Дар як сатр
» Материалы за Феврал 2019 года » Страница 8
17:2706 феврал

Профессори турк: «Миллати тоҷик бо чунин Сарвари фозил ва арҷманд бояд ифтихор кунад»

ДУШАНБЕ, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.Тавре қаблан хабар додем, 5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Дар ин Симпозиум иштирокдорон дар мавзӯъҳои бадномкунӣ ва суиистифодаи дини мубини Ислом аз тарафи террористон, даст задани аъзои ба ном ҳизбҳои «исломӣ» ба ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштор, фаҳш, кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо бо кишварҳои бадхоҳ сухан гуфтанд.


17:1906 феврал

Дар Туркия Симпозиуми байналмилалии «Муқовимат бар зидди ташкилоти террористии наҳзат» доир гардид

ДУШАНБЕ, 6.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ зери унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Ин ҳамоиш зимни даъвати расмии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ҷониби Муфтиёти Туркия доир карда шуд. Дар Симпозиуми мазкур ходимони динии Тоҷикистон ва Туркия, олимон, унвонҷӯён, мутахассисони самти мубориза бар зидди терроризм, дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Анқара, Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва Анҷумани тоҷикон дар Туркия ширкат доштанд.


17:0104 феврал

Бозшинохти робитаи ҳаракати босмачигарӣ бо фитнаи наҳзатӣ

Масъалаҳое, ки Карим Давлатов дар мақолаи «Ҳаракати босмачигарӣ чун лаккаи таърихии наҳзатӣ» ба миён гузоштааст, дар ҷомеаи имрӯзаи мо ба хотири тарбияи солими насли ҷавон хеле ба маврид буда, аз аҳамияти калони назариявию амалӣ бархурдор мебошад. Ин ҷо ҳак ба чониби муаллиф аст, вақте ӯ байни босмачиҳо ва наҳзатиҳо як айнияти равшанеро мушоҳида менамояд.


16:5304 феврал

Муроҷиат ба муроҷиати «озодандешон»-и бадсиришт

Одат шудааст, ки мисли чағораи сари роҳ, таъсисёбиву изҳоротпарешии ғуломбачаҳои озодандеши ҳарамхонаҳои Ғарб бо раҳбарии шахси беурзаву нишони инсонӣ Алимҷуни Шерзамун, гоҳ ногоҳ фазои маҷозиро махлут мекунад. Ин дафъа ҳам мисле ки аз марги Воҳидова Файзинисо байрақ сохтанду бо иттиҳому гуноҳҳои беасосу поя мардумро ҷанг андохтанӣ шуданд, боз часпиданд ба пойи сарбози шодравон Исафандиёр МирзоҳасановБо тафовут аз шумо разилоне ки на хизмати аскарӣ кардеду на ҳимояи Ватанро медонед, Исфандиёр бо сари баланду виқори воло дар хизмати Ватан буд. Бо ҳар сабабе ки бошад, ба ҳақ пайваст.


15:2003 феврал

Давлат Худоназаров: Ман тоҷикам

23.01.2019 Коргардони номӣ ва фаъоли иҷтимоӣ Давлат Худоназаров дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи ватан ва арзишҳои миллиаш нақл кард

Лев Рыжков.