Дар як сатр
» » ИШТИРОКИ ҲАЗОР НАФАР ДАР СОХТУСОЗИ МАНЗИЛҲОИ НАВ

ИШТИРОКИ ҲАЗОР НАФАР ДАР СОХТУСОЗИ МАНЗИЛҲОИ НАВ

11-06-2020, 06:34

Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар маҳаллаи навбунёди Чорбоғ ба ҳар яке аз 67 хонаводаи зарардида 8-сотихӣ замин барои сохтмони манзил ҷудо шудааст. Сохтмони хонаҳои нав бомаром идома дорад.

Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади тезонидани корҳои сохтмонӣ (шабона) дар ин маҳал чароғҳои неруманд насб карда шуда, хатти оби нӯшокӣ кашидаанд. Инчунин, ҳамарӯза барои то ҳазор нафар аҳолии зарардида аз офати табиӣ ва сохтмончиёну коргарони ихтиёрӣ ду вақт - нисфирӯзӣ ва шомгоҳ таоми гарм тайёр карда мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Ситоди бартарафкунии офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон 1 адад нақлиёти тамғаи "Урал”-ро, ки дорои таҷҳизоти зарурӣ барои ташкили ситоди сайёр аст, дастрас намудааст.

Аз тарафи муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Хуросон тавассути грейдер 1 км мавзеи шаҳрчаи хаймавӣ ҳамвор карда шуд. Инчунин 1 адад мошини борбари "КАМАЗ” барои кумаки аҳолӣ дар корҳои сохтмонӣ сафарбар шудааст. Аз тарафи ширкати "Синоҳайдро” 2 адад "КАМАЗ” ҷудо карда шуда, дар бунёди манзилҳо ба аҳолии зарардида  хизмат мерасонанд.

Танҳо бо ибтикори хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон дар як рӯз 5 маротиба санг барои рафти сохтмони хонаҳо кумак расонида шуд.

Дар шаҳрчаи хаймавӣ нав-батдории шабонарӯзии табибон ва оташнишонҳо бо воситаҳои нақлиётии махсус ташкил карда шудааст. Тамоми хонаводаҳо аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳамчунин, кӯдакон моякӯбӣ мешаванд.

Тамоми қаламрави шаҳрчаи хаймавӣ пурра бо барқ таъмин карда шудааст.

Сироҷиддин Бобохонов, сарвари яке аз 67 хонаводаест, ки дар маҳалли Чорбоғ соҳиби 0,08 га замин шуда, аллакай зербинои манзилашро бунёд кардааст. Ӯ мегӯяд, ки аз ҷониби давлат барои оилааш масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, тахта, арматура, инчунин, миқдори кофии маводи озуқа дастрас шудааст. Ихтиёриён ва сарбозони КҲФ дар кори сохтмони манзил ба хонаводаи С. Бобохонов ва дигар зарардидаҳо мунтазам кумак мекунанд.

Маҳмурод Солиев низ аллакай лоиҳаи сохтмони манзилашро аз мутахассисони соҳаи бинокорӣ дастрас намудааст. Ӯ низ айни замон кумакҳои болозикрро даст-рас намуда, барои ғамхории ҳамешагии Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия изҳори миннатдории самимӣ мекунад.

- Аз рӯзи аввали сар задани ин ҳодиса мо худро танҳо эҳсос намекардем, - мегӯяд М. Солиев. - Тамоми ниҳодҳои давлатӣ дар паҳлуи мо буданд. Аз роҳбарияти давлат, вилоят, шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки пайваста бо маводи ғизоӣ, ашёҳои рӯзгор, масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида, дастгирии рӯҳию маънавиашонро дареғ намедоранд, сидқан сипосгузорам.

- Ният дорам, ки то 1 август сохтмонро ба анҷом расонида, вориди манзили нави хуштарҳамон гардем, ки он аз 5 ҳуҷра иборат хоҳад буд, - мегӯяд Сироҷиддин Бобохонов.

Қарор аст, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 9 сентябр бунёди ҳамаи 67 манзили истиқоматӣ ба анҷом расида, оилаҳои зарардида ин ҷашни умумимиллиро дар манзилҳои нави худ пешвоз бигиранд.

Ҳангомаи ИСМАТ,

"Хатлон”


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА ВА ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ МАҲАЛҲОИ  ОСЕБДИДА А ...

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА ВА ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ МАҲАЛҲОИ ОСЕБДИДА А ...

Ҳаёти иҷтимоӣ

РОҲҲО БУНЁДУ НАВСОЗӢ МЕШАВАНД

Ҳаёти иҷтимоӣ

ФАРХОР. АЗМИ БУНЁДУ НАВСОЗИИ 324 ИНШООТ

Хабарҳо
258 МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ХАРОБ ГАРДИД

258 МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ХАРОБ ГАРДИД

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ихтисоси 245 ҳазору 470 сомонӣ барои бозсозии 10 манзили аз офати табиӣ хар ...

Ихтисоси 245 ҳазору 470 сомонӣ барои бозсозии 10 манзили аз офати табиӣ хар ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА