Дар як сатр
» » Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мардум ба фардо умед надоштанд»

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мардум ба фардо умед надоштанд»

16-11-2017, 16:51

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мардум ба фардо умед надоштанд»

Дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қўрғонтеппа чорабинӣ бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Қўрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI, собиқадорони меҳнат ва фаъолони шаҳри Қўрғонтеппа, сокинон ва меҳмонони шаҳр иштирок доштанд.

Сараввал, раиси шаҳр аз намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳр дидан намуд.

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мардум ба фардо умед надоштанд»

-Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик нақши тақдирсозро гузошт ва дар қатори барҷастатарин санадҳои таърихии миллатамон то абад боқӣ хоҳад монд, - гуфт зимни баромад Исмоилзода Абдуалим. - Дар ин Иҷлосия вакилони мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонро раиси Шўрои Олӣ интихоб намуданд, ки ин шахсият миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва нестшавӣ наҷот дод.

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мардум ба фардо умед надоштанд»

Зимни баромад А. Исмоилзода гуфт: «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани оқибатҳои ҷанг, таъмини амният дар кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, муаррифӣ намудани давлати миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ басо бузург аст.

- Эмомалӣ Раҳмон Пешвои мо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти ҳамаи мо ва ҳар яки мост. Эмомалӣ Раҳмон шахсияти бузурги таърихии миллати тоҷик мебошад, -зикр намуд Сангак Бекназаров, иштирокчии Иҷлосияи таърихӣ.

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мардум ба фардо умед надоштанд»

Дар рафти чорабинӣ ба Сангак Бекназаров туҳфаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қўрғонтеппа- ҷома, тоқӣ ва миёнбанд ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои арзанда дар назди халқ ва давлат тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, дар ҷамъомади тантанавӣ аз мусобиқаи футболи хурд миёнаи кормандони тамоми муассисаю ташкилотҳои шаҳрӣ барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Қўрғонтеппа, ки бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд, натиҷагирӣ карда, бо ғолибон Ҷоми раиси шаҳр, туҳфа, медал ва ифтихорномаҳо супорида шуд.

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мардум ба фардо умед надоштанд»

Дар анҷоми чорабинӣ барномаи рангини консертии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Фаромўз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба иқ ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба иқ ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
“Дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар бошем ...

“Дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар бошем ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар Қӯрғонтеппа

Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Сиёсат, Хабарҳо, САТТОР ҚАРАХОНОВ