Дар як сатр
» » КУМАКИ НАВБАТИИ СОҲИБКОР ШАМСУЛЛО СОҲИБОВ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

КУМАКИ НАВБАТИИ СОҲИБКОР ШАМСУЛЛО СОҲИБОВ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

11-06-2020, 06:37

Бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус, дастгирии табибон ва бемороне, ки ба ин навъи беморӣ гирифтор гардидаанд, то ин муддат ба беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Хатлон миқдори калони кумак, аз ҷумла маводи доруворӣ, лавозимоти зарурии тиббӣ, маҳсулоти ғизоӣ дастрас карда шуд.

 

Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: "Шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад”.

Зимнан пешниҳоди Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси мамлакат дастгирии ҳамаҷониба ёфта, баҳри таъмини шароити зарурии табобат дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои бунёдкориву барқарорсозӣ ва расонидани кумакҳо амалӣ карда шуд.

Маротибаи дуюм аст, ки соҳибкор Шамсулло Соҳибов миқдори зиёди доруворӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббиро ҳамчун кумак ба вилоятҳои Суғду Бадахшон ва Хатлон интиқол медиҳад.

Ин навбат низ бо мақсади дастгирии табибон, дастрасии бештари онҳо ба маводҳои доруворӣ, лавозимоти зарурии тиббӣ як миқдор кумак ба вилояти Хатлон ворид карда шуд.

Кумаки расида аз ниқобҳои пластикӣ, спирт, айнак, таҷҳизоти нафасдиҳӣ (оксигенератор, ИВЛ), либосҳои муҳофизатӣ иборат буда, ба иттилои масъулин, маводи даст-расшуда барои беморхонаҳои марказии гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоят пешбинӣ гардидааст.

Шамсулло Соҳибов соҳиб-кори муваффақи давр ҳадаф дорад, ки то охирин лаҳзаҳои коҳиш ёфтани шиддати коронавируси нав табибон ва беморони гирифтори ин бемории сироятиро дастгирӣ намуда, бо ин амали хайру савобҷӯёнаи худ дар ҳифзи сиҳатии мардум саҳмгузор бошад.

Кумаки навбатии соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов таҳти шиори "Шифо ва ҳамдилӣ” ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб низ дастрас гардид.

Амирхон Айниев, директори маркази тибби оилавии шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки бо мақсади таъмини таҷҳизоти зарурӣ ба беморхонаи ноҳиявии Ҷамоати деҳоти "Зиракӣ”-и шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ин соҳибкори ватанӣ ба 7 шуъбаи алоҳидаи ин беморхона хатҳои нафасгирии оксигенӣ кашида шуд, ки то ин вақт чунин шароит дар ин беморхона мавҷуд набуд.

Ҳусния Ғафурова, мудири шуъбаи таваллуди беморхонаи ноҳиявии Кӯлоб зикр намуд, ки дар ин давраи ҳассос, ки тамоми дунё, аз ҷумла Тоҷикистони моро низ фаро гирифтааст, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва хосатан бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми беморхонаҳои кишвар, аз ҷумла ба беморхонаи ноҳиявии Кӯлоб иловатан ду таҷҳизоти наву замонавии нафасдиҳӣ дастрас гардонида шуд, ки дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ кумаки арзанда аст. Бо мақсади таъмини шароити зарурӣ бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин беморхона иловатан боз 40 хати нави нафасдиҳии сунъӣ дар ҳуҷраҳои махсуси табобатӣ васл гардид, ки иқдоми мазкур аз ҷониби табибони шаҳри Кӯлоб ба хушнудӣ пазируфта шуд.

Ҳ. ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТАШАККУР БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БАРОИ КУМАКҲОИ ХАЙРХОҲОНА

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ

ВОРИСОНИ СИНО БА АҲД УСТУВОРАНД

Ҳаёти иҷтимоӣ

ШИФО ВА ҲАМДИЛӢ

Тандурустӣ ва экология

БО ДАСТУРИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА 300 КОРМАНДИ СОҲАИ ТИБ МАВОДИ ОЗУҚА ДАСТРАС КАР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ