Дар як сатр
» » ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

25-06-2020, 19:38

«Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст».

Эмомалӣ Раҳмон

27-июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст.

 

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумхурии мо Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Мутаассифона, мо, тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал натавонистем, ки ин неъмати бузургро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳиши солҳои 90- уми асри ХХ ба сари мардуми мо омада, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт. Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд.

Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дилу пур чунин ваъда доданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Рахмон буд, ки миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ҳам омад. Аз ин хотир қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусус Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт”.

Ваҳдати мо, дар ҳақиқат, дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ягон нохалаф сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.

Фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Аз ин лиҳоз, замоне расидааст, ки мо-фарзандони миллат аз ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи Пешвои миллат. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ, ободии ватан ва пешрафти ҷомеа ҷаҳд намоем. Фақат ва фақат чунин амали мо ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор месозад.

Ва аз забони шоир мегӯем:

Ҳар касе бар қадри ваҳдат

мерасад,

Ӯ ба иқболу саодат мерасад.

Варқаи Зайниддин,

ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи якум


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - МЕЪМОРИ ВАҲДАТ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Санади тақдирсоз

Санади тақдирсоз

Номаҳои Шумо
Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Номаҳои Шумо
Ваҳдати миллӣ мароми мост

Ваҳдати миллӣ мароми мост

Номаҳои Шумо
Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо