Дар як сатр
» » БАҲОИ БАЛАНДИ ВИРУСОЛОГҲОИ ХИТОӢ

БАҲОИ БАЛАНДИ ВИРУСОЛОГҲОИ ХИТОӢ

11-06-2020, 06:35

Табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нав - COVID-19 яке аз ҳадафҳои аслии сафари гурӯҳи мутахассисони соҳаи тиб аз Чин ба Тоҷикистон мебошад.

Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ин нукта зимни мулоқоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ҳайати 14-нафараи мутахассисони соҳаи тиб, вирусологҳо аз музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки ба шаҳри Бохтар ташриф овардаанд, баррасӣ гардид.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, зикр намуд, ки табибони чиноӣ таҷрибаи ғании муқобила бо COVID-19-ро доранд ва машварату ҳамкории мутахассисони тоҷик бо онҳо дар амри мубориза алайҳи ин беморӣ судманд хоҳад буд.

- Ҳоло дар вилояти Хатлон 1666 муассисаи тиббӣ амал мекунанд, ки аз ин теъдод 1510 ададаш муассисаҳои амбулаторию дармонгоҳианд ва шумораи умумии катҳои бистаринамоӣ дар вилоят ба 12 ҳазор адад мерасанд, - қайд кард муовини раиси вилоят. - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19 дар сатҳи вилоят Ситоди доимоамалкунандаро таъсис дода, имрӯзҳо тамоми ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъат дода истодаанд. Аз  ҷумла, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам безараргардонии бинои ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо бо мақсади пешгирии CОVID-19 амалӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон қайд гардид, ки шурӯъ аз моҳи феврал то имрӯз дар сатҳи вилояти Хатлон корҳои оммафаҳмонию тарғиботӣ ва безараргардонӣ дар тамоми муассисаю ташкилотҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ, бозору дӯконҳо, корхонаю идораҳо, боғҳо, гулгашту хиёбон ва кӯчаю маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ гузаронида шуда, дар воридгоҳи тамоми иншоотҳо саддҳои безараргардонӣ гузошта шудааст.

Ба ҳолати 15 майи соли ҷорӣ дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои чорабиниҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон наздик ба 10 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таъсис дода шуда, корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро бо усули "хона ба хона” оид ба кишти зироатҳои баҳорӣ, такрорӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва тозагии муҳити зист дар  ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, имомхатибон, раисони ҷамоатҳо ва дигар аҳли ҷамоатчигӣ пурзӯр намуда, аъзои гурӯҳи корӣ ба ҳар як оила огоҳинома ва тавсияномаҳоро оид ба роҳҳои пешгирии бемории мазкур дастрас намуданд. Дар ин муддат, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ ва бригадаҳои махсуси соҳаи тандурустӣ аз рӯйи усули фардии "хона ба хона” гардиши хоҷагиҳо ба роҳ монда шуда, наздик ба се миллион нафар ба суҳбат ва фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шудаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши тиббӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ зиёда аз 1 миллион адад маводҳои иттилоотӣ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбакӣ миёни аҳолӣ тақсим карда шуд.

Ҷӣ Венкуй, намояндаи ҳайати табибони чиноӣ, дар навбати худ қайд кард, ки мутахассисони чиноӣ ба тадбирҳои зиддиэпидемикие, ки дар вилояти Хатлон андешида шудаанд, баҳои баланди касбӣ медиҳанд.

- Як қатор корҳои муҳим, саривақтӣ ва хеле муфид анҷом дода шудаанд, ки ҷониби Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус аз таҷриба, касбияти баланд ва масъулиятшиносии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ шаҳодат медиҳад, - афзуд ӯ. – Музофоти Шэнсӣ ва вилояти Хатлон бародарвилоятанд ва мо омодаем, ки тамоми донишу таҷрибаи худро бо табибони хатлонӣ тақсим кунем.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзи 24 майи соли равон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла  коронавируси нави  COVID-19 аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Тоҷикистон ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуда, гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб, асосан, вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой ба кишвари мо омаданд.

Ҳайати табибони чинӣ пас аз мулоқоту табодули афкор бо мутахассисони Раёсати тандурустии вилоят дар шаҳри Бохтар, инчунин, аз муассисаҳои тиббии ноҳияи Данғара дидан намуданд.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БО ДАСТУРИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА 300 КОРМАНДИ СОҲАИ ТИБ МАВОДИ ОЗУҚА ДАСТРАС КАР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология

РАИСИ ВИЛОЯТ МАОШИ ЯКМОҲА ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ РАИС ЯК ҚИСМИ ҲАҚМУЗДАШОНР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХА ...

Ҳокимияти давлатӣ