Дар як сатр
» » Тоҷикистон-Африқои Ҷанубӣ. Соати 18:30

Тоҷикистон-Африқои Ҷанубӣ. Соати 18:30

18-01-2015, 14:17

Тоҷикистон-Африқои Ҷанубӣ. Соати 18:30


Шоми имрӯз, соати 18:30 дастаи мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон дар сабқати байналмилалии «Ҷоми Иттиҳод-2015» бо мунтахаби ҷавонони Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ вориди рақобат мешавад.

Дирӯз мунтахаби Тоҷикистон бар рақиби худ аз Қазоқистон бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб шуд. Голи ягонаро ҳамлагари «Истиқлол»-и Душанбе ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашев, дар дақиқаи 51-уми бозӣ ба ҳадаф расонид. Ҷаҳонгир аз партофти хуби ниммуҳофизи марказӣ Амирбек Ҷӯрабоев истифода карда, ба задани гол муваффақ шуд. Ҷаҳонгир ҳамчунин беҳтарин бозигари ин дидор аз ҳайати Тоҷикистон эътироф шуд.

Баъди ин ғалаба мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо 3 имтиёз зинаи аввалро ишғол менамояд. Бозии дигари ин гурӯҳ байни мунтахабҳои ҷавонони Литва ва Африқои Ҷанубӣ мусовӣ 1 бар 1 анҷом шуд.

Ин бозиро, ки дар варзишгоҳи болопӯшидаи «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербург доир шуд, 500 мухлис тамошо карданд.

Ҷоми Иттиҳод-2015

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Эстония – Финляндия – 1:2
Белорус – Туркменистон – 1:0

Даври 2-ум
Финляндия – Туркменистон – 1:1
Эстония – Белорус – 0:4

Дар ин гурӯҳ мунтахаби Беларус бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал ва Финляндия бо 4 хол дар мақоми дувум қарор дорад.

Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
Молдавия – Қирғизистон – 1:1
Русия – Латвия – 1:0

Бозии сеюми гурӯҳии мунтахаби Тоҷикистон (U-21) рӯзи сешанбе, 20 январ, соати 16:15 ба вақти Душанбе бо тими Литва барпо мешавад.

21 январ (чоршанбе)
Бозиҳои 1/4 ниҳоӣ
14:00 – 1А – 3В/3С
16:15 – 2B – 2С
18:30 – 1С – 2А
21:00 – 1В – 3А/3С

22 январ (панҷшанбе)
Бозиҳо барои ҷойҳои 9-12
18:30 – 4А – 4С
21:00 – 4В – 3А/3В/3С

23 январ (ҷумъа)
14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
16:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
18:30 – Бозии нимниҳоӣ
21:00 – Бозии нимниҳоӣ

24 январ (шанбе)
18:30 – Бозӣ барои ҷои 11-ум
21:00 – Бозӣ барои ҷои 9-ум

25 январ (якшанбе)
13:00 – Бозӣ барои ҷои 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷои 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷои 3-юм
21:00 – Бозии ниҳоӣ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нокомии «Вахш» дар бозӣ бо «Хуҷанд»

Нокомии «Вахш» дар бозӣ бо «Хуҷанд»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пирӯзии «Вахш»-у мусовии «Равшан»

Пирӯзии «Вахш»-у мусовии «Равшан»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рейтинги нави ФИФА: Тоҷикистон дар мақоми 136

Рейтинги нави ФИФА: Тоҷикистон дар мақоми 136

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
27 март: Тоҷикистон - Яман

27 март: Тоҷикистон - Яман

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш