Дар як сатр
» » МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТИ “ОРИЁН-РУСТАМ”

МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТИ “ОРИЁН-РУСТАМ”

25-06-2020, 19:32

ҶДММ "Ориён-Рустам” яке аз корхонаҳои калонтарини истеҳсоли ҳасиб дар шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад. Дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки корхонаи мазкур фаъолияти худро беҳтар ба роҳ монда, истеҳсоли маҳсулоти хушсифатро афзоиш диҳад.

 

 

Роҳбарияти корхона бо дастгирии Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди Ҳукумати кишвар таҷҳизоти муосири соҳавиро харидорӣ ва мавриди истифода қарор дод, ки дар натиҷа сифати маҳсулот ба маротиб беҳтар гардида, хароҷоти корхона се баробар коҳиш ёфт. Айни замон дар корхона 18 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд ва баъди ба истифода додани яхдони нав шумораи коргарон зиёд мешавад.

Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди Ҳукумати кишвар соли сеюм аст, ки ҶДММ "Ориён-Рустам”-ро даст-
гирӣ мекунад ва имсол дар назди корхона фаб-рикаи мурғпарварӣ ташкил намуд. Дар фабрикаи мазкур беш аз 15 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад, ки имкони истеҳсоли ашёи хом барои корхона фароҳам оварда шудааст. Амриддин Рустамов, роҳбари ҶДММ "Ориён-Рустам” дар суҳбат бо мо чунин иброз дошт: "Ҳар моҳ аз ферма ба корхона то 40 тонна гӯшт ворид карда мешавад. То ташкили фермаи мазкур дастрасӣ ба ашёи хом, аз ҷумла гӯшти мурғ хеле мушкил буд. Дар оянда мақсад дорем, ки фермаро васеъ намоем ва дар баробари ҳасиб гӯшти парҳезии мурғро низ ба фурӯш барорем”.

Маҳсулоти корхонаи ҳасиби ҶДММ "Ориён-Рус-там” дар бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб пешниҳоди харидорон гардонида мешавад ва шурӯъ аз моҳи июл сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар имкони дастрасӣ ба маҳсулоти ин корхонаро пайдо хоҳанд кард.

Ш. Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ «КО ТА-ГЛОБАЛ»-И ШАҲРИ БОХТАР

БОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ «КО ТА-ГЛОБАЛ»-И ШАҲРИ БОХТАР

Ҳокимияти давлатӣ

Соли 2019 дар Кӯлоб бунёди 15 коргоҳ ва 3 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст

Иқтисоду тиҷорат
Кӯлоб: фаъолияти 44 корхонаи саноатӣ

Кӯлоб: фаъолияти 44 корхонаи саноатӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Иншооти нав дар Кӯлоб

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат