Дар як сатр
» Материалы за 07.02.2019
18:4107 феврал

Д.НАЗИРОВ: ТАБАДДУЛОТИ КАБИРӢ БАРОИ МАНСАБИ РАИСИ ҲИЗБ (Ё ЧАРО МУРТАДГӮИРО АЗ НАҲЗАТ ОМӮХТЕМ)

МусоҳибаиДавлатхӯҷа Назиров, доктори илмхои фалсафа, аъзои Иттифоки нависандагон ва журналистони Точикистон, сармухаррири газетаи «Щит» ба паҳлӯҳоиноравшани раҳбарияти наҳзатва даст доштани Кабирӣдартабаддулоти даруниҳизбӣравшанӣмеандозад.


 

18:3307 феврал

Босмачиёни асри ХХI

Аз солҳои навадуми асри гузашта оғоз карда масъалаи қаҳрамон ҳисоб кардани босмачиҳорафтору кирдори онҳоро ситоиш карданбо «шаҳиди аъло» баробар кардани онҳо шуруъ гаштДар байни аҳли илм низ ин масъала баҳсбарангез будагуруҳе онҳоро хоинону душмани халқ ва гуруҳи дигар баръакс ватанпарасту қаҳрамон медонандҲол он астки барои комилан ҷавоби саҳеҳ гардонидан ба ин масъала таҳлил ва тадқиқи садҳо ҳуҷҷату санадҳои ҳарду дидгоҳ лозим аст.


18:2607 феврал

АЗ “НАҲЗАТ” ТО “БОСМАЧИГАРӢ”

Дар замони муосир ва умуман дар таърихи чандинсолаи миллати куҳанбунёди тоҷику тоҷикистонӣ мафҳумҳои "босмачӣ” солҳост, ки аз фикру андешаҳои мардум фарсангҳо дур шуда, дар хотири мардуми сулҳпарвару ватандӯст ёдрас намешуд. Имрӯз ин мафҳум, махсусан, барои ҷомеа ва ҷавонони кишвар хеле норавшан аст. Зеро имрӯз мафҳумҳо ва амалҳое, ки ба мардум даҳшату зӯроварӣ, ноадолатӣ, хиёнаткориву ватанфурӯшӣ ва дурӯягиро ташвиқ мекунад, ба миён омадааст, ки огоҳӣ пайдо намудан ба падидаҳои иҷтимоӣ барои ҷавонон ва ҷомеаи имрӯза хеле муфид мебошад.



18:1907 феврал

Кабирӣ босмачии замони муосир

Пас аз истиқлолияти давлатӣ як гуруҳ манфиатҷӯёни ватанфурӯш, ки баъдан ТТЭ ҲНИ-ро асос гузошта, ҳодисаи манфури ғайриинсониро, ки қатлу куштори мардуми бегуноҳро фаро гирифта буд, такрор карда, ҳатто бо шеваҳои муосири куштор бар сари мардуми тоҷик як балои азимро оварданд. Дар оғози асри гузашта, аз ҷумла даҳсолаи дуюм бо дастгирии амир «Иброҳимбекқатли ом ва ғоратгариҳои худро давом дод». Хоҷагони ТТЭ ҲНИ, ки ҳамин вазифаро дар шароити муосир бар дӯш гирифтаанд, як давра кишварро ба майдони ҷанг табдил дода, онро ба оташ кашиданӣ шуданд. Бо эътирофи Кабирии хиёнатпеша ТТЭ ҲНИ идомаи ҳамин гуна корҳоро анҷом дода истодааст ва ин босмачиёни хунхор ба таври кофӣ хулоса набароварда, чунин хиёнаткориро суръат бахшида истодаанд. Бояд қайд намоям, ки ҳаракати босмачигарӣ ғайримиллӣ буда, барои озори мардум бо роҳбаладии хоҷагони турктаборашон мардуми тоҷикро ғорат намуда, тани онҳоро ба хун оғушта намуда буданд. Кабирии босмачӣ ҳамчун бобоёни босмачиаш аз мардуми тоҷик чи мехоҳад? Худро босмачӣ гуфтани Кабирӣ як ахмақии маҳз аст ва маълум, ки ӯ манқурт шуда, аз аслу насабаш бегона гаштааст. Кабирии манқурт Иброҳимбеки ари 21 аст. Масалан, Иброҳимбек падараш Чақабой ном дошт ва ин чақайбой аз ҷамоаи туркии Шарқии Бухоро буд. Абераи ҳамин Чақайбой писари Иброҳимбек Муҳиддин Кабирӣ ба шумор меравад, ки аслан тоҷик нест. Ин модарбахато барои нобуд кардани тоҷикони Осиёи миёна камари ҳиммат баста, аз дини мубини ислом барои манфиатҳои худ истифода карда, ин манбаи поку беолоишро ба ақоиди босмачигарӣ олуда сохтааст. Аз чунин мавкеъгариҳо бараъло намудор мешавад, ки ислом ба ин хоинон танҳо як аслиҳае беш нест. Иброҳимбеки турктабор низ аз ислом истифода карда, барои барқарор кардани ҳукумати амири лақай кӯшиш мекард ва аз Анварпошшо –сарлашкари турк пайравӣ менамуд, ки ин гуна мавқеъгариҳои ғайримиллӣ боиси муқовиматҳои мардумӣ мешуд. Шеваҳои кори Муҳидин Кабирӣ низ ҳамчун босмачии замони нав аз ҳамин омил сарчашма мегирад.


18:1107 феврал

Кабирии босмачӣ

Аз таърих ба мо маълум аст, ки Иброҳимбек яке аз сардорони дастаи босмачиҳо буда, зидди ҳокимияти Шуравӣ баромад кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки босмачиҳо моли мардумро ғорат карда одамонро хонавайрон мекарданд. Имрӯзҳо бошад роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо аз сомонаҳои интернетӣ баромад карда, босмачиёнро ҳимоя мекунад.


18:0107 феврал

КАБИРӢ ҲАМХУНИ ИБРОҲИМБЕКИ БОСМАЧӢ ?

Чи хеле, ки ба мо маълум аст баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, дар қаламрави Осиёи Миёна Ҳокимияти Шӯравӣ барпо гардид. Аз ҷумла дар Тоҷикистони Шӯравӣ низ имконият барпо гардид, лекин қувваҳое буданд, ки зидди Ҳокимияти Шӯравӣ баромад мекарданд, ки онҳоро босмачиён меномиданд. Мо медонем, ки номҳои машҳуртарини онҳо дар қаламрави Тоҷикистон Анварпошшо, Салимпошшо, Фузайл Махсум, Эргаш ва Иброҳимбек ва ғайра буданд. Мақсади онҳо пеш аз ҳама нест кардани Ҳокимияти Шӯравӣ буд ва онҳо чӣ қадар амалҳои ғаразнокро барои ин амалҳо истифода мебурданд ва дар натиҷа, соли 1931 охирин намоянда-сарвари дастаи босмачиён Иброҳимбек дастгир карда шуда, кушта шуд.