Дар як сатр
» Материалы за 02.03.2019
11:0102 март

Ниҳодҳои давлатӣ дар қазияи Гадоев комёб буданд (Оё Сулаймон Давлатов ба ваъдааш вафо мекунад?)

Бо баргардонидани Гадоев Шарофиддин, ки шоми 2-юми март сурат гирифт, ниҳодҳои давлатӣ фарҳанги воло ва мудирияти истисноӣ нишон доданд. Сараввал, заминаи бозгашти раҳбари «Паймони ба ном миллӣ»-ро мусоид сохтанд ва ба мухолифон фаҳмонданд, ки дар гӯр ҳам бошанд, дар дастрасии қонун қарор доранд. Ҳамин тартиб, Қонуни авф нисбат ба Гадоев бо ҳамон дароят ва иқтидори истисноии ниҳодҳои ҳукуматӣ татбиқ шуд. Амалан, аҷобати кор дар ҷойи дигар мавҷуд аст. Бо омадани Гадоев ба Точикистон 2 созмон аз байн рафтанд, яке «Гурӯҳи 24», ки расман аз фаъолият дар хориҷа даст кашид ва дуюмӣ, «Паймони зиддимиллӣ», решаҳои хориҷӣ ва наҳзатӣ дошт.