Дар як сатр
» Материалы за 29.01.2019
17:2729 январ

Изҳорот ба Зафари Сӯфии намакношинос

Поси намак 40 сол аст, мегӯянд дар урфият. Зафари Сӯфӣ, ки бо каҷ кардани лабу даҳонлаҳҷаи теҳрониро ривоҷ медоду иронимашрабӣ мекардғизояшро дар тарабхонаҳои пеши шаҳри Душанбе мехӯрду боз бо ин ҳама инфиъолӣ ҳаваси ишқварзиҳои нокомро таҷриба мекард, вақтҳои охир бо пуррӯӣ, ба намакношиносӣ нисбат ба миллати тоҷик даст задааст. Ёвагӯи бегонаҳо Зафари Сӯфӣ бо арзёбиҳои сатҳӣ ва ғайримунсифонаи «Хафақон» ва «Маҳалгароӣ» дар шабакаҳои иҷтимоӣ, худро ранҷида вонамуд мекунад. Дар ин «таҳлилҳо», ки бо маниши иғвогарона, иншо шудаанд, аслан маълум нест, ки барои кӣ ва бо чӣ мақсаде таҳия мешаванд? Агар зарба задани ҳукуматро ҳадаф қарор доданӣ бошанд, ин масалро Сӯфимашраби гадоманиш дар пешониаш хуб ҳаккокӣ кунад, ки «Обро бо ҳован куфтан» нашояд. Сад занад сӯзангаряк занад оҳангар.

07:5529 январ

Зафари Суфӣ дар ҷустуҷӯи сарпараст аст

Баъзе таҳлилгарон аҷибанд, вақте ки худашон ягон чизро таҳлил мекунанд, ба мисли оинаи каҷ ҳамаро нодуруст ва даҳшатнок ба намоиш дар меоваранд. Вале гоҳе ки чеҳраи онҳо аз тарафи дигарон ба тарзи воқеӣ инъикос мегардад, сару садоро роҳандозӣ мекунанд ва дигаронро "душманҷуву” "иқтидори фикриашон”-ро танг арзёбӣ мекунанд. Яке аз ҳамин гуна нафарон Зафари Суфӣ аст, ки худро таҳлилгару рӯзноманигори воқеъбин ба намоиш дар меоварад ва доимо даъво аз рисолати журналистиву озодии баён дорад. Чанде қабл як мақолааш дар сомонаи ифротии "Кимиёи саодат” таҳти унвони "Тоҷикистони обод ва озод ба нашр расид ва муҳтавои ин мақола аз таҳқиру тавҳини миллату давлат иборат буда, мухолифат ба сиёсати феълии кишвар буд, ва сахт ғаразнок ва аз зовияи таҳлили мунсифона дур буд, табиист, ки мавриди вокуниш қарор гирифт. Аз тарафи дигар услуби мақолаи навишта шуда ва мавзегириҳояш ба мавзегирии фирориёни ҷиноятпешаи наҳзатӣ яксон буд. Ва ё ҳади ақал ба дастури онҳо ва сарпарастонашон эҷод шуда буд ва мавриди вокуниш қарор гирифтани он як чизи маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Аҷиб ин аст, ки вақте навиштаи ғаразноки касе мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор мегирад ва муғризона будани ин гуна матлаб ошкор мегардад, дарҳол муаллифин доду бедод роҳандозӣ мекунанд ва ҳамаро ба мақомоти амнияти миллӣ нисбат медиҳанд. Дар ҳоле, ки ҳар гуна матлаб, ки бо унвонии ҳар фарде гуруҳе ё ниҳоде равона карда шуда бошад, он фард, гуруҳ ё он ниҳод метавонад дар баробари ин гуна матолиб вокуниши хешро иброз намояд. Аз ин рӯ Зафари Суфӣ, ки дар навиштаи охиринаш ҳамаро бар души ниҳоди амнияти кишвар ҳавола мекунад, ин нишонаи андешаи васвосии уст.