Дар як сатр
» » МЕҲНАТ БАҲРИ ФАРОВОНИИ ДАСТАРХОНИ МАРДУМ

МЕҲНАТ БАҲРИ ФАРОВОНИИ ДАСТАРХОНИ МАРДУМ

11-06-2020, 06:46

Бо расидани фасли гармо, ки талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, помидору бодиринги бештар мешавад, деҳқонон бештари вақти худро дар заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, гармхонаву полезиҳо мегузаронанд.

Дар шароити пешомада, ки мардум барои мубориза аз густариши короновирус дар хона мемонанд, деҳқонони шарафманд барои таъмини бозорҳои маҳаллӣ пурмаҳсул меҳнат менамоянд. Арақи ҷабини онҳо на танҳо зиндагиашонро беҳтар менамоянд,  балки дастархони мардуми шаҳрро бо маҳсулоти пурнозу неъмати кишоварзӣ таъмин менамоянд.

Деҳқонони  маҳаллаи овозадори "Ғайрат”-и шаҳри Бохтар яке аз аввалинҳо шуда бозорҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, пойтахти кишвар ва навоҳии атрофро бо маҳсулоти тару тоза ба қадри имкон пур мекунанд.

Воқеан, бисёриҳо бар ин андеша ҳастанд, ки деҳқонӣ пешаи мардони миёнасол аст. Вале ҷавонҳои серғайратеро дар маҳаллаи "Ғайрат” миёни гармхонаҳо, қаторҳои помидор, бодиринг ва булғорӣ мебинед, ки сару либосашон аз гарди гулу баргҳо зарду сабз шуда, сидқан меҳнати пуршараф мекунанд. Деҳқонони ҷавони бохтарӣ мегӯянд, дар шароите қарор доранд, ки тамоми ҷаҳон бо бемории короновирус мубориза мебарад, онҳо низ аз чораҳои эҳтиётӣ кор мегиранд, вале ҷойи худро дар ҳавои тоза, дар кори саҳро медонанд, то дастархони мардум бе сабзавот намонад. "Aгар кор накунем, маҳсулоти кишоварзӣ дар бозор камчин мешавад, ки ин боиси болоравии нархҳо мегардад. Барои ҳамин тамоми қоидаҳои санитариро риоя карда, корро идома дода истодаем”, - мегӯяд  Алишер Муҳаммадиев, ки дар гармхонааш машғули тоза кардани баргҳои барзиёди буттаҳои помидор буд.

Ин гармхонаи муосирро чанд сол пеш аз Россия харида оварда, дар он помидори навъи ҳолландӣ коштааст.

- Помидоре, ки мо кишт кардаем, қадаш аз ду метр баланд мешавад. Ҳосилаш назар ба помидори маҳаллӣ бештар буда, то сардиҳои тирамоҳ боровар хоҳад монд, - мегӯяд Алишер Муҳаммадиев.

Алишер нозукиҳои кишоварзиро аз падар омӯхта, се сол боз бо даромад аз он хонаводаашро мехӯронаду мепӯшонад. Тасмим дорад, ки масоҳати гармхонаҳоро аз 0,12 гектари ҳозира то 0,20 гектар васеъ намояд. Масоҳати умумии замини кишоварзияш 0,75 гектарро ташкил медиҳад.

Назриҷон Сайдалиев, як деҳқони миёнасол ва таҷрибадори дигари ин маҳалла, ки ҳамроҳи хонаводааш ҳосили помидори пухтарасидаро ҷамъоварӣ  намуда, дар зиёда аз 20 қуттӣ ҷо ба ҷо менамуд, гуфт, ки имрӯзҳо помидор аз 5 то 9 сомонӣ арзиш дорад. Бо ин қимат ба фурӯш баровардани маҳсулот ҳам хароҷотро мепӯшонам ва ҳам эҳтиёҷоти хонаводаамро таъмин месозам. Ҷамъоварии помидорро 15 рӯз пеш оғоз карда будам. Ҳар қадаре, ки маҳсулот бештар шавад, нарху навои бозор ҳамон қадар арзон мешавад.

Ба қавли Суҳроб Шодиев, сокини  дигари маҳаллаи "Ғайрат”, деҳқонони ин ҷо таъминкунандаҳои асосии бозорҳои маҳаллӣ ва пойтахт ба ҳисоб мераванд. "То имрӯз ҷамъоварии ҳосил дар 232 гектар киштаи сабзавот шурӯъ гардидааст. Кор дар зиёда аз 50 гармхона аз моҳи январ оғоз мешавад. Мардум заҳмат кашида, дар се моҳ аввалин ҳосилро ба бозор мебароранд ва ҳоло зиёда аз 15 тонна помидор ва дигар маҳсулотро ба бозор баровардаанд”, - илова кард Суҳроб Шодиев.

Тибқи иттилои Абдуғаффор Султонзода, сардори шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, кишоварзони бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр дар моҳҳои  январ ва апрели соли 2020, мувофиқи дурнамо барои соли 2020, дар майдони 422 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронида шудааст, аз ҷумла 15 гектар ғалладонагӣ, 105 гектар сабзавот, 15 гектар карам, 15 гектар бехпиёз, 23 гектар бодиринг, 22 гектар помидор, 20 гектар картошка, 282 гектар пахта ва дигар сабзавотҳо бошад , 30 гектар ташкил медиҳад.

-Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1532,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39, 1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, - афзуд А. Султонзода. - Аз ин ҳисоб 202,5 ҳазор сомонӣ ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, 47, 2 ҳазор сомонӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 1282,9 ҳазор сомонӣ ба рост меояд.

Ҳамчунин, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр танҳо маҳсулоти сабзавот 50, 5 тонна, меваҷот 4,5 тонна ва картошка 30 тонна истеҳсол карда шудааст. Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ, таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот нишондиҳандаҳои иқтисодӣ беҳтар мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ аз ин маҳалла дидан карданд ва меҳнати сокинонро қадр намуданд. Ташрифи Сарвари давлат ба маҳаллаи «Ғайрат» рӯҳбаландии деҳқононро дучанд намудааст. Сокинони маҳалла, ки аксар пешаи деҳқони доранд ҷавобан ба ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳамеша саҳми арзанда гузоранд.

Комрони БАХТИЁР



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

Арсаи кишоварзӣ

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ АЗ ЯК МИЛЛИАРД СОМОНӢ ЗИЁД ШУД

Иқтисоду тиҷорат

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ

Ёвон: тамоми сол маҳсулоти тару тоза

Арсаи кишоварзӣ