Дар як сатр
» Материалы за 25.01.2019
16:5925 январ

Мушкилоти молиявӣ – асли қазияи бозмонди нашрияҳо

Дирӯз матлаби муассиси хабаргузорӣ ва ҳафтаномаи «Озодагон», рӯзноманигори шинохта Зафари Сӯфӣ таҳти унвони «Вақте ҳамаи роҳҳоро мебанданд… Нашрияи «Озодагон» аз чоп бозмонд» дар шабакаи интернетӣ интишор шуд. Зафари Сӯфиро ба унвони шоир, рӯзноманигор ва қаламбадасти хуб мешиносам ва эътироф мекунам. Албатта, он чи ки интишор медиҳад, аз ҷумлаи шеър ва матолиби публитсистӣ назари шахсӣ ва диди инфиродии ӯст ва ба ин дидгоҳу мавқеъгирӣ қоилем. Вале баъзан рӯзноманигор масъаларо аз будаш зиёдтар нишон медиҳад ва тобиши сиёсӣ медиҳад. Манзури мо матлаби ахирии ӯст, ки атрофи аз чоп бозмондани ҳафтаномаи «Озодагон» баҳс мекунад.


16:4625 январ

Матлаби сомонаи “Озодӣ” иғвобарангезона аст

Дар сомонаи «Озодӣ» мақолае бо унвони "1215 рӯз ҳабси Бузургмеҳр Ёров” нашр гардидааст, ки иғвоангезона мебошад. Дар аввали ин матлаб оварда шудааст, ки гӯё кадом созмони байналмилалие аз мақомоти Тољикистон қатъи таъқиби вакилони мудофеъ ва озод кардани Бузургмеҳр Ёровро талаб карда бошад. Масъулони сомонаи "Озодӣ” ин масъаларо ба Рӯзи ҳуқуқшиносоне, ки таҳти хатар қарор додаанд, марбут донистааст.