Дар як сатр
» » НЕРУИ МУТТАҲИДКУНАНДА

НЕРУИ МУТТАҲИДКУНАНДА

25-06-2020, 19:44

Б.Ҷӯрахонов,

соҳибкор аз ноҳияи Ёвон:

Созишномаи умумии сулҳ, ки баъди чандин давру марҳилаҳои гуфтушунид байни Ҳукумати қонунӣ ва мухолифин,  ахиран 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, нуқтаи ниҳоии ҳадафи пешгузоштаи роҳбарияти олимақоми Ҳукумати  Тоҷикистон гардид. Дар ҳаёти кишвар ботадриҷ орому осудагӣ, авҷи пешравиҳо, рушди соҳаҳои гуногун падид омаданд. Аввалин қадамҳои  боумеди  соҳибкорӣ низ ба мақсади ободонии диёр гузошта шуд. Таваҷҷуҳи Ҳукумат ба фаъолияти соҳибкорӣ зиёд гардид.

Соҳибкорони дар дохилу хориҷбудаи кишвари соҳибистиқлол аз ҳусни  таваҷҷуҳ ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, дар бунёди иншоотҳои хурду бузург, истеҳсоливу хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимиву табобатгоҳҳо саҳм гирифтанд.

Пешвои миллат зимни  сафарҳояш ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ пайваста ёдовар мешаванд, ки ояндаи Тоҷикистон ба заҳмату талошҳои худи мо  дурахшон мегардад. Ба ин боварӣ Пешвои миллат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ хонданд. Дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат, ки худ дар роҳи бунёдкорӣ қадамҳои шоиста гузошта аз ҷониби халқ меъмори Ваҳдат унвон гирифтаанд, мо-соҳибкоронро водор месозад, ки баҳри гулгулшукуфии сарзамини аҷдодӣ беш аз пеш саҳмгузорӣ намоем.

Нигинаюсупова,

омӯзгори МТМУ №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ:

Ваҳдати миллиро, бешак, неруи муттаҳидкунанда хондан ҷоиз аст. Ҳанӯз дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ замоне, ки халқияту миллатҳои 15 ҷумҳурии бародарӣ бо амну осоиш умр ба сар мебурданд, шоири шаҳири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ин маъниро барҳақ васф намуда буд:

Халқи олам дӯст бо мо гардидааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Ҳамон ваҳдати комилро, ки миллати ба осонӣ истиқлолият ба дастовардаи тоҷик як муддат гум карда буд, маҳз бо талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз нав  ба даст овард. Ин сана, яъне 27 июни соли 1997 дар таърих ба ёдмон ва дар сафҳаҳои он бо хатти зарин сабт гардид. Ҳамин аст, ки ин сана бо феҳристи рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардид ва он ҳамасола ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Тӯли 23 соли тантанаи Ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳама якдилу яктан, муттаҳид гардида, баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷаҳд менамоянд. Самти афзалиятноки давлату Ҳукумат, соҳаи маориф низ рӯ ба рушд дорад. Дар ин муддат шароити таҳсилу касбомӯзии ҷавонон беҳтар гардид, шаклҳои нави таҳсил дар соҳаи маориф  падид омад, ки хоси давлати демократӣ мебошад. Албатта, ҳамаи ин натиҷаи тантанаи воқеии Ваҳдати миллист, ки таҳти роҳбарии меъмори Ваҳдат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо партавфишонӣ дорад.

Б.Маҳмадраҳимов,

сокини шаҳри Бохтар:

Ягон кори олам бе ваҳдат, сулҳу салоҳ, ягонагиву муттаҳидӣ пеш нарафтааст. Тинҷиву амонӣ набошад   марди деҳқон ҳам дар саҳро фаъолият карданаш дар гумон аст. Ҳамин ваҳдати миллӣ буд, ки ҳадафи пешгузоштаи давлату Ҳукумат дар самти кишоварзӣ ҳалли худро ба пуррагӣ ёфту марди деҳқон соҳиби замин шуд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ хоҷагиҳои коллективӣ ба сохтори нави хоҷагидорӣ -хоҷагиҳои хурду калони деҳқонӣ табдил ёфтанд. Замин ба соҳиби аслии худ расид. Дар ин замина таваҷҷуҳи Ҳукумат, ба хусус ғамхориҳои беназири Пешвои миллат нисбати мардаи деҳқон ба он овард, ки самтҳои дигари соҳаи кишоварзӣ низ равнақ ёбад, баробари пахтакорӣ ва боғдорию токпарварӣ  диққати бештар дода шавад. Оқилонаву самаранок истифода  бурдани ҳар қитъаи замин ва ба даст овардани 2-3 ҳосил дар як сол аз мақсадҳои наҷиби Ҳукумат мебошад, ки деҳқонон онро амалӣ менамоянд. Айни замон дар бозорҳои кишвар тамоми фасли сол маҳсулоти тару тозаро пайдо кардан мумкин аст, ки ин аз  ташкили мақсадноки гармхонаҳои мавсимиву  доимоамалкунанда дарак медиҳад.

Агар Ваҳдати миллӣ намебуд, гумон буд дар соҳаи асосии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ-кишоварзӣ пешравиҳо ба даст оянд.

Меъмори Ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳояш дар вохӯрию суҳбатҳо аз меҳнати имрӯзаи деҳқонону боғдорон изҳори қаноатмандӣ намуда, натиҷаи меҳнаташонро қадрдонӣ менамоянд. Чунин таваҷҷуҳи Сарвари давлат моро рӯҳбаланд месозад ва пайваста кӯшиш менамоем, заррае ҳам бошад, дар фаровонии бозор ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузор бошем.

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФАРҲАНГИ  СУЛҲ   ВА  ВАҲДАТИ  МИЛЛӢ

ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
НАҚШИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

НАҚШИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Ҳуқуқу амният, Фарҳанг ва адабиёт

Ба саноатишавии кишварамон боварӣ дорем

Иқтисоду тиҷорат
Баракат аз замини ризқофар

Баракат аз замини ризқофар

Арсаи кишоварзӣ
Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Номаҳои Шумо