Дар як сатр
» » ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО СУЛҲ ОВАРД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО СУЛҲ ОВАРД

25-06-2020, 19:42

Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои  ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир бошад ва аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва сарҷамъ созад.

ЭмомалӣРаҳмон

 

Соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки он ба давлат талафоти ҷониву молӣ расонд. Сокинони зиёди кишвар аз нобасомониҳои дохилӣ ба кишварҳои хориҷа муҳоҷир шуда, дар ғурбат зиндагӣ мекарданд. Дар ҳамин солҳо алангаи ҷанги шаҳрванӣ рӯз ба рӯз зиёдтар шуда, тамоми соҳаҳои мамлакат касод шуда, латмае ба истиқлолияти Тоҷикистони ҷавон мезад.

Барои муттаҳид кардани ин сарзамини пароканда ва ба як маҷро даровардани ҳаёти мардум ва рушди тамоми соҳаҳо ақли солиме лозим буд, ки аз тамоми бурду бохтҳои зиндагӣ гузашта, таҷрибаи зиндагиро дидааст.

Ҳамин тавр, ақли солим ғалаба кард. Аз минбари Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорате аз расидани сулҳи деринтизорро роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистони соҳибистиқлол Эмомалӣ Раҳмон расонид ва бо ҳиммати баланди инсонӣ миёни он гирудорҳо ва сангарҳои хунин садо баланд кард: "Ман ба Шумо сулҳ меорам!” 

Ҳамин сухани умедбахш сарнавишти миллати моро аз парешонии навбатии таърихӣ наҷот бахшид ва ормонҳои маънавии тоҷиконро дар марҳилаи нав муқаррар намуд.

Пӯшида нест, ки миллати тоҷик ваҳдати миллиро осон ба даст наовардааст. Дар ба даст овардани он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонбозиҳо карда, барои раҳонидани миллату давлат аз даргириҳо чандин музокиротро бо ИНМТ (иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик) анҷом доданд, ки он аз моҳи апрели соли 1994 оғоз ёфта, то 27 июни соли 1997 давом кардааст, ба анҷом расонид.

Баъди се соли музокирот байни намояндагони ҳукуматӣ ва мухолифин натиҷааш ба сулҳ анҷом ёфт. 27 июни соли 1997 дар толори Георгиеви Кремли Маскав, ҳамон қасре ки Лоҳутӣ онро дар достони машҳури хеш "Кремл” васф карда буд, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон қабул шуд. Ин муждаи сулҳи деринтизор ба мардуми шарифи тоҷик як неруву қуввае бахшида, барои ба ҳамдигар омадану аз як гиребон сар баровардан ва дар атрофи президети хеш муттаҳид шудан боис гардид.  Аз ҳамон рӯз инҷониб мардуми тоҷик бо боварӣ ба ояндаи нек барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз меҳнати софдилона карда истодаанд.

Самандари Раҷабалӣ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФАРҲАНГИ  СУЛҲ   ВА  ВАҲДАТИ  МИЛЛӢ

ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
НАҚШИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

НАҚШИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Ҳуқуқу амният, Фарҳанг ва адабиёт

Истиқлолият беҳтарин неъмат аст

Номаҳои Шумо
Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Номаҳои Шумо
Пешвои сулҳофар

Пешвои сулҳофар

Хабарҳо, Номаҳои Шумо