Дар як сатр
» » Кумаки молиявӣ ба собиқадорони матбуот

Кумаки молиявӣ ба собиқадорони матбуот

11-06-2020, 06:41

Дар асоси дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои инсонпарваронаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сартосари вилоят кумакҳои хайрхоҳона ба табибон, собиқадорони меҳнат аз ҷониби шахсони алоҳида, ташкилоту муассисаҳо, вазорату кумитаҳо расонида шуда истодааст.

 

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ дар ин марҳилаи душвор, ки сартосари ҷаҳонро бемории пандемия (COVID- 19)  фаро гирифтааст ба як гурӯҳ собиқадорони вилояти Хатлон кумакҳои молиявӣ расонид. Беш аз 10 нафар собиқадорони матбуоти тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ин кумаки башардӯстони Иттифоқи журналистон бархӯрдор гардиданд ва миннатдории хешро ба Роҳбари давлат ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон расониданд. Аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки заҳматҳои бисёрсолаашон дар рушду нумӯи матбуоти тоҷик, радио ва телевизион имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ мегардад.

Тавре ки собиқадори матбуот Саидҷаъфар Баёзӣ иброз дошт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  Президенти мардумӣ мебошад. Зеро ҳамеша миёни мардум аст, дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ низ тавонист ба мардуми ноумедгашта умед бахшад. Бо сиёсати хирадмандонаву оқилонааш Меъмори ваҳдат-Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бахшид. Ба мардум сулҳ овард, фирориёнро ба ватан бозовард, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати рушду тараққиёфта муаррифӣ намуд. Бо пешниҳодҳои ҳадафмандонаву созандааш дар миқёси ҷаҳон баҳри ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонидошта муаррифӣ намуд.

Ҳамин тавр, собиқадорони матбуот: Шамсиддин Муҳаммадиев, Сайдалӣ Бобохонов, Ғайбулло Ҳалимов, Боймурод Сайдалиев, Рустам Одинаев арзу эҳтироми хешро нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат баён доштанд.

Вахшона



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТАШАККУР БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БАРОИ КУМАКҲОИ ХАЙРХОҲОНА

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
КУМАКИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ТАБИБОНУ БЕМОРОНИ ВИЛОЯТ

КУМАКИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ТАБИБОНУ БЕМОРОНИ ВИЛОЯТ

Ҳаёти иҷтимоӣ

МАҚСАД - ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ АҲОЛӢ

Ҳокимияти давлатӣ
Ваҳдат созандагист

Ваҳдат созандагист

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Кумак ба 14 собиқадори ҶБВ дар Қӯрғонтеппа

Кумак ба 14 собиқадори ҶБВ дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА