Дар як сатр
» Материалы за 06.02.2019
22:5006 феврал

«Freedom House» дар хизмати кист?


Тоҷикистон тоза ба истиқлолият расидаву ҷойгоҳи худашро дар арсаи байналмиллалӣ пайдо намуда истодааст. Пешравиҳои кишварро ҳамагон мебинему аз онҳо пурра огоҳӣ доред. Лекин чунин пешравии босуръат дар ҳама самтҳо на барои ҳамаи давлату созмонҳои байналмиллалӣ писанд аст. Бо касб кардани соҳибихтиёрӣ шумораи ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон ба маротиби зиёд гардид. Бо баҳонаҳои гуногун ин созмонҳо Тоҷикистонро мавриди танқид қарор медиҳанд. Аз озодии баён шиква менамоянду аз маҳдудиятҳои динӣ гила мекунанд. Ҳамаи онҳое, ки имрӯз аз Тоҷикистон интиқод менамоянд, аз ҷониби ИМА кишварҳои Аврупоӣ пуштибонии молиявӣ меёбанд, ки албата ба манфиатҳои милии кишвар созгор намебошанд.

Дар давоми 10-15 соли охир сару садоҳо дар бораи ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳое монанди «freedom house», «amnesty international» ва дигарон ба ҳукми анъана даромаданд. Созмонҳои мазкур тамоми ашхосе, ки аз ҳукумати кишвар норозӣ мебошанд, гирди худ ҷамъ намуда, бо ёрии онҳо манфиатҳои хоҷагони худро амалӣ месозанд.

Новобаста аз оне ки онҳо иқрор нестанд, аммо барои ҳамагон ошност, ки фаъолияти онҳо аз ҷониби хадамоти махсуси Амрико ва кишварҳои Аврупо назорат ва роҳандозӣ мегардад. Барои мисол метавон аз суханронии Ҷемс Клеппер директории Раёсати марказии кашшофии ИМА ёдовар шуд. Ӯ замони роҳбарии ин ниҳод дар назди Конгрес суханронӣ намуда, қайд карда буд, ки ба хотири поин бурдани нуфӯзи Русия дар Ховари Наздик ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 4,3 млрд доллар хоста буд, ки танҳо барои кишварҳои ИДМ 953 миллион доллари он равона гардид. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳамарӯза Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ бо баҳонаи «озодии сухан» мавриди ҳамлаи ҳамингуна ташкилотҳои қарор мегиранд. Манфиатит онҳоро то ин замон мардумони оддӣ эҳсос накардаанд. Ягона фаъолияташонро дар иғвоангезиву ҷангандозӣ, бадном кардани ҳукумат ва давлат дидаему халос.

Яке аз чунин созмонҳои «демократихоҳ» созмони Freedom House мебошад. Созмони мазкур аз соли 1973 шохиси давлатҳоро аз нуқтаи назари «озодӣ» омода менамояд. Охирин гузориши ин созмон ҳафтаи равон ироа гашт, ки 195 кишвари дунёро фаро гирифтааст.

Тоҷикистон дар ҳисоботи ин созмон ҳамчун кишвари ноозод баён шудааст. Муаллифони гузориш даъво пеш овардаанд, ки гӯё ба гуногунандешон фишор оварда мешаваду онҳоро намегузоранд, фаъолиятҳои сиёсии худро озодона анҷом расонанд. Гӯё дар кишвар таъқиби озодандешон идома дорад. Бо ибораи дигар соҳибони ин созмонҳо талош намуда истодаанд, ки ба имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ зарба зананд. Вале, ба саволи он ки кӣ ба онҳо иҷозат додааст, ки ба корҳои дохили як кишвари дигар дахолат кунанд, касе ҷавоби возеҳ надодааст. Барои чӣ як ташкилоти аврупоӣ ба худ иҷозат медиҳад, ки нисбати кишварҳои алоҳида чунин баҳогузорӣ намояд? Маълум аст, ки ташкилоти мазкур танҳо аз ҷониби чанд кишвари Аврупоӣ маблағгузорӣ мешавад, ва ҳатман ин ташкилот аз паи амалӣ намудани манфиатҳои ҳамон давлат мебошаду халос.

Аз Тоҷикистон гила доранд, ки фаъолияти ҳизбҳои хусусияти динидоштаро маҳдуд менамоянду намегузоранд, ки онҳо инҷо расман фаъолият намоянд. Вале, ба суоли кӣ бояд ҳимоя манфиатҳои миллии Тоҷикистонро аз дасти чунин аҷнабипарастон ба зима гирад, ин созмон посух надодаанд. Нагуфтаанд, ҳукумати кишвар маҷбур шуд, то ин ки сулҳу субот дар кишвар пойдор бошад, даст ба чунин иқдом зад. Ҳаргиз онҳо ингуна масъалагузорӣ наменамоянд. Зеро ин тавр масъалагузорӣ намудани ин созмон ба нафъи эшон набуду нест. Созмони мазкур ва созмонҳои ба ин монанд, намехоҳанд, ки ғайр аз кишварҳое, ки онҳоро маблағгузорӣ менамоянд, пеш раванду тараққӣ намоянд. Тараққӣ намудани давлатҳои дигар, махсусан кишварҳои пасошӯравиро умуман дидан намехоҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат ҳам ташкилотҳои террористиии дохиларо маблағгузорӣ менамоянду ҳам барои ҳимояи онҳо созмонҳои худро «роҳсипор» менамоянд, то ин ки худро танҳо эҳсос нанамоянд.

«Freedom House», ташкилоте мебошад, ки 80% маблағи он аз ҳисоби буҷаи Департаменти давлатии Амрико пардохт мешавад. Дар ҳоле ин созмон аз озодиву беғаразона будани фаъолияташ ҳарф мезанад, ки то соли 2005 собиқ директории Раёсати марказии кашофии ИМА (ЦРУ) Ҷемс Вулс роҳбари ин ташкилотро ба ӯҳда дошт. Модоме чунин шахсиятҳои калидӣ ин созмонро роҳбарӣ менамоянд, пас чӣ гуна ба беғаразона будани гузоришҳояшон эътимод намуд?!

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ маҳз семинарҳои ҳамин ташкилот буд, ки дастпарваронаш тавонистанд, дар Гурҷистону Украина, кишварҳои арабии Мисру Либия даст ба тазоҳурот зананду инқилобҳои ранго барпо намоянд. Худое накунад, ки дар кишварҳои мо низ ҳамингуна семинарҳои ғаразнок барпо намоянд. 

Шамсиддини Шӯҳрат, сокини н.Шоҳмансур, коршинос


 


22:4806 феврал

ЁДЕ АЗ РОДМАРДИ ГУЛШАНИ АДАБ

Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20-уми ноябри 1953 дар деҳаи Афардии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ба олами ҳастӣ чашм кушодааст. Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз кӯдакӣ ба нависандагӣ шавқу рағбати беандоза дошт ва барои ба ҳадафи бузурги хеш расидан ҳамеша кӯшиш ва саъю талош менамуд.

Шодравон Сайф Раҳимзод яке аз нависандагон ва рӯзноманигорони барҷастаи охири асри 20 ва ибтидои асри 21 ба ҳисоб меравад. 


Навиштаҷоташ таҷассумгари меҳру муҳаббат, эҳтиром, сулҳу субот ва арзишҳои инсонӣ мебошад. Устод Раҳимзод дар мусоҳибаҳояш ба худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ таъкид менамуд. Вай дар нигориши сухан сабку услуби хоси худро дошт. Бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсии мамлакат бо афроди афкорашон барои ҷамъият хавфнок бо қалам мубориза мебурд. Ин рӯзноманигор ва нависандаи забардаст дар тарғиби таҳкими ғояҳои давлатдории сохти конститутсионӣ нақши босазое дорад.

Бо ташаббуси устод Сайф Раҳимзоди Афардӣ ҳангоми раҳбарии Кумитаи радио ва телевизион дар фаъолияти васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон навгониҳо ба амал омаданд. Ӯ ҳамеша аз заруроти дастрасии ҷомеа ба озодии сухан мегуфт. Сайф Раҳимзоди Афардӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷа низ ҳамчун нависанда ва рӯзноманигор шинохта буд.

Устод Раҳимзод илова бар камоли касбияташ ҳамеша дар пайи омӯзиш буд. Шуғли дӯстдоштаи устод китобхонӣ буд. Ӯ дар ҷомеа, дар миёни омма хеле муаддабона муносибат мекард. Устод Афардӣ шогирдони зиёде дорад, ки ҳоло аз устодашон бо ифтихор ёд мекунанду набуданашро эҳсос мекунанд. Ҳайҳот, ки халқи тоҷик ба мисли ин гуна фарзандони муваффақи худро аз даст додааст. Устод Афардӣ дар оила хеле мушфиқу меҳрубон буд. Фарзандонро дар роҳи меҳри илму маориф, худогоҳиву худшиносӣ ва садоқат ба Ватан тарбия мекард.

Дар тӯли фаъолияташ ӯ аз он ифтихор дошт, ки Тоҷикистон озоду соҳибистиқлол гаштааст. Мехост дар он вазъи саргумии халқи тоҷик миллати тоҷикро бовар кунонад, ки ояндаи дурахшон ва мутараққӣ онро интизор аст.

Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар тарғиби таҳкими сиёсати Ҳукумати навтаъсиси демокративу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон пешсаф буд. Мардумро ба сулҳу субот ва оромӣ даъват менамуд. Вай ҳамчунин, дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоии худ ҷиҳати ҷалб намудан ва бархурдории мардум аз адабиёту санъати суннатии худ таъкид медошт.

Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҳрони сиёсӣ қарор дошт, гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин бо назардошти бастани Созишномаи истиқрори сулҳ онҳо аз ибтидо ваъдашиканӣ менамуданд. Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз ҷумлаи он ашхосе буд, ки чунин гурӯҳҳоро зери тозиёнаи танқиди шадид қарор медод. Ӯ дар суханрониаш меафзуд, ки на бояд бо чунин ғояҳои паст дар ҷаҳони мутамаддин даъвои қудрати сиёсӣ дошта бошанд. Ба ақидаи Сайф Раҳимзод чунин афкори носолим моро ба гузашта бармегардонад. Мутаасифона, 20-уми марти соли 2000 дар наздикии хонаи истиқоматиаш устоди суханро гумоштагони гурӯҳи иртиҷоии ТЭТ ҲНИ бо фармони роҳбарони он мавриди ҳамла қарор доданд, ки бар асари он ба ҳалокат расид. Халқи тоҷик муборизи қаламбадасти худро аз даст дод. Боз як суханвари мумтози адабистони тоҷик аз байни мо тоҷикон рафт. Воқеан, мусибат аст, вақте ки як равшанфикр аз ҷомеа дур мешавад. Чунки чароғи дониши он ба ҳама нурпошӣ мекарду ҳоло ки хомӯш шудааст, ҷомеаро хатари ҷаҳолат таҳдид мекунад.

 

Рустам Акрамов, сокини ш.Душанбе


17:2706 феврал

Профессори турк: «Миллати тоҷик бо чунин Сарвари фозил ва арҷманд бояд ифтихор кунад»

ДУШАНБЕ, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.Тавре қаблан хабар додем, 5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Дар ин Симпозиум иштирокдорон дар мавзӯъҳои бадномкунӣ ва суиистифодаи дини мубини Ислом аз тарафи террористон, даст задани аъзои ба ном ҳизбҳои «исломӣ» ба ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштор, фаҳш, кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо бо кишварҳои бадхоҳ сухан гуфтанд.


17:1906 феврал

Дар Туркия Симпозиуми байналмилалии «Муқовимат бар зидди ташкилоти террористии наҳзат» доир гардид

ДУШАНБЕ, 6.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ зери унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Ин ҳамоиш зимни даъвати расмии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ҷониби Муфтиёти Туркия доир карда шуд. Дар Симпозиуми мазкур ходимони динии Тоҷикистон ва Туркия, олимон, унвонҷӯён, мутахассисони самти мубориза бар зидди терроризм, дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Анқара, Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва Анҷумани тоҷикон дар Туркия ширкат доштанд.