Дар як сатр
» » МУҲИТИ САБЗУ ХУРРАМ АЗ ҶОМЕАИ СОЛИМ ВОБАСТАГӢ ДОРАД

МУҲИТИ САБЗУ ХУРРАМ АЗ ҶОМЕАИ СОЛИМ ВОБАСТАГӢ ДОРАД

11-06-2020, 06:45

Экологонӣ хатлонӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист аксия ташкил намуда, дар доираи он ба мардум корҳои оммафаҳмонию тақсимоти ниқобу маҳлулҳои безараргардонӣ ва варақаҳои иттилоотиро ба роҳ монданд. 

Роҳбарияти Раёсати ҳифзи мухити зисти вилояти Хатлон, амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва безарар гардонидани муҳити зист, амалӣ намудани чораҳои зидиэпидемикиро дар ҳама шаҳру навоҳии вилояти Хатлон пайи амал қарор дода, тадбирҳои  саривақтиро пиёда менамоянд.

Шаби 4-уми июни соли равон роҳбарият ва кормандони муҳити зисти вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон ва дигар сохторҳо амалҳои безараргардониро дар кӯчаю хиёбонҳо ва ҷойҳои сераҳолии шаҳр ташкил намуданд. Бо истифода аз техникаю таҷҳизоти муосир ва маҳлулҳои безараргардонӣ аз майдони Парчам ва ба номи Исмоили Сомонӣ оғоз бахшида, ин корро дар тамоми кӯчаю маҳалаҳои шаҳр идома доданд.

  Дар баробари ин, аз ҷониби Раёсати болозикр варақаҳои иттилоотонӣ ва шиору овезаҳо иборат аз тавсияҳои пешгирӣ аз коронавирус дар маркази шаҳр, дар ҷойҳои сераҳолӣ насб гардидаанд, ки ин имкон фароҳам меорад, мардум аз хавфи беморӣ, роҳҳои пешгирӣ ва оқибати марговари он воқиф гарданд.

Рӯзи 5 июн дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Раҳмон Мӯрчаеви шаҳри Бохтар роҳбарият ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зист, зерсохторҳои он ба аҳолии шаҳр маводҳои зиддивирусӣ ва пешгирӣ аз бемории COVID-19, аз қабили ниқоб, дастпӯшак ва маводҳои антисептикӣ, ҳамчунин,  варақҳои иттилоотиро ба таври ройгон расониданд.

 Ин иқдоми наҷибона дар чор минтақаи шаҳр ба роҳ монда шуд. Дар ҳақиқат, ҳифзи саломатӣ ва таъмини амнияти экологии мардум аз ҳифзи муҳити зисти солим вобаста аст. Дар шароити имрӯза вобаста ба паҳншавии бемории COVID-19 ҳар як шаҳрванд барои риояи гигиенаи шахсӣ аз ашёҳои муҳофизаткунанда бояд истифода барад. Фаромӯш набояд кард, ки истифодаи ин маводҳо метавонанд моро аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин доранд.

Худи ҳамон рӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон   дар доираи меъёрҳои муқарраршудаи  Вазорати тандурустӣ ҳамоиш барпо шуд.

Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурраҳмонзода Сайумрон зимни суханронӣ қайд дошт, ки аз рӯзи эълон гаштани Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист 48 сол сипарӣ гардид. Гуфта шуд, ки имрӯз ҳифзи муҳити зист ба яке мушкилоти глобалии ҷаҳон табдил ёфтааст. Гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо, тундбодҳо, норасоии оби ошомиданӣ, олудашавии ҳавои атмосфера, зиёд шудани партовҳои истеҳсолию маишӣ, бахусус зарфҳо ва дигар маводи пластикӣ, паҳншавии беморихои сироятӣ ва дигар офатҳои табиӣ ташвиши мардуми сайёраи заминро дучанд намудааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки дар тозагии муҳити зисти худ ва табиат саҳмгузор бошад.

Баъди анҷоми чорабинӣ дар боғи   фарҳангии назди бозори "Фаровон”, Кохи ватан, майдони Парчам, терминали мусофиркашонӣ, маводҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд.  Дар ин баробар, варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда, моҳияти онро ба мардум фаҳмониданд. Таъкид доштанд, ки қоидаҳои мукарраршудаи 
безарар намудани ашёи истифодашударо, ҳатман, риоя намоянд. - Бо иҷрои доимии ин қоидаҳо шаҳрвандон метавонанд мухити зисти худ ва атрофиёнро ҳифз намуда, дар пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 низ саҳмгузор бошанд, - зикр шуд дар интиҳои ҳамоиш.

Далер Шарифов



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КУМАК БА НИЁЗМАНДОН

Ҳаёти иҷтимоӣ
Моро ба масъулияти бештар ҳидоят менамояд

Моро ба масъулияти бештар ҳидоят менамояд

Тандурустӣ ва экология
Дар солимгардонии муҳити зист саҳм мегиранд

Дар солимгардонии муҳити зист саҳм мегиранд

Тандурустӣ ва экология
1145 нафар барои зиён расонидан ба табиат ҷарима шуд

1145 нафар барои зиён расонидан ба табиат ҷарима шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад

Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА