Дар як сатр
» » «Зебоӣ - наҷотбахши ҳаёт»

«Зебоӣ - наҷотбахши ҳаёт»

17-11-2017, 10:02

«Зебоӣ - наҷотбахши ҳаёт»

Бо чунин унвон дар Осорхонаи вилоятии таърихию кишваршиносии "Авасто" намоиши корҳои эҷодии омўзгорон ва донишҷўёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ифтихори Рўзи Президент ва Соли ҷавонон, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Хидирзода Махфират, муовини раиси вилояти Хатлон, Ғанизода Ҷамшед, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Фаррух Хоҷаев, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Сараввал, муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират ташрифи меҳмононро ба вилоят шодбош гуфта, баргузории чунин ҳамоишро дар вилоят як амали нек ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

-Мақсади баргузории намоиш баланд бардоштани завқи ҷавонон ва тарбия намудани насли наврас дар рўҳияи зебоипарастӣ мебошад, - гуфт Ҳамидова Наргис, муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба тарбия. - Дар намоиши имрўза зиёда аз 50 асари эҷодии омўзгорон ва донишҷўёни донишгоҳ пеш-ниҳоди тамошочиён гардонида шуд.

Дар намоиш мусаввараҳои рассомон, аз қабили манзараҳо, натюрмортҳо, композитсияҳои эҷодӣ, асарҳои графикӣ, корҳои ороишӣ-амалии устодони варзидаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ, тасвирҳои рассомони ҷавон, асарҳои кандакорӣ, наққошӣ, лоиҳаҳои дизайнерӣ ва аввалин корҳои дипломии хатм-кунандагони донишгоҳи мазкур бамаърази тамошои меҳмонон гузошта шуд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш пешниҳод карда шуд, ки дар қаламрави вилояти Хатлон коллеҷ ё мактаби рассомӣ ташкил карда шавад.

Дар фарҷоми чорабинӣ тамсилаҳои либос, ки аз ҷониби донишҷўёни ихтисоси «Дизайни костюм» тарҳрезӣ ва дўхта шудаанд, пешниҳоди меҳмонон ва тамошочиёни намоиш гардонида шуд.

Фаромўз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Истеъдоди камназири рассоми ҷавон хатлонӣ

Истеъдоди камназири рассоми ҷавон хатлонӣ

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Ҷавонон ва варзиш
Намоиши асарҳои рассомон дар осорхона

Намоиши асарҳои рассомон дар осорхона

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР
Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
12 номзади илм дар ДЭТ

12 номзади илм дар ДЭТ

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА