОРӢ ВА УСТУВОРИИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НИШОНИ ПОЙДОРӢ ВА УСТУВОРИИ МИЛЛАТ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ифтитоҳи бинои маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Ифтитоҳи бинои маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР