Дар як сатр
» Материалы за 18.01.2019
23:0918 январ

Наҳзатиҳо – қотилони зиёиён

Дар бораи қотилию ғоратгариҳои роҳбарону масъулони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳар қадар гӯем ва нависем боз ҳам кам аст. Зеро ин гурӯҳи хиёнаткор барои миллату давлати Тоҷикистон солҳои навадуми асри гузашта он қадар бадбахтию бенизомӣ оварда буданд, ки чунин ҳолатро халқи тоҷик дар тамоми тӯли таърих надида буд. Ҳарчанд халқи тамаддунофар ва фарҳангпарвари тоҷик дар шебу фарози таърих борҳо дучори чунин вазъияту ҳолатҳо гардида буд, вале ҳеҷ яки онҳо ба мисли ваҳшоният ва бедодгариҳои сарварону аъзоёни ТТЭ ҲНИ набуд. Аммо агар халқи тоҷик дар қарнҳои қаблӣ аз ҷониби душманону бадхоҳони аҷнабӣ дучори ин гуна ҳолатҳо мегардид, дар замони аввали истиқлолият маҳз тавассути «ҷаҳд»-у «талош»-и нохудогоҳон, худбохтагон, аҷнабигароён ва девонамаобони наҳзатӣ, ки ҳамагӣ зодагони ин марзу бум буданд, ба гирдоби нооромию бадбахтӣ афтод.



22:5118 январ

Дидбони ҳуқуқи башар ё язнаи наҳзатиҳо

Дар қишлоқҷойҳои мо матале астки мегӯянд, ки «к… и хуб ҳам қанат аст» . Дар намунаи наҳзатиҳо, дида мешавад, ки язнаи хуб Стив Свердлов ҳам барои наҳзатиҳои ғарбнишин қанат шудаастАниқтараш хонум Шабнам Худойдодова хуб ва бунёдӣ кӯшиш кардааст, язнамулло, ки дар маҳалҳои мо ба ҷойи хар аст, мушовиру муҳофизи наҳзат дар ин ташкилот шавад. Ҳар сол аз замоне ки ин язна аз давлати хонум ба ин мақом расидааст, бо гузориши сусту заъиф тавҳину таҳқирро ба миллат раво мебинад.

22:4318 январ

Ба пуштибонии Фаридун Воҳидов (Ҷавобгунае ба палидаке бо номи Илҳом Ёқубов)

Имрӯзҳо мардуми бошараф ва ҷавонони сулҳпарвар дар Ватан зиндагӣ намуда, халқи тоҷик хоҳони сулҳу суботанд. Давлату миллати тоҷик рӯзҳои сахту нооромиро аз сар гузаронида, намегузоранд, ки нохалафон нисбат ба ватани азизи мо фитнаангезӣ кунанд.


22:3418 январ

Гузориши HUMAN RIGHTS WATCH иғвогарона аст

Дар олами мураккабу зудтаѓйирёбандаи сиёсиву иќтисодї, рўз то рўз шумораи муасссисањои ба ном тадќиќотиву тањлилї, ки хати маши фаъолияташонро манфиатњои гурўњњои алоњида ташкил медињад афзуда истодааст. Бештари чунин созмонњои ба ном байналмилаливу дар амал тобеи идеологияи кишварњои алоњида дар баъзе давлатњои Ѓарб фаъолият доранд. Яке аз чунин ташкилотњои иѓвогару дурўѓпарокан созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) аст, ки пас аз соњибистиќлол шудани Тољикистон кори доимии худро интиќоди њар амали Њукумат ва маќомоти кишвари мо ќарор додаст.


22:2118 январ

Фирефтаи мафкураи ифротии динӣ гаштан - чашидани заҳрро монад

Мақоли маъруфест, шояд дар овардани шакли дурусташ иштибоҳ намоям, лекин аниқ ба ин маънист, ки «чашидани заҳр камоли аҳмақист».

Миллати тоҷикро як бор дар ин роҳ бурданду заҳр чашониданд. Ончунон сахт омад, ки 150 ҳазор фарзандаш қурбонии ин «чошнӣ» гардид.

22:1218 январ

Куҷост шарафи миллӣ, ифтихори миллии ту, Амруллоҳ? (Ё посухе ба вокуниши Амруллоҳи Низом бо номи «Гуфту кӯфт андар боби сатр»)

Айби хуб аблаҳ набинад дар ҷаҳон

Бошад андар ҷустани айби касон

Тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ, ки имрӯзҳо хушбахтона ё бадбахтона бениҳоят зиёд шудаанд, вокуниш ё посухи ҳамватанони ихтиёран тарки ватанкардаро хонда, дар ҳайрат мемонам. Бахусус, навиштаҳои он хомабадастоне, ки гӯё барои «хақгӯияшон», вале дар асл барои бегонапарастиву душманпарвариашон дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, нафрати касро меоранд. Ахиран вокуниши Амруллоҳи Низомро нисбат ба маводи «Сатр. Тарғиби он риёкорие беш нест», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расида буд, хонда, ба хулосае омадам, ки Амруллоҳи Низом, гарчанде «ба Маккаю Мадина» рафта бошад ҳам, вале то ба ҳол ҳамон «шокии қадима» боқӣ мондааст.

22:0418 январ

В горах ГБАО нет бедных

В интернете опубликована статья под название «Самый высокий уровень бедности в Таджикистане наблюдается в ГБАО», где говорится о том, что «Самый высокий уровень бедности наблюдается в ГБАО. По мнению экспертов банка, уровни бедности как на страновом, так и региональном уровнях, продолжают уменьшаться, но по причине сезонного характера моделей доходов и потребления, уровни бедности колеблются от одного квартала к другому, и такие колебания являются более заметными в сельской местности.


21:5718 январ

Босмачӣ ва ҲНИ

Роҳбари босмачиён ҳастӣ Кабирӣ,

Бо нохалафон аҳд бубасти Кабирӣ.

Босмачӣ-ҲНИ нест тафовут миёншон

Босмачӣ таъриф карда мастӣ Кабирӣ.

21:5018 январ

Опасный религиозный ренессанс (возрождение)

По недоброй традиции сайт «Фергана.Ру» опубликовал статью Мирали Холмурода «Студентов бывших не бывает», где основании того, что, якобы, «из Таджикистана поступают все новые сообщения о вмешательстве властей в частную и духовную жизнь граждан, которое оправдывается мерами по борьбе с экстремизмом», ставится под сомнение правомерность таких мер.


19:4718 январ

Необоснованная озабоченность Human Rights Watchили когда у самого рыльце в пуху

Сайт «Фергана.Ру» опубликовал статью «Центральная Азия дежурно разочаровала экспертов Human Rights Watch» (HRW) в отношении соблюдения прав человека. В заголовке ключевым словом является «дежурно», так как все подобные отчёты названной МНО составляются «для галочки», «дублируют друг друга» и не отражают реальную картину и ситуацию. Это касается всех постсоветских республик, включая центрально-азиатские, в частности Таджикистан.


ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК
06:1718 январ

ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК

Ифтитоҳи роҳҳои байнисарҳадӣ ва гарм шудани муносибатҳои неки дӯстонаи тоҷикону ӯзбекҳо қалбу рӯҳи сокинони ҳар ду мамлакатро бозу мамнун кард. Воқеан ҳам, олӣ шуд. Ҳазорҳо сипосу аҳсан ва шодбахтӣ ба Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки қаробати қадимии тоҷикону ӯзбекҳоро барқарор карданд.

Сафари хотирмону пурсамар

аз Самарқанди қандманд

Боздиди банда ҳам аз ин кишвари дӯсту ҳамсоя самараи рафоқатҳову ваҳдати ҷовидонӣ шуд. Зимнан, орзу мекунам, ки ин дӯстиву таборӣ абадиву поянда бошад.

Бори нахуст ҳадафи тамошои Самарқанду Бухоро ва Тошканду Фарғонаро кардам. Хонуми гиромӣ Нафисахон Ниёзӣ, ҳамсояи неки мо ва яккаписарашон Нодир Ниёзӣ, ки эшон зодаи Самарқанданд, маро бо исрор ва даъвате аз ҷон ба зиёрати ин сарзамини бузургон роҳнамоӣ намуданд.

Роҳамон аз Панҷакенти қадим оғоз шуд ва аллакай дар он тарафи гузаргоҳ дӯстону хешони ин хонадон моро истиқболу пазироӣ карданд. Дар хонадони хешони наздики адиби ҷангноманавис Фотеҳ Ниёзӣ меҳмон шудем. Хуш ба ҳолашон. Хеле хушмуомилаву тоҷикона ҳарф мезаданд. Аҳли оилаи Ниёзӣ ва дигар ҳамсоягонаш сипосу дурудҳо ба Сарони ҳар ду кишвар мегуфтанд.

Субҳ ба тамошои Самарқанди таърихӣ пардохтем. Ин шаҳр аз қадимтарин шаҳрҳои дунё буда, дар асри 8 пеш аз мелод бунёд шудааст. Аҳолии Самарқанд наздик ба 600 ҳазор нафар буда, қисми бештари сокинонаш тоҷиконанд. Дар гузашта ин маконро Мароқанд мегуфтанд.

Ин ҷо пойтахти давлати Суғди қадим пазируфта шудааст. Таърихаш беш аз 3 ҳазор сол арзёбӣ мегардад. Дар Самарқанд беш аз 60 адад зиёратгоҳ мавҷуд аст. Ҳар сол беш аз 2 миллион нафар сайёҳон аз ин шаҳр дидан мекунанд.

Макони зиёрати ин ҷо бузургтаринашон Расадхонаи Улӯғбек, Майдони Регистон, Шоҳи зинда, Масҷиди Ҳазрати Хизр, Бибихонум, Гӯри амир, Хоҷа Аҳрор, зиёратгоҳи Имом ал-Бухорӣ, мақбараи Амир Темур, осорхонаи Садриддин Айнӣ ва хеле зиёди дигар мебошанд.

Мо нахуст аз майдони таърихии Регистон, ки ба феҳристи ЮНЕСКО шомил аст, дидан намудем. Дар асари «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ роҷеъ ба мадрасаву китобхонаҳои Регистон хонда будам. Қадимтарин мадрасаи Шердор ва Тиллокорӣ ин ҷо мавҷуд аст. Шукр, ки шабона ҳам Регистон дарҳои боз доштааст. Қариб дар рӯ ба рӯи Регистон хона-осорхонаи С. Айнӣ воқеъ мебошад. Аксари асарҳои Сардафтари адабиёти муосири тоҷик С. Айнӣ ҳамин ҷо эҷод шудаанд. Устод 35 сол дар ҳамин хона зиндагӣ карда будаанд. Ҳудуди Регистон ва мадрасаҳои атрофи он шабона ҳам шабеҳи рӯзҳои офтобӣ равшану пурнур аст.

Субҳи дигар ба зиёрати Имом ал-Бухорӣ роҳ пеш гирифтем. Номи аслии нависанда, муҳандис, муфассир ва донишманди бузург Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ будааст. Солҳои 810-870 зиндагӣ карда, 60 сол умр дидааст. Гузаштагонашро форс муаррифӣ карданд. Имрӯз ин оромгоҳи бузурги замон зиёратгоҳи хосу ом гардида, аз тамоми дунё сайёҳон ба ин ҷо ташриф меоранд.

Ба ҳамин тартиб, яке аз таборони Фотеҳ Ниёзӣ Наврӯзҷон моро ба дигар мавзеъҳои таърихии Самарқанд, аз ҷумла ёдгории Шоҳи зинда, Гӯри мир, Ҳазрати Хизр, мақбараи Амир Темур ва монанди ин зиёратгоҳҳо шинос намуданд.

Баростӣ, дидану арҷ гузоштан ба чунин макони пуртаърих дар замирам андешаи инсон буданро маъво гузошт. Шаҳри қадимаву овозадор, мардумони меҳмондӯсту қадршинос, оромиву хушҳолии сокинон, ошхонаҳои сирф миллӣ, нонҳои лазизи Самарқанд ва обҳои мусаффои ин боғшаҳр моро мафтуни хеш кард. Поянда бошад ин дӯстиву самимияти тоҷику ӯзбек.

 

Бухорои шариф

Дар сафар ба Ӯзбекистон тамошои Бухоро, зиёрати бузургворону шаҳри қадимаи тоҷикон ҳадафи асосӣ буд. Зеро ин макон аз қадимтарин шаҳрҳои дунё ва пойтахти аморати Бухоро дониста мешавад. Аз Самарқанд то Бухоро масофа 300 км буда, дар 3,5 соат ҳаракати мошин он ҷо хоҳӣ расид. Роҳҳо хеле зебову ҳамвор буда, то озим шудан ба Бухоро вилояти Алишер Навоӣ мавқеъ дорад. Мо 5 нафар Нафиса, Муҳибахола, Наврӯз ва Нодир азми дидори мадрасаҳову дигар ёдгориҳои таърихии маркази фарҳангии Осиёи Миёна кардем. Дар Бухоро ҷойҳои диданӣ ва иморатҳои таърихӣ хеле зиёд аст. Баробари ворид шудан ба шаҳр Мадрасаи Мири араб, Кукалтош, Лаби ҳавз ва арки Сомониву мақбараи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомониро тибқи рӯйхатамон пурсуҷӯ кардем. Шаҳр ҳамон гунае ки будааст, кунун бе тағйири шакл ончунон боқӣ мондааст. Дар чойхонаи Лаби ҳавз (дар «Ёддоштҳо»- и С. Айнӣ тасвир дорад) хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдем. Кормандони ошхона ва дигар пешхизматҳо бо ду забон- тоҷикиву ӯзбекӣ ҳарф мезаданд. Мо ҳам дар ин чойхонае, ки шахсони таърихӣ субҳона кардаву дар мадрасаҳояш таҳсилу душвориҳои зиёдро пушти сар кардаанд, соате ғарқи андешаву таваққуф шудем. Мактабҳои куҳна ҳам ҳамин ҷо ҷойгиранд. Мо аз таърих медонем, ки Бухоро ҳамчун пойтахти қадимаи давлати Сомониён, маркази илму фарҳанг ва гавҳари дониш дар ҳамон айём маҳсуб меёфт. Борҳо ин гӯшаи таърихи зинда дучори мусибату кашмакашҳои арабу муғулу чингизу уйғуру русҳо гардидааст. Вале бо вуҷуди ин Бухоро нест нашуд. Замони давлатдории Сомониён даврони рушди Бухоро арзёбӣ мешавад. Инқилоби Бухоро ба тарки ватан кардани бисёре аз сокинон боис гардид. Қисмате ба Душанбе, водии Ҳисори шодмон ва Хатлону Хуҷанди бостон муҳоҷир шуданд.

Шукр, ки зиёрати ин макони муқаддас насибамон гашт. Зеро он асрҳо касе, ки имкони зиёрати Маккаву Мадинаро надошт, сеюмин мавзеи поку муқаддас - зиёрати бузургворони Бухоро буд. Ҳар нафаре Бухоро раваду дар мақбараи Амир Исмоили Сомонӣ шоҳи тоҷикон фотеҳа накунад, ба қавле сафараш маъно надорад.

Тавре дар аксҳо таваҷҷуҳ доред, оромгоҳи Исмоили Сомонӣ хеле хоксоронаву ёдгору мерос аз ҳамон солҳо дар 400 - 500 метр дуртар аз Арки Бухоро ҷойгир аст. Бо қироати порае аз ояҳои "Қуръон” дар сари марқади Шоҳи Тоҷикон зиёраташро ба ҷо овардем. Мақбара замони фавт бунёд гардида, то ҳанӯз онгуна боқӣ мондааст.

Дар сайри шаҳри Бухоро тоҷикписари таҳҷойӣ бо мошини иҷораи мусофирбариаш моро роҳбаладӣ мекард. Ширин бо тоҷикӣ ҳарф мезад. Мардумони хубу меҳмоннавозе дорад Бухоро. Сайёҳон хеле бештар озими ин ҷо мешаванд. Ҳуҷраҳои қадимаи Арки Сомонӣ ҳамчун меҳмонхона ва марказҳои савдо дар хизмати ҷаҳонгардон қарор мегирад. Ростӣ сафари хубу умедбахше доштем. Табъи кас аз боздиди ин макони қадимаву таърихӣ хеле орому осуда мегардад. Шаҳр сердарахту боғзор нест, лекин ҳамон санъати меъмории бештар аз 10- асра таваҷҷуҳи касро хоҳ-нохоҳ ба худ ҷалб мекунад. Бо умеди рӯзҳои хушу осудагии ватанамон боз гаштем ба Самарқанди бостон. Шаб хеле дер шуда буд. Муҳибамулло: он ҷо ҳамин гуна ойтимулло, холамулло, акамулло, тағомулло муроҷиат мекунанд, ки рамзи эҳтиром будааст, моро дар манзилашон ҷой доданд ва иззату нону намак намуданд. Ҳазорҳо сипос ба Муҳибаойтӣ, аз хешони наздики устод Фотеҳ Ниёзӣ. Анъанаву русум ва мероси ниёгон дар Самарқанд хуб риояву ҳифозат мешавад.

 

Таассуроти нек аз

тамошои Тошканд

Беҳуда шоир нагуфтааст: «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад». Бо Садриддин Суяров, хабарнигори он вақтҳо Агентии миллии иттилоотии «Ҷаҳон»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2013 дар зиёрати Маккаву Мадина шинос шуда будем. Аз 5 нафар намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо бародари ӯзбекам бештар рафоқат пайдо кардем. Ҳамон солҳо орзуи ифтитоҳи роҳҳову нек шудани равобитро мекардем. Хабари Ӯзбекистон сафар кардану дар Самарқанд қарор доштанамро ба хабарнигори бахши тоҷикии Телевизиони Ӯзбекистон Шарофатхон Эрматова гуфтаму хоҳиши дарёфти шумораи телефони дӯстам Садриддинро кардам. Бону бо рафиқи мо замоне дар телевизиони Ӯзбекистон ҳамкор ҳам будаанд. Ростӣ, насаби Садриддинро дар хотир доштаму, мутаассифона, фаромӯш карда будам. Апаи Шарофат "мабодо” Суяров нест, гуфта суол кард. «Бале, худаш», - хушҳолона посух додам. Тамоси телефонӣ бо дӯстам моро масрур кард. Тибқи ҳамоҳангӣ рӯзи дигар азми сафари Тошканд, ки аз калонтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, кардам. Аз Самарқанд то Тошканд бештар аз 300 км масофа буда, роҳҳо чун ватани мо хеле ҳамвору оростаанд. Таксирон ҷавони тоҷики самарқандӣ буд. Савғотии беҳтарин барои сокинони шаҳри Тошканд нонҳои лазизи Самарқанд будааст. Ҳатто ба гуфти ронанда онҳо фармоиш мегирифтанд то ба мизоҷонашон нонҳои бомаззаи ин ҷоро бубаранд. Мо 5 нафар ҳамсафар шудем. Ронанда гуфт: "Агар сафарамон бобарор шавад, дар 4 соат ба пойтахти Ӯзбекистон мерасем”. Суҳбати мо тоҷикӣ ҷараён дошт ва садои мусиқии радио низ ӯзбекию тоҷикӣ ба гӯш мерасид. Дар шоҳроҳи мазкур лонагузориву зиндагии лаклакҳои сафеди даштӣ дар болои пояҳои баланди оҳану бетонӣ таваҷҷуҳи моро бештар ҷалб кард. Зери гуфтугӯи ҳазломезу дӯстона ба Тошканд расиданамонро қариб, ки нафаҳмида мондем. Тибқи маслиҳат дӯстам Садриддин маро дар даромадгоҳи шаҳри Тошканд интизор буд.

Дар 5 соли баъд аз шиносоӣ бо Садриддин қариб ҳеҷ тағйироте дар ӯ мушоҳида накардам. Фақат бемории қанд боиси хароб шуданаш гардида буд, ки аз ин вазъ низ розӣ буд. То расидан ба маркази шаҳр бо мошини наваш аз дӯстиву рафъ шудани раводиду шукргузориҳои Сарварони ҳар ду давлат азми қавии сафару дӯстии самимиамон суҳбат кардем. Дар шаҳр замоне расидем, ки аллакай нурҳои хуршеди оламгир майли сурхиву ғуруб дошт. Ин нишон аз гузашти як рӯзи дигар дар сафари мо буд. Дидори дӯст дар дилам базми шодӣ андӯхт. Хӯроки шомро дар зеботарин тарабхонаи шаҳри Тошканд хӯрдем. Ҳузури хонадони акаи Садриддин оила ва писаронаш Шамсиддину Акбар маро хурсанд кард. Писарчаи хурдиаш соли 2013 замони дар Ҳаҷ будани мову падараш таваллуд шуда буд ва ӯ нишоти ғайриоддӣ дошт. Якбора номашро Ҳоҷӣ Акбар гузошт. Аллакай 5-сола шуд. Зимнан, хешони завҷаи меҳрубонашон аз Кӯлоб будаанд.

Таомҳои миллии ин тарабхона хеле хуштамъу шабеҳ ба сихкабобҳои мо буданд.

Шабҳангом дар ҳавои муаттару роҳатфизо бо мошин қариб тамоми шаҳрро давр задем.

Субҳи ҷадид саёҳати мо дар Тошканд оғоз ёфт. Ин шаҳр аз калонтарин ва сераҳолитарин шаҳрҳо дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Нуфузи сокинонаш ба 2 миллиону 300 ҳазор нафар мерасад. Пеш инҷоро Чоч ё Шош мегуфтаанд, ки маънояш шаҳри сангин будааст. Шаҳр чун Душанбеи азизи ман орому осуда ва пуру фаровон аст. Бинову иншоот ва тарҳи меъмории шӯравӣ хуб он ҷо боқӣ мондааст, ки кас худро дар он замон тасаввур мекунад. Биноҳои баландошёнаи хеле боло дар Тошканд кам аст. Баъд аз заминларзаи соли 1966 ин ҷо сохтмони биноҳои баландтаринро манъ кардаанд. Бо вуҷуди ин, Тошканд ва тамошои боғҳову бозорҳову метрои он моро хушнуд гардонид. Бори нахуст савори метро шудем. Замони шӯравиро ба хотир меорад. То моҳҳои наздик аккосии метро мамнуъ будааст. Акнун ҳама меҳмонону сайёҳон дар он расми хотиравӣ мегиранд.

Дар калонтарин бозорҳояш чун мо арзониву фаровонӣ таъмин аст. «Куйлик» бузургтарин маркази савдои он ҷост. «Корвон»-и мо барин. Хизматрасонии таксиҳо дар шаҳр хеле арзон аст. Тамоми воситаи нақлиёт қариб, ки бо газ ҳаракат мекунанд. Дар мусоҳиба аз ватани мо ва кушоиши роҳҳо хушҳолӣ мекарданд.

Дар бораи Душанбе ва шукуфоии он иттилои хуб доранд. Азми нафарони сафаркунанда ба мамлакати мо хеле зиёд аст. Шукри дӯстӣ ва дидори хешу ақрабо мекунанд.

Абдурозиқ Азизов,

махсус барои «Хатлон»