Дар як сатр
» Материалы за Январ 2019 года » Страница 7
ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК
06:1718 январ

ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК

Ифтитоҳи роҳҳои байнисарҳадӣ ва гарм шудани муносибатҳои неки дӯстонаи тоҷикону ӯзбекҳо қалбу рӯҳи сокинони ҳар ду мамлакатро бозу мамнун кард. Воқеан ҳам, олӣ шуд. Ҳазорҳо сипосу аҳсан ва шодбахтӣ ба Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки қаробати қадимии тоҷикону ӯзбекҳоро барқарор карданд.

Сафари хотирмону пурсамар

аз Самарқанди қандманд

Боздиди банда ҳам аз ин кишвари дӯсту ҳамсоя самараи рафоқатҳову ваҳдати ҷовидонӣ шуд. Зимнан, орзу мекунам, ки ин дӯстиву таборӣ абадиву поянда бошад.

Бори нахуст ҳадафи тамошои Самарқанду Бухоро ва Тошканду Фарғонаро кардам. Хонуми гиромӣ Нафисахон Ниёзӣ, ҳамсояи неки мо ва яккаписарашон Нодир Ниёзӣ, ки эшон зодаи Самарқанданд, маро бо исрор ва даъвате аз ҷон ба зиёрати ин сарзамини бузургон роҳнамоӣ намуданд.

Роҳамон аз Панҷакенти қадим оғоз шуд ва аллакай дар он тарафи гузаргоҳ дӯстону хешони ин хонадон моро истиқболу пазироӣ карданд. Дар хонадони хешони наздики адиби ҷангноманавис Фотеҳ Ниёзӣ меҳмон шудем. Хуш ба ҳолашон. Хеле хушмуомилаву тоҷикона ҳарф мезаданд. Аҳли оилаи Ниёзӣ ва дигар ҳамсоягонаш сипосу дурудҳо ба Сарони ҳар ду кишвар мегуфтанд.

Субҳ ба тамошои Самарқанди таърихӣ пардохтем. Ин шаҳр аз қадимтарин шаҳрҳои дунё буда, дар асри 8 пеш аз мелод бунёд шудааст. Аҳолии Самарқанд наздик ба 600 ҳазор нафар буда, қисми бештари сокинонаш тоҷиконанд. Дар гузашта ин маконро Мароқанд мегуфтанд.

Ин ҷо пойтахти давлати Суғди қадим пазируфта шудааст. Таърихаш беш аз 3 ҳазор сол арзёбӣ мегардад. Дар Самарқанд беш аз 60 адад зиёратгоҳ мавҷуд аст. Ҳар сол беш аз 2 миллион нафар сайёҳон аз ин шаҳр дидан мекунанд.

Макони зиёрати ин ҷо бузургтаринашон Расадхонаи Улӯғбек, Майдони Регистон, Шоҳи зинда, Масҷиди Ҳазрати Хизр, Бибихонум, Гӯри амир, Хоҷа Аҳрор, зиёратгоҳи Имом ал-Бухорӣ, мақбараи Амир Темур, осорхонаи Садриддин Айнӣ ва хеле зиёди дигар мебошанд.

Мо нахуст аз майдони таърихии Регистон, ки ба феҳристи ЮНЕСКО шомил аст, дидан намудем. Дар асари «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ роҷеъ ба мадрасаву китобхонаҳои Регистон хонда будам. Қадимтарин мадрасаи Шердор ва Тиллокорӣ ин ҷо мавҷуд аст. Шукр, ки шабона ҳам Регистон дарҳои боз доштааст. Қариб дар рӯ ба рӯи Регистон хона-осорхонаи С. Айнӣ воқеъ мебошад. Аксари асарҳои Сардафтари адабиёти муосири тоҷик С. Айнӣ ҳамин ҷо эҷод шудаанд. Устод 35 сол дар ҳамин хона зиндагӣ карда будаанд. Ҳудуди Регистон ва мадрасаҳои атрофи он шабона ҳам шабеҳи рӯзҳои офтобӣ равшану пурнур аст.

Субҳи дигар ба зиёрати Имом ал-Бухорӣ роҳ пеш гирифтем. Номи аслии нависанда, муҳандис, муфассир ва донишманди бузург Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ будааст. Солҳои 810-870 зиндагӣ карда, 60 сол умр дидааст. Гузаштагонашро форс муаррифӣ карданд. Имрӯз ин оромгоҳи бузурги замон зиёратгоҳи хосу ом гардида, аз тамоми дунё сайёҳон ба ин ҷо ташриф меоранд.

Ба ҳамин тартиб, яке аз таборони Фотеҳ Ниёзӣ Наврӯзҷон моро ба дигар мавзеъҳои таърихии Самарқанд, аз ҷумла ёдгории Шоҳи зинда, Гӯри мир, Ҳазрати Хизр, мақбараи Амир Темур ва монанди ин зиёратгоҳҳо шинос намуданд.

Баростӣ, дидану арҷ гузоштан ба чунин макони пуртаърих дар замирам андешаи инсон буданро маъво гузошт. Шаҳри қадимаву овозадор, мардумони меҳмондӯсту қадршинос, оромиву хушҳолии сокинон, ошхонаҳои сирф миллӣ, нонҳои лазизи Самарқанд ва обҳои мусаффои ин боғшаҳр моро мафтуни хеш кард. Поянда бошад ин дӯстиву самимияти тоҷику ӯзбек.

 

Бухорои шариф

Дар сафар ба Ӯзбекистон тамошои Бухоро, зиёрати бузургворону шаҳри қадимаи тоҷикон ҳадафи асосӣ буд. Зеро ин макон аз қадимтарин шаҳрҳои дунё ва пойтахти аморати Бухоро дониста мешавад. Аз Самарқанд то Бухоро масофа 300 км буда, дар 3,5 соат ҳаракати мошин он ҷо хоҳӣ расид. Роҳҳо хеле зебову ҳамвор буда, то озим шудан ба Бухоро вилояти Алишер Навоӣ мавқеъ дорад. Мо 5 нафар Нафиса, Муҳибахола, Наврӯз ва Нодир азми дидори мадрасаҳову дигар ёдгориҳои таърихии маркази фарҳангии Осиёи Миёна кардем. Дар Бухоро ҷойҳои диданӣ ва иморатҳои таърихӣ хеле зиёд аст. Баробари ворид шудан ба шаҳр Мадрасаи Мири араб, Кукалтош, Лаби ҳавз ва арки Сомониву мақбараи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомониро тибқи рӯйхатамон пурсуҷӯ кардем. Шаҳр ҳамон гунае ки будааст, кунун бе тағйири шакл ончунон боқӣ мондааст. Дар чойхонаи Лаби ҳавз (дар «Ёддоштҳо»- и С. Айнӣ тасвир дорад) хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдем. Кормандони ошхона ва дигар пешхизматҳо бо ду забон- тоҷикиву ӯзбекӣ ҳарф мезаданд. Мо ҳам дар ин чойхонае, ки шахсони таърихӣ субҳона кардаву дар мадрасаҳояш таҳсилу душвориҳои зиёдро пушти сар кардаанд, соате ғарқи андешаву таваққуф шудем. Мактабҳои куҳна ҳам ҳамин ҷо ҷойгиранд. Мо аз таърих медонем, ки Бухоро ҳамчун пойтахти қадимаи давлати Сомониён, маркази илму фарҳанг ва гавҳари дониш дар ҳамон айём маҳсуб меёфт. Борҳо ин гӯшаи таърихи зинда дучори мусибату кашмакашҳои арабу муғулу чингизу уйғуру русҳо гардидааст. Вале бо вуҷуди ин Бухоро нест нашуд. Замони давлатдории Сомониён даврони рушди Бухоро арзёбӣ мешавад. Инқилоби Бухоро ба тарки ватан кардани бисёре аз сокинон боис гардид. Қисмате ба Душанбе, водии Ҳисори шодмон ва Хатлону Хуҷанди бостон муҳоҷир шуданд.

Шукр, ки зиёрати ин макони муқаддас насибамон гашт. Зеро он асрҳо касе, ки имкони зиёрати Маккаву Мадинаро надошт, сеюмин мавзеи поку муқаддас - зиёрати бузургворони Бухоро буд. Ҳар нафаре Бухоро раваду дар мақбараи Амир Исмоили Сомонӣ шоҳи тоҷикон фотеҳа накунад, ба қавле сафараш маъно надорад.

Тавре дар аксҳо таваҷҷуҳ доред, оромгоҳи Исмоили Сомонӣ хеле хоксоронаву ёдгору мерос аз ҳамон солҳо дар 400 - 500 метр дуртар аз Арки Бухоро ҷойгир аст. Бо қироати порае аз ояҳои "Қуръон” дар сари марқади Шоҳи Тоҷикон зиёраташро ба ҷо овардем. Мақбара замони фавт бунёд гардида, то ҳанӯз онгуна боқӣ мондааст.

Дар сайри шаҳри Бухоро тоҷикписари таҳҷойӣ бо мошини иҷораи мусофирбариаш моро роҳбаладӣ мекард. Ширин бо тоҷикӣ ҳарф мезад. Мардумони хубу меҳмоннавозе дорад Бухоро. Сайёҳон хеле бештар озими ин ҷо мешаванд. Ҳуҷраҳои қадимаи Арки Сомонӣ ҳамчун меҳмонхона ва марказҳои савдо дар хизмати ҷаҳонгардон қарор мегирад. Ростӣ сафари хубу умедбахше доштем. Табъи кас аз боздиди ин макони қадимаву таърихӣ хеле орому осуда мегардад. Шаҳр сердарахту боғзор нест, лекин ҳамон санъати меъмории бештар аз 10- асра таваҷҷуҳи касро хоҳ-нохоҳ ба худ ҷалб мекунад. Бо умеди рӯзҳои хушу осудагии ватанамон боз гаштем ба Самарқанди бостон. Шаб хеле дер шуда буд. Муҳибамулло: он ҷо ҳамин гуна ойтимулло, холамулло, акамулло, тағомулло муроҷиат мекунанд, ки рамзи эҳтиром будааст, моро дар манзилашон ҷой доданд ва иззату нону намак намуданд. Ҳазорҳо сипос ба Муҳибаойтӣ, аз хешони наздики устод Фотеҳ Ниёзӣ. Анъанаву русум ва мероси ниёгон дар Самарқанд хуб риояву ҳифозат мешавад.

 

Таассуроти нек аз

тамошои Тошканд

Беҳуда шоир нагуфтааст: «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад». Бо Садриддин Суяров, хабарнигори он вақтҳо Агентии миллии иттилоотии «Ҷаҳон»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2013 дар зиёрати Маккаву Мадина шинос шуда будем. Аз 5 нафар намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо бародари ӯзбекам бештар рафоқат пайдо кардем. Ҳамон солҳо орзуи ифтитоҳи роҳҳову нек шудани равобитро мекардем. Хабари Ӯзбекистон сафар кардану дар Самарқанд қарор доштанамро ба хабарнигори бахши тоҷикии Телевизиони Ӯзбекистон Шарофатхон Эрматова гуфтаму хоҳиши дарёфти шумораи телефони дӯстам Садриддинро кардам. Бону бо рафиқи мо замоне дар телевизиони Ӯзбекистон ҳамкор ҳам будаанд. Ростӣ, насаби Садриддинро дар хотир доштаму, мутаассифона, фаромӯш карда будам. Апаи Шарофат "мабодо” Суяров нест, гуфта суол кард. «Бале, худаш», - хушҳолона посух додам. Тамоси телефонӣ бо дӯстам моро масрур кард. Тибқи ҳамоҳангӣ рӯзи дигар азми сафари Тошканд, ки аз калонтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, кардам. Аз Самарқанд то Тошканд бештар аз 300 км масофа буда, роҳҳо чун ватани мо хеле ҳамвору оростаанд. Таксирон ҷавони тоҷики самарқандӣ буд. Савғотии беҳтарин барои сокинони шаҳри Тошканд нонҳои лазизи Самарқанд будааст. Ҳатто ба гуфти ронанда онҳо фармоиш мегирифтанд то ба мизоҷонашон нонҳои бомаззаи ин ҷоро бубаранд. Мо 5 нафар ҳамсафар шудем. Ронанда гуфт: "Агар сафарамон бобарор шавад, дар 4 соат ба пойтахти Ӯзбекистон мерасем”. Суҳбати мо тоҷикӣ ҷараён дошт ва садои мусиқии радио низ ӯзбекию тоҷикӣ ба гӯш мерасид. Дар шоҳроҳи мазкур лонагузориву зиндагии лаклакҳои сафеди даштӣ дар болои пояҳои баланди оҳану бетонӣ таваҷҷуҳи моро бештар ҷалб кард. Зери гуфтугӯи ҳазломезу дӯстона ба Тошканд расиданамонро қариб, ки нафаҳмида мондем. Тибқи маслиҳат дӯстам Садриддин маро дар даромадгоҳи шаҳри Тошканд интизор буд.

Дар 5 соли баъд аз шиносоӣ бо Садриддин қариб ҳеҷ тағйироте дар ӯ мушоҳида накардам. Фақат бемории қанд боиси хароб шуданаш гардида буд, ки аз ин вазъ низ розӣ буд. То расидан ба маркази шаҳр бо мошини наваш аз дӯстиву рафъ шудани раводиду шукргузориҳои Сарварони ҳар ду давлат азми қавии сафару дӯстии самимиамон суҳбат кардем. Дар шаҳр замоне расидем, ки аллакай нурҳои хуршеди оламгир майли сурхиву ғуруб дошт. Ин нишон аз гузашти як рӯзи дигар дар сафари мо буд. Дидори дӯст дар дилам базми шодӣ андӯхт. Хӯроки шомро дар зеботарин тарабхонаи шаҳри Тошканд хӯрдем. Ҳузури хонадони акаи Садриддин оила ва писаронаш Шамсиддину Акбар маро хурсанд кард. Писарчаи хурдиаш соли 2013 замони дар Ҳаҷ будани мову падараш таваллуд шуда буд ва ӯ нишоти ғайриоддӣ дошт. Якбора номашро Ҳоҷӣ Акбар гузошт. Аллакай 5-сола шуд. Зимнан, хешони завҷаи меҳрубонашон аз Кӯлоб будаанд.

Таомҳои миллии ин тарабхона хеле хуштамъу шабеҳ ба сихкабобҳои мо буданд.

Шабҳангом дар ҳавои муаттару роҳатфизо бо мошин қариб тамоми шаҳрро давр задем.

Субҳи ҷадид саёҳати мо дар Тошканд оғоз ёфт. Ин шаҳр аз калонтарин ва сераҳолитарин шаҳрҳо дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Нуфузи сокинонаш ба 2 миллиону 300 ҳазор нафар мерасад. Пеш инҷоро Чоч ё Шош мегуфтаанд, ки маънояш шаҳри сангин будааст. Шаҳр чун Душанбеи азизи ман орому осуда ва пуру фаровон аст. Бинову иншоот ва тарҳи меъмории шӯравӣ хуб он ҷо боқӣ мондааст, ки кас худро дар он замон тасаввур мекунад. Биноҳои баландошёнаи хеле боло дар Тошканд кам аст. Баъд аз заминларзаи соли 1966 ин ҷо сохтмони биноҳои баландтаринро манъ кардаанд. Бо вуҷуди ин, Тошканд ва тамошои боғҳову бозорҳову метрои он моро хушнуд гардонид. Бори нахуст савори метро шудем. Замони шӯравиро ба хотир меорад. То моҳҳои наздик аккосии метро мамнуъ будааст. Акнун ҳама меҳмонону сайёҳон дар он расми хотиравӣ мегиранд.

Дар калонтарин бозорҳояш чун мо арзониву фаровонӣ таъмин аст. «Куйлик» бузургтарин маркази савдои он ҷост. «Корвон»-и мо барин. Хизматрасонии таксиҳо дар шаҳр хеле арзон аст. Тамоми воситаи нақлиёт қариб, ки бо газ ҳаракат мекунанд. Дар мусоҳиба аз ватани мо ва кушоиши роҳҳо хушҳолӣ мекарданд.

Дар бораи Душанбе ва шукуфоии он иттилои хуб доранд. Азми нафарони сафаркунанда ба мамлакати мо хеле зиёд аст. Шукри дӯстӣ ва дидори хешу ақрабо мекунанд.

Абдурозиқ Азизов,

махсус барои «Хатлон»

00:2918 январ

АНТИНАЦИОНАЛЬНЫЙ АЛЬЯНС – ЭТО И ЕСТЬ ТЭО «ПИВ»

В социальных сетях анонсирована пресс-конференция главаря террористическо-экстремистской организации «Партия исламского возрождения» (ТЭО «ПИВ») и по совместительству руководителя Антинационального альянса Таджикистана Кабири М., в условиях западного зарубежья пытающегося натянуть на себя маску «оппозиционера в изгнании». 

00:2218 январ

HUMAN RIGHTS WATCH (HRW), ҲАМҶИНСГАРОҲОРО БО НАҲЗАТ ЯКСОН МЕДОНАД

Дар баҳогузории Human Rights Watch (HRW ) чизи ҷолибе ки тавҳиномез аст, вале воқеиятро баён мекунад, дар як радиф қарор додани ҲНИ ва ҳамҷинсбозон аст, ки аз номи ҳама ба ин ташкилот ба гуфти мардуми ҳамсоя катта раҳмат мегӯем.

00:1618 январ

ОЧЕРЕДНОЕ МЫЧАНИЕ HRW

Международная организации «Нuman Rights Watch» («Наблюдение за правами человека», HRW) в своем ежегодном докладе о ситуации с правами человека в странах мира под названием «ВСЕМИРНЫЙ ДОКЛАД -2019:

23:5617 январ

БОСМАЧИЛИК МИЛЛИЙ МАНФААТЛАРГА ХИЛОФ ЭДИ. ПРОФЕССОР АТАХОН САЙФУЛЛОЕВНИНГ «ЖУМҲУРИЯТ» ГАЗЕТАСИДАГИ МАҚОЛАСИ ҚАЙТА НАШРИ

Оммавий ахборот воситалари – газеталар ва интернет сайтларида босмачилик ҳаракатлари ва қӯрбошилар шахсияти ҳақида турли фикру мулоҳазалар ёритилади. 

23:4417 январ

БАСМАЧЕСТВО БЫЛО ВОПРЕКИ НАЦИОНАЛЬНЫМ ИНТЕРЕСАМ ПЕРЕПЕЧАТКА СТАТЬИ ПРОФЕССОРА А. САЙФУЛЛОЕВА ИЗ ГАЗЕТЫ «ДЖУМХУРИЯТ»

В средствах массовой информации, газетах, еженедельниках и на интернет-сайтах иногда публикуются различные мнения по поводу движения басмачества и личности курбаши. 

23:3817 январ

БОСМАЧИГӢ ХИЛОФИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ БУД. БОЗНАШРИ МАҚОЛАИ ПРОФЕССОР АТАХОН САЙФУЛЛОЕВ АЗ РӮЗНОМАИ «ҶУМҲУРИЯТ»

Дар васоити ахбори омма — рӯзномаю ҳафтаномаҳо ва сомонаҳои интернетӣ дар бораи ҳаракати босмачигӣ ва шахсияти қӯрбошиҳо фикру андешаҳои гуногун интишор меёбанд.