Дар як сатр
» » Қ. Ҳакимзода: “КИШОВАРЗОНИ ДЕҲАИ ҲАВАСКОР БО МАДАНИЯТИ БАЛАНДИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН НАМУНАИ ИБРАТАНД”

Қ. Ҳакимзода: “КИШОВАРЗОНИ ДЕҲАИ ҲАВАСКОР БО МАДАНИЯТИ БАЛАНДИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН НАМУНАИ ИБРАТАНД”

24-06-2020, 19:00

Гузориш аз ҷараёни сафари кории раиси вилоят
ба ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритуз

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз вазъи киштукор, ҷамъоварии ҳосил ва кишти такрории зироатҳо, истифодаи оқилонаю самарабахши замин, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ, корхонаҳои истеҳсолию раванди сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ба ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритуз сафари корӣ анҷом дод.

Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, сафари кории раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Қубодиён аз боздиди ӯ  пойгоҳи обкашии №1 оғоз гардид. Пойгоҳи мазкур дар деҳаи Қаблаи ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров воқеъ буда, соли 1968 бунёд гардидааст. Ба қавли Боймурод Раҷабов, сардори пойгоҳҳои обкашии каскади Қубодиён №1-6, пойгоҳ дорои 6 агрегат буда, дар як вақт иқтидори кашидани 14 куб обро доро мебошад. Ба воситаи ин пойгоҳ як қисми заминҳои ҷамоатҳои деҳоти ба номи И.Ниёзов ва У.Назаров, дар маҷмӯъ беш аз 5,5 ҳазор гектар замин бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.

Дар пойгоҳи обкашии №1 нуҳ нафар корманд дар 3 баст ва дар ҳамаи 6 пойгоҳ ҷамъан наздики 60 нафар ба кор ҷалб гардидааст.

Раиси вилоят ҷиҳати таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳҳо, инчунин таҳким бахшидани иқтидори пойгоҳҳои обкашӣ бо мақсади васеъ намудани майдони обёришаванда ва ба гардиши кишоварзӣ ворид гардидани заминҳои нав ба масъулон дастур дод.

Раиси вилоят Қурбон Ҳаким-зода зимни сафари кориаш ба ноҳияи Қубодиён бо фаъолияти коргоҳи яхмосбарорӣ дар Ҷамоати шаҳраки «Қубодиён», ки дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бунёд кардаанд, шинос шуд.

Соҳибкори инфиродӣ Бахтиёр Раҳмонов маҳсулоти хушсифати корхонаро ба бозору фурӯшгоҳҳои се ноҳия - Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрав ба фурӯш мебарорад.

Айни ҳол дар корхона наздик ба 20 нафар, аксаран бонувони маҳаллӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд. Музди миёнаи моҳонаи онҳо аз 1,5 то 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба масъулони ноҳия ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории хурду миёна, рушди соҳаи саноат тавассути таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ҳаллу фасли бетаъхири мушкилоти вобаста ба барқ дар корхонаи соҳибкори маҳаллӣ Б. Раҳмонов дастур доданд.

Мушкилоти марбут ба неруи барқ дар ин корхона худи ҳамин рӯз бартараф карда шуд.

Дар ноҳияи Қубодиён раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Ҳайиталӣ” дар деҳаи Бобоҷон Ғафурови Ҷамоати деҳоти "20-солагии Истиқлол” дидан намуд.

Майдони умумии кишт дар ин хоҷагӣ 7, 3 га буда, дар 6 га пахта, дар 0,5 га полезӣ, аз он ҷумла помидор, бодиринг, дар 0,3 га беда ва дар 0,5 га маккаи дон кишт карда шудааст. Роҳбари хоҷагӣ Илҳом Ишмуродов иттилоъ дод, ки дар ин ҷо 8 нафар саҳмдор
фаъолият мекунанд.

Дар Ҷамоати деҳоти "20-солагии Истиқлол” раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин, аз хоҷагии ниҳолпарварии ноҳия, воқеъ дар деҳаи Ниҳолпарвар боздид кард. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки майдони умумии хоҷагӣ аз 69 га замин иборат буда, дар 4 га боғи себ, 1 га боғи бодом, 1 га боғи шафтолу,  25 га боғи зардолу, 5 га боғи олу, 14 га зардолубоғи нав бунёд гардидааст.  Замини боғ пурсамар истифода гардида, дар байни қатори дарахтон кишти зироатҳои ниёзи аввал ва хӯроки чорво анҷом дода шудааст. 57 нафар дар ин хоҷагӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода боғдорону кишоварзон, инчунин масъулони ноҳияи Қубодиёнро ба истифодаи самарабахши ҳар ваҷаб замин, нигоҳубини дарахтон, ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосил, гузаронидани кишти такрорӣ, мусоидат ба содироти мева ва дастгирии соҳибкорон муваззаф намуд.

Қурбон Ҳакимзода, инчунин аз хоҷагиҳои деҳқонии "Маҳмадиполвон” ва "Муҳам-мадсодиқ” дар деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти "Тахти Сангин” дидан намуд. Дар хоҷагии "Маҳмадиполвон” боғи бодому зардолу бунёд ва дар 6 га пахта, 0,5 га лаблабу, дар 1,5 га гандум, дар 2,32 га полезӣ, аз ҷумла тарбуз, каду, харбуза, инчунин кабудӣ, лӯбиёгӣ, помидор, офтобпараст ва дар 1 га маккаи дон кишт шуда, 18 нафар дар он саҳм доранд. Хоҷагии деҳқонии мазкур маҳсулоти худро ба бозорҳои дохили кишвар мебарорад.

Дар хоҷагии деҳқонии "Муҳаммадсодиқ” дар 3 га боғи ангур бунёд гардида, дар 4 га пахта, дар 0,8 га помидор, дар 0,8 га боимҷон, дар 0,7 га қаланфури булғорӣ ва дар 0,08 га чормағзи заминӣ кишт шудааст. 13 нафар дар ин хоҷагӣ саҳм доранд. 

Раиси вилоят Қурбон Ҳаким-зода зимни суҳбат бо аҳли деҳи Ҳаваскор аз маданияти баланди истифодабарии замин, муносибати оқилона ба киштукор дар ин маҳал ситоиш намуда, фаъолияти кишоварзии онҳоро намунаи ибрату омӯзиш арзёбӣ намуд.

Дар ноҳияи Шаҳритуз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҳолати корҳои азнавсозӣ дар бозори марказӣ, ки рӯзи 24 майи соли ҷорӣ он ҷо сӯхтор ба амал омада буд, дидан кард. Сӯхтор, ки тибқи хулосаи оташнишонҳо, бо сабаби расиши ноқили барқ сар задааст, ба соҳибмулкон ҷамъан 4 миллиону 420 ҳазор сомонӣ хисороти молиявӣ расонидааст.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо соҳибкорон қайд намуд, ки Ҷамъияти "Тоҷикматлубот” бо мусоидати ҳамаҷонибаи мақомоти давлатӣ ҷиҳати дар зудтарин фурсат азнавсозӣ кардани бозор тадбир меандешад.

Қурбон Ҳакимзода ба арзи соҳибкорон гӯш дода, оянда риояи ҳатмии қоидаҳои зиддисӯхтор, суғурта кардани молу дӯконро тавсия дод. Маълум гардид, ки то замони сар задани сӯхтор аз 651 соҳибкоре, ки дар бозор фаъолият мекарданд, ҳамагӣ 10-12 нафарашон дӯкони худро суғурта кардаанд.

Соҳибкор Мавлуда Ҳаитова аз номи тамоми тоҷирони ин бозор ба унвонии роҳбарияти олии мамлакат барои дастгирӣ дар бозсозии ин иншоот, пешниҳоди имтиёзҳо изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

Раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Шаҳритуз Насим Каримов ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки то имрӯз аз ҷониби "Тоҷикматлубот” ба маблағи умумии зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ оварда шуда, дар кори бозсозии бозор истифода гардид.

Раиси вилоят Қурбон Ҳаким-зода зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ангоравии иншоот ба масъулон дастур дод, ки дар азнавсозии бозор тамоми қоидаҳои зиддисӯхторӣ ба инобат гирифта шуда, бунёди як ҳавзи ғунҷоишаш на кам аз 500 метри мукааб об пешбинӣ карда шавад. Бо дарназардошти ҳавои гарми рӯзона ҷиҳати вусъат додани корҳои бозсозӣ ташкил намудани басти шабонаи кор маслиҳат дода шуд.

Пас аз бозсозии бозор, ки дар майдони 0,83 гектар доман густурдааст, барои беш аз 500 соҳибкор шароити фаъолият фароҳам мешавад.

Ҳангомаи ИСМАТ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Ҳокимияти давлатӣ
САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИҲОИ НИҲОЛПАРВАРИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИҲОИ НИҲОЛПАРВАРИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ

Хабарҳо
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА