Дар як сатр
» » ЭЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ЭЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

25-06-2020, 19:37

Ҳар қадар таърихномаи сарнавишти миллат варақгардон мешавад, эътибору шарофати санаи таърихии 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ точанд бештар гардида, чун авроқи тиллоии таърихномаи миллат боқӣ мемонад. Таърих гувоҳ аст, ки офтоби бахти миллати тоҷик баъди ҳазор соли шикасти давлати Сомониён дар оғози даҳаи охири қарни ХХ дигарбора дурахшид ва дар харитаи олам давлати навини соҳибистиқлоли Тоҷикистон зуҳур кард. Роҳи пешқадамтарин давлатдории дунявию демократиро интихоб намуд. Башарият ба зудӣ ин давлати тозаниҳоди миллиро шинохт ва кишварҳои абарқудрати ҷаҳон робитаҳои дипломатиро бо Тоҷикистон барқарор сохтанд. Аммо неруҳои бадхоҳи миллат ба чархаи рушди давлати тоҷикон садд гузошта, бо афкори хоинона фазои ороми кишварро тира сохтанд ва мардуми умре дар ҳалқаи иттиҳоду ягонагиву дӯстӣ басарбурдаро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ниҳоли акнун сабзидаи истиқлолиятро бо баргу шохаҳои миллихоҳонааш шикастанд. Андешаҳои миллӣ ба ҳар сӯ пош хӯрд. Ҷойи афкори созандаи сиёсӣ, қаламу эҷоду илму маърифат силоҳу кину ҳасуду разолат ҳукмрон шуд. Бародар қотили бародар гардид ва оташи ҷанг точанд фарохтару хатари пора шудани сарзамини аҷдодиро таҳдид мекард. Дар ҳамин лаҳзаи ҳассоси ҳаёту мамоти кишвар Худованд баҳри наҷоти миллати пурармони тоҷик фарзанди ҷасоратманду миллатдӯстро ба майдон овард ва тоҷи давлатдорӣ ба сараш зеб доду масъулияти ояндаи халқу ватан ба дӯшаш гардид. Нахустин ҳарфи ба забоновардааш: "Ман ба шумо сулҳ меорам” номи ӯро дӯстдори мардум, созандаи ватан ва сиёсатмадори ҷаҳонӣ гардонд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон бо номи ӯ оғоз шуда, устуворгардонии пояҳои давлатдории Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи мардумсолории ӯ идома дорад.

Барои расидан ба сулҳи тоҷикон, фурӯнишонии оташи ҷанг, раҳоии садҳо ҳазор ҳамватанон аз панҷаи асорати бегонагон ва тоза кардани доғи гурезагӣ аз исми онон, ба ҳам овардани бародарони сӯи ҳам теғ кашидаву оштии онҳо ва бунёди кохи муҳташами Ваҳдати миллӣ нақши таъсиргузору беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург аст. Сангарҳои вазнини гуфтушунидҳо дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, хусусан дар хоки Афғонистон, бо сарварони гурӯҳҳои бо тиру тӯп мусаллаҳи мухолифини тоҷик нишони шуҷоатмандии Роҳбари ҷавони давлати Тоҷикистон ва қаҳрамонии асили Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Давоми панҷ соли давлатдорӣ солҳои 1992-1997, ки айёми задухӯрдҳои мусаллаҳона, хунрезию талафоти ҷонию иқтисодӣ ва монеи рушди иҷтимоии кишвар ба ҳисоб мераванд, муҳимият ва арзиши бебаҳои Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи сулҳро, ки ба ваҳдати миллӣ асос гузошт, бори дигар барои наслҳои онрӯзаву имрӯзу оянда дар таърихи миллати тоҷикон абадан сабт кард. "Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия дар Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард”, - гуфта буд Пешвои муаззами миллат дар баромадашон ба ифтихори 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

Аз рӯзи бадастоии Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти тоҷикистониён марҳилаи нави барқарорсозии вайронаҳо, устуворсозии шохаҳои сиёсии давлатдорӣ, рӯ овардан ба арзишҳои фарҳангию таърихӣ, шинохти миллат ва нақши фарзандони миллат дар рушди маърифати ҷаҳонӣ, таҳияи Барномаҳои иқтисодӣ барои ҳалли мушкилоти соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маорифу фарҳанг, тиб ва варзиш амиқтар шурӯъ гардиданд ва Тоҷикистони мо зина ба зина инкишоф ёфта, тараққӣ кард. Ваҳдати миллӣ нуфузи Тоҷикистон, хоса дипломатияи беназири Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмори тарҳи сулҳофариниш ва ба ваҳдати миллӣ расидан дар арсаи байналмилалӣ ягона ва сазовори баҳои арзишманди сиёсатмадорони барҷастаи олам гардонд.

Ваҳдати миллӣ собитгари хиради азалии миллати тоҷик аст, ки бо дониши қавӣ, огаҳии комил аз таърихи ниёгон, кор гирифтан аз адолати иҷтимоӣ, эҳтироми арзишҳои миллии тӯли солҳо боз ҳам дар замири мардуми тоҷик қавигардида ва қавииродагию якмаромӣ, тафаккури асил, миллатдӯстдорӣ, ҳифзи якпорчагии ватан ва муҳаббати самимӣ ба ин сарзамини аҷдодӣ доштаи Пешвои муаззами миллат амалӣ гардид.

Ваҳдати миллӣ Истиқлолияти давлатиро побарҷо гузошт ва мавқеи давлати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ қавӣ сохт.

Имрӯз мо, маорифчиён рисолати бештарро бар дӯш дорем. Ҳар кадом моҳияти мафҳуми ватандорию ваҳдати миллиро сидқан дарк намуда, ба он мекӯшем, ки шогирдонро бо таърихи соҳибияти ин рӯзи сарнавиштсози миллат - рӯзи ғолибияти ақл ба ҷаҳолат, хирад бар разолат, дӯстӣ бар душманӣ ва тифоқӣ бар низоъ ошно сохта онҳоро дар рӯҳияи дӯстдории ватан, донишандӯзӣ ва хизмати садоқатмандона ба халқу ватан ба камол расонем.

Муҳаммад Орифзода,
мудири шуъбаи маорифи
ноҳияи Восеъ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФАРҲАНГИ  СУЛҲ   ВА  ВАҲДАТИ  МИЛЛӢ

ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
НАҚШИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

НАҚШИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Ҳуқуқу амният, Фарҳанг ва адабиёт
Санади тақдирсоз

Санади тақдирсоз

Номаҳои Шумо
Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Ҳаёти иҷтимоӣ
Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо