Дар як сатр
» » ХИЁНАТИ НОБАХШИДАНӢ

ХИЁНАТИ НОБАХШИДАНӢ

25-06-2020, 19:43

Чанд рӯз аст, ки шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ намоишномаи «Хиёнат»- ро аз фаъолияти ҳизби террористӣ - экстремистии наҳзати исломӣ пешкаши оммаи васеи аҳолӣ гардонида истодаанд. Дар намоишнома дар бораи амалҳои разилонаи хиёнаткороне, ки дар солҳои 90-уми асри 20 ва то имрӯз мақсади нопокашон нисбати халқи тоҷик давом дорад, сухан меравад. Дар қисмати якуми намоишнома бештар аз хусуси собиқ раиси ҲТЭНИ Муҳиддин Кабирӣ сухан меравад. Ӯ ҳамчун ҷинояткор ва хиёнаткор дониста мешавад. Ӯ ба халқи тоҷик хиёнати нобахшиданӣ кардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 5 ҷиноят: куштори бераҳмона, таҷовуз ба номус, хиёнат ба ватан, биосид ва геносид ҳукми қатл муайян шуда буд. Дар моҳи майи соли 2004 бошад, ба ин 5 намуди ҷиноят мораторий (манъ кардани ҳукм ) эълон карда шуд. Вақти он расидааст, ки аз боздошти мораторий бояд даст кашид, чунки хиёнаткорони ватан дар ҷумҳурӣ зиёд шуда истодааст. Муҳиддин Кабирӣ, Маҳмуд Худойбердиев, А. Абдуллоҷонов ва боз амсоли инҳо барин ашхоси кӯрдил нисбати халқи тоҷик ва ватани осуда нияти бад доранд. Ба чунин ашхоси нопок чораи охирин- ҷазои қатлро дидан лозим аст. Ёдовар мешавем, ки дар ИМА низ баъди 17 соли мораторий ба ҷазои қатл бозгаштанд.

Дар намоишнома мебинем, ки ронанда, писарамак, хусурбурдаи М. Кабирӣ изҳори таассуф аз бо Кабирӣ ҳамкорӣ ва хешу табориашон карданд. Савол ба миён меояд, ки чаро дар вақти бо ҳам фаъолият доштан ва мумкин чандин ҳазор сомонию доллари муфти Кабириро хӯрдан ӯро аз ин роҳ нагардонданд? Имрӯз, ки ӯ муртад ҳисобида мешавад, онҳо худро мусичаи бегуноҳ меҳисобанд. М. Кабирӣ аз деҳаи Қасамдара мебошад ва ӯро қасам задааст. Зеро шахсе бо номи Худо, модар, ватан қасам мехӯрад, ӯро ҳам қасам мезанад ва ҳам шармандаи ҳар ду олам мешавад. Бинобар ин ба ҷинояткор- паланги тездандон раҳм набояд кард.

Зайнулобиддин Ҳусейнов,

ноҳияи Ёвон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чанд далели «чандпагона» будани Кабирӣ

Сиёсат

Хиёнати Муҳиддин Кабирӣ нобахшиданист

Хабарҳо, Сиёсат

ҲНИ омили бадбахтиҳо дар шаҳри Дортмунти Олмон

Хабарҳо

Хоҷаи худро "падар" гуфтани Кабирӣ

Номаҳои Шумо
Каждуми зери бӯрё

Каждуми зери бӯрё

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо