Дар як сатр
» » НАҚШИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

НАҚШИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

25-06-2020, 19:33

НАҚШИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 27 июни соли 1997 дар марҳилаи ҳассос қарор дошта, талоши доимӣ баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии даргириҳои хонумонсӯз, хисороти иҷтимоиву иқтисодӣ, алалхусус пешгирӣ аз талофоти ҷонӣ равона мешуд.

 

Неруҳои муқовиматпазиру таъсиррасони бурунмарзӣ мехостанд Тоҷикистони азизамонро ба порчаҳо ҷудо карда, Истиқлолияти давлатиро коста гардонанд. Ҳазорҳо нафар сокинони ҷумҳурӣ тарки манзили худ карда, дар кишвари бегона сукунат ихтиёр намуданд. Буҳрони иқтисодӣ ба тамоми сатҳи зиндагии мардум таъсири худро расонид. Даргириҳои пай дар пай боиси талафоти ҷонии мардуми шарафманди мамлакат, алалхусус ҷавонони неруманд гардида буд. Молу мулки аҳолӣ талаву тороҷ гардида, ба нестӣ рафт. Ноустувор шудани вазъият ва идома ёфтани даргириҳо боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ гардида буд.

Гурӯҳҳои ҷудоихоҳ бо мақсади ба даст овардани молу мулк ва соҳиб шудан ба мансабҳои воломақом даст ба амалҳое мезаданд, ки воқеан нангин ва шармовар буд. Бетарафии намояндагони минтақаҳои гуногун низ барои ҳалли масъалаҳои пешгирии задухӯрдҳои байни гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ташвишовар мегардид.

Баъди интихоб шудани Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баъдтар ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъият рӯз то рӯз дар Тоҷикистон муътадил шуда, хунрезӣ ва ғорат дар мамлакат хотима ёфт.

Талошҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, марди хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон шабу рӯзҳо ба хотири сулҳу ваҳдат равона гардида, неруҳои давлатиро ба ҷустани сулҳ роҳпаймоӣ мекард. Билохира бо талошҳои ин марди бузург, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садди роҳи ҳамагуна бетартибиҳо, буҳронҳои шадид ва талафоти ҷонӣ гирифта шуданд.

Баъди гузаронидани якчанд давраҳои гуфтушунид (с.1994-1997), дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия байни Ҳукумати кишвар ва мухолифин санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Имзои ин Созишнома самараи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми заҳматкаши Тоҷикистон буд. Ҳадаф аз имзои созишнома ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз ва таъмини зиндагии шоитаи мардум буд.

Аз соли 2000-ум сар карда, бо мақсади таъмини амнияти дохилӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, баромадан аз буҳронҳо, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар марҳилаи бозсозӣ қарор гирифта, марҳила ба марҳила барқарор гардиданд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризиояти миллӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи созандагиву бунёдкорӣ шурӯъ гардид, ки он то имрӯз бо маром идома дорад. Яке аз нодиртарин ташаббуси Президенти кишвар ин баргардонидани тамоми гурезаҳои тоҷик ба хоки ватани аҷдодӣ буд, ки ин иқдоми бузург низ дар марҳилаи кӯтоҳ амалӣ гардид.

Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ биною иншооти харобгашта дар асоси барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ барқарор карда шуданд.

27 июни соли 1997 ҳамчун санаи тақдирсоз барои миллати тоҷик эътироф гардида, дар сатрҳои таърихи навини халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт шудааст. Ҳамасола дар фазои сулҳу ягонагӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуб санаи тақдирсоз ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи хуҷастаро барои тамоми ҳамдиёрон муборакбод мегӯям.

Мирзозода Рустам Пираҳмад,

раиси Суди вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АЗ ВАТАНИ ХУД ИФТИХОР ДОРЕМ

Ҳуқуқу амният
ТАҶРИБАИ  СУЛҲИ ТОҶИКОН

ТАҶРИБАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ
Санади тақдирсоз

Санади тақдирсоз

Номаҳои Шумо
Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Номаҳои Шумо
Пешвои сулҳофар

Пешвои сулҳофар

Хабарҳо, Номаҳои Шумо