Дар як сатр
» » АЗ ҚУДУМИ МУБОРАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СИПОСГУЗОРЕМ

АЗ ҚУДУМИ МУБОРАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СИПОСГУЗОРЕМ

25-06-2020, 19:41

Дар китоби зиндагиномаи ҳар як фард саҳифаҳое сабт мегардад, ки бо мурури замон арзишаш боз ҳам нуфузу қиммати болотар мегирад. Барои мо-мардуми шарифи вилояти Хатлон бо Пешвои миллат рӯ ба рӯ суҳбат кардан лаҳзаҳои фаромӯшношуданӣ аст. Тайи се рӯзи охири моҳи майи соли равон вилояти Хатлон шукӯҳу шаҳомати хосса дошт. Аз  қудуми Сарвари маҳбубамон, ки саршор аз  файзу баракат буд, мо-мардуми вилоят хосса ходимони дин беҳад шоду масрур гардидем. Бо ташрифи Сарвари маҳбубамон зебогиву таровати муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дучанд гардидаву маҳз бо ишироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъйиноташон гуногуни ниёзи мардум мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.

Кушодашавии иншоотҳо дар вилоят нишонаи заминагузории татбиқи ҳадафи роҳбарияти олии кишвар дар самти саноатикунонӣ арзёбӣ гардида, интизор меравад, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар иншооти навбунёд шумораи корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ низ меафзояд. Зимни сафари навбатӣ Пешвои муаззами миллат бо фараҳмандӣ аз фаъолият ва дурнамои самараноки фаъолияти кишоварзон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд. Ҳамзамон таъкид доштанд, ки моро лозим аст заминҳои назиҳавлигиро самаранок истифода бурда, дар мавриди беҳдошти зиндагонии худу мардуми кишвар ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошем. Дар ин росто Ҳабиби Худо низ фармудаанд: "Зироат кунед, зеро зироаткорӣ бобаракат аст”.

 Камолоти инсонӣ ҳамин аст, ки дар баробари беҳбуд бахшидани рӯзгори хеш ба миллату ватан низ хизматгузор бошем, ки дар ин росто маслиҳатҳои падаронаи  Ҷаноби Олӣ ба мо неруи дучанд бахшид. Шодем, ки дар сиёсати созандаи Ҷаноби Олӣ яке аз ҳадафҳои судманд ин таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки заминагузори ин иқдоми наҷибашон аз рушди соҳаи кишоварзӣ низ бармеояд. Чун парвариши навъҳои зиёди маҳсулоти кишоварзӣ мутобиқи замину ҳавои ин минтақа аст, мардуми шарафманди вилояти Хатлон бо як самимияти хосу муҳаббати ватандорӣ ҳама рӯ ба соҳаи мазкур овардаанд, то ҳар як ваҷаб заминро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ  самаранок истифода баранд. Дар яке аз ояҳои сураи муборакаи «Ҷумуъа»-и  Қуръони карим омадааст: "Ҳар вақто, ки Шумо адо намудед намозро, пароканда шавед дар рӯи замин”. Матлаб аз ин ояи таъсиргузор  дар он аст, ки баробари тоату ибодат мо бояд ҳамзамон пайи ободиву осоиштагии рӯзгори худу мардуми кишвар  талош варзем, ки ҳадаф аз офариниши инсон ду чиз аст, яке ибодат ва дуюм иморат.

Дар ҷараёни сафари кориашон Пешвои муаззами миллат бо назардошти ҳолати бавуқӯъомадаи ҷомеаи ҷаҳонӣ - коронавирус, ки аҳли башарро ба изтироб овардааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Қобили ёдоварист, ки  дар чунин лаҳзаҳои ҳассос аз ҷониби Ҷаноби Олӣ ба вилояти Хатлон ворид шудани корвони маҳсулоти хӯрокаву маводи доруворӣ иқдоми саривақтӣ арзёбӣ шуда, дар пайравии чунин амалҳои хайру савоб соҳибкорони ватаниву дигар ашхоси ҳиматбаланд низ кӯшиш намуда истодаанд, то кумакҳои беғаразонаи хешро ба ҳамдиёрони ниёзманд чун нишони эҳтирому қадрдонӣ тақдим менамоянд. Дар ин атроф аз ҳазрати Абуҳурайра ривоят аст, ки Пайғамбари Худо фармуданд:”Касе, ки мушкиле аз мушкилоти дунявии инсонеро бикшояд, Худованд мушкиле аз мушкилоти рӯзи қиёмати ӯро мекӯшояд”. Дар масъалаи расонидани кумак ба табақаи ниёзманди ҷомеа аз ҷониби ашхоси дорову ҳиматбаланд ва аҳли намозгузорони шаҳру ноҳияҳо борҳо иқдом гирифта шуда, минбаъд низ дар заминаи маслиҳатҳои башардӯстонаи Ҷаноби Олӣ идома хоҳад ёфт. Ва мо, ҳама дуогӯи онем, ки ба зудӣ ин бемории сироятӣ ҷомеаи башариро тарк гуфта, дубора ба ҳаёти осиштаву зебо соҳиб гардем.

Бо мақсади арзанда истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила раванди корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза мегирад. Умед аст, то истиқболи ин санаи таърихӣ ҳаёти мардуми кишвар, аз ҷумла зиндагонии мардуми деҳот бо маслиҳатҳои падаронаи Сарвари маҳбубамон боз ҳам зебову
ороста хоҳад шуд. Итминони комил дорем ва ҳамеша дуогӯ ҳастем, ки минбаъд низ кори роҳбарияти олии кишвар бобарор, сиҳату саломат ва ҳамеша дар амон бошанд.

Усмоналӣ Нурзода,

муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сархатиби шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИЛМ ДАР КӮДАКӢ - НАҚШ ДАР САНГ

Фарҳанг ва адабиёт, Маориф ва илм

МУРОҶИАТНОМАИ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ ...

Ҳокимияти давлатӣ

«ВАҲДАТ - ОМИЛИ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА»

Номаҳои Шумо

Шукри неъмат аз фарҳанги сарфакорӣ маншаъ мегирад

Фарҳанг ва адабиёт
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Хабарҳо