Дар як сатр

ИТТИЛОИЯ

25-06-2020, 19:29

АЗ ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ШАШУМ

23-уми июни соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор гардид. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, иҷлосияро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.

Дар иҷлосия, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

• Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2016, №257 "Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №776 "Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоят.

• Рафти амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2012, №15 "Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 "Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

• Ҳисоботи сардорони раёсатҳои назорати давлатии энергетикӣ дар минтақаҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №29 "Дар бораи сарфаҷӯии энергия” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

• Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Панҷ №54, Ҳамадонӣ №50, Ховалинг №61 ва таъйин намудани интихобот.

• Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Панҷ №54, Ҳамадонӣ №50 ва Ховалинг №61.

• Масъалаҳои ҷорӣ.

 

Аз рӯйи масъалаи асосии Иҷлосия «Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2016, №257 "Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №776 "Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоят» муовини якуми раиси вилоят А. Исмоилзода гузориш дод. Тавре ки зикр гардид, баҳри дар амал татбиқ намудани вазифаҳои марҳилаи аввали стратегияи миллӣ аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон ҷиҳати фаҳмондани моҳият ва муҳтавои ин ҳуҷҷати барномавӣ омӯзиши стратегия дар байни ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаи кории Шӯрои вилоятии мутобиқсозиву методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилоят ва шӯроҳои шаҳриву ноҳиявӣ корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии экстремизм ва терроризм амалӣ гашта истодааст.

Тавре ки нотиқ зикр намуд, масъалаи мазкур пайваста дар ҷаласаҳои кории назди раиси вилоят ва ҷамъомадҳо бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо ширкати раиси Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дас-туру супоришҳои мушаххас дода шудааст. Тибқи амри раиси вилоят аз 6 августи соли 2018 гурӯҳҳои кориву таблиғотӣ таъсис дода, ҷиҳати пешгирӣ аз таассуби динӣ ва арҷ гузоштан ба асолатҳои мазҳаби ҳанафӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯриву мулоқот ва чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ва иттилоотӣ доир гардиданд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда аз 1863 нафар ҷавононе, ки дар донишкадаҳои динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, ҳамагӣ 42 нафар боқӣ мондааст. Дар ин давра тариқи телевизион ва радиои вилояти Хатлон аз ҷараён ва натиҷаҳои мурофиаи судӣ 15 гузориш дар робита бо ҷиноятҳои хусусияти ифротгароиву даҳшатафканидошта пахш гаштааст. Дар нашрияҳои вилоятӣ дар самти мубориза бо терроризму экстремизм беш аз 200 хабару гузоришҳо, мусоҳибаву мақолаҳои таҳлилӣ рӯйи чоп омадааст.

Ҳамин тавр, нисбати иҷроиши бандҳои алоҳидаи нақша-чорабиниҳои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм сухан ронда, таъкид ба миён омад, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар самти боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ташкили семинару омӯзишҳо ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Пас аз ҳисоботи муовини якуми раиси вилоят вакилон ва даъватшудагони иҷлосия Маликшо Неъматзода, Ҳамидиён Орзу, Муҳаммадӣ Шарифзода, прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода, сардори РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Талабшо Самадов ва дигарон ба музокира баромада, таъкид доштанд, ки оид ба масъалаи доғи рӯз-пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, бояд пайваста тадбир андешанд. Ҳадафи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”мубориза ба ин амали даҳшатнок мебошад.

Дар иҷлосия раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид доштанд, ки нисбати ин масъалаи мубрами рӯз бояд ҳама фаъол бошем. Зеро масоили мазкур яке аз масъалаҳои ташвишовар ба шумор рафта, таъсири ногувори он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ ба бор меорад.

Рафти амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли2012, №15 "Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 "Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят масъалаи дигари Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум ба шумор мерафт. Атрофи ин масъала муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ сухан ронда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон беш аз 900 ёдгории таърихӣ мавҷуд буда, аз ин теъдод 721 ёдгории бостонӣ, 124 ёдгории меъморӣ, 86 ёдгории монументалиро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди вилоят 4 ёдгории нодири таърихӣ, аз ҷумла қалъаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, шаҳраки "Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён, мадрасаи "Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритуз ва Дайри "Аҷинатеппа”-и ноҳияи Вахш барои ворид намудан ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардиданд.

Тавре ки муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ иброз дошт, дар доираи амалишавии Барномаи мазкур ҷузъи "Қалъаи Балҷувон”-и ноҳияи Балҷувон, Мақбараи Хоҷа Аюби Ансорӣ, қалъаи "Ҳулбук”, ёдгории таърихии Лағмонқалъа, оромгоҳи Шоҳ Неъматуллои Зарробӣ, Хоҷа Қудбиддини Нишопурӣ, мамнӯъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз таъмир бароварда шудаанд. Корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии қалъаи бостонии Кӯлоб бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар доираи 16 миллион сомонӣ ҷараён дорад. Ҳамчунин, дар давоми амалишавии Барномаи мазкур, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷалби соҳибкорон дар шаҳри Кӯлоб ба маблағи 1 миллиону 585 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру тармим дар ёдгориҳои таърихӣ ва монументалӣ масраф гардидааст.

Ҳамин тавр, масъалаҳои дигари рӯзномаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор ёфтанд. Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИТТИЛОИЯ

ИТТИЛОИЯ

Ҳокимияти давлатӣ
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Ҳокимияти давлатӣ

ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОН

Хабарҳо
Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА