Дар як сатр
» » ҶАВОНОНЕ, КИ ДОВТАЛАБОНА БА САФИ АРТИШ МЕПАЙВАНДАНД, БА КУРСҲОИ ОМӮЗИШИИ КАСБАЗХУДКУНӢ РОЙГОН ҶАЛБ ХОҲАНД ШУД

ҶАВОНОНЕ, КИ ДОВТАЛАБОНА БА САФИ АРТИШ МЕПАЙВАНДАНД, БА КУРСҲОИ ОМӮЗИШИИ КАСБАЗХУДКУНӢ РОЙГОН ҶАЛБ ХОҲАНД ШУД

18-06-2020, 02:13

Дар доираи қарори раиси вилояти Хатлон "Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020”, тобис-тони соли ҷорӣ беш аз 1200 нафар ҷавонони хатлонӣ аз курсҳои ройгони омӯзишии ронандагӣ, кафшергарӣ, ошпазӣ, асосҳои компютер ва ғайра гузашта, соҳиби гувоҳномаҳо хоҳанд шуд.

Ин нукта зимни ҷаласаи кории назди раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр гардид. Дар ҷаласа муовинони раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов ва Фирӯза Шарифӣ, комиссари ҳарбии вилоят, роҳбарони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилоят иштирок
доштанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қарорҳои батасвибрасидаро "Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2020-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати  ҳарбӣ” ва "Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020” муаррифӣ намуда, қайд карданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ, раёсатҳои маориф ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радиои вилоят, комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дигар ташкилоту идора ва сохторҳои мақомотҳои дахлдор хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа тарғибу ташвиқ ва дар васоити ахбори умум инъикос намоянд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид намуданд, ки чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ ҷоннок ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даъватшавандаҳо бо мутахассисони касбӣ таъмин карда шаванд.

Раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ дастур гирифтанд, ки илова ба нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва пурра намудани даъватшавандагонро дар курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон ба роҳ монда, маблағгузории онро аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин намоянд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, инчунин, ба Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Комиссариати ҳарбии вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мадагори мудофиаи Хатлон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят дастур доданд, ки дар якҷоягӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор доир ба гирифтани ихтисос аз тарафи даъватшавандаҳо ва беҳтар намудани сифати интихоби  даъватшавандаҳо ба таълимгоҳҳои зикршуда корҳои ташвиқотиро вусъат диҳанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳокимияти давлатӣ
ДӮСТӢ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБӢ

ДӮСТӢ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБӢ

Ҳуқуқу амният
МАҚСАД-ҶАЛБИ ҶАВОНОНИ СОЛИМ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

МАҚСАД-ҶАЛБИ ҶАВОНОНИ СОЛИМ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Ҳокимияти давлатӣ
ҶАВОНОНРО БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДА СОЗЕМ

ҶАВОНОНРО БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДА СОЗЕМ

Ҷавонон ва варзиш
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро гардид

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро гардид

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА