Дар як сатр
» Материалы за 07.01.2019
17:5107 январ

Мулло-ҷорӯби дастархон (Сухане чанд андар гуноҳҳои кабираи Маҳмадсаид Ризоӣ)

Эшону мулло ҷорӯби дастархон мебошанд, гуфтаи ҳакимест, ки басо нишонрас хислати разилонаи шахси чалласавод ва ёғии собиқадори Маҳмадсаид Ризоиро бозгӯӣ мекунад. Даврони бесару сомонӣ М.Ризоӣ, ки шуъбаи фарҳангро дар ҳизби мамнуи террористӣ иҷро мекард, сари минбар мебаромад ва аз иршоди исломӣ таблиғ мехонд. Мавъизаи бесару нӯг ва аз воқеият фарсахҳо дур буд ин минбарбароиҳо. Ҳаёро гум карда, бо кач кардани даҳон ба наҳваи лаҳҷаи теҳронӣ худро саводнок вонамуд карда, М.Ризоӣ музахрафотро ба забон меовард. Ризоӣ дар партави нусхабардорӣ аз васиятҳои нораво ва пойдарҳавои Саид Қутб ва дигар саркардаҳои «Ихвон-ул- муслимин» ҳарф мегуфт, талош дошт ин маънавиёти ботилро бо он ҳам пучиву ҳамоқатнигорӣ (абсурдизм)дар шароити Тоҷикистон пиёда созад. На аз иршод гапу сухан буд ва на аз маърифати исломӣ бӯе. Ҳозирон чун ба гуфтаҳои ин наттоқ пай намебурданд ва ҳеҷ чизро намефаҳмиданд, ҳар маҳфил бо арбадаву хархаша ба итмом мерасид.


17:4107 январ

Аз марги ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова ҳангома насозед (Ҷавоб ба сомонаи ифротии «Паём.нет»)

Паём.нет, ки минбари ифротзадаҳо, лаинҳо ва ватангумкардаҳост бо часпонидани акси ду шахсияти таърихӣ: Ҳошим Гадо ва Файзинисо Воҳидова дар зери сарлавҳаи Ф. Воҳидова: Шӯравӣ нисбат ба дину диндории мо ин қадар зулм намекард» ва «Зан буд бар сони гурде савор» ба таблиғи тиҷоратӣ даст зада, таваҷҷуҳи мардумро аз мусибати мардум дидаву дониста, ба сӯйи ҳангомаву хабарсозӣ бурдааст. Чанд бор гуфтем, боз мегӯем, ки мисли марҳум Файзинисо Воҳидова дар Тоҷикистон ҳазорҳо зани ҷасур ҳастанд ва онҳо ҳам марбути ин хоку буманд. Дар гӯшаи хотирашон ҳатто фикре намеомад, ки Ватанро тарк кунанд ва мисли афроди беъурзаву нанг, дар сиёҳкунии сарзамини бобоӣ ва мақомот бар оташи душман равған резанд.


17:3307 январ

Авҷи бечоранавозии хабаркаши №1-и необосмачҳо

Меъёри баҳогузории ҳар шахс аз корҳои амалии он бармеоядСухан бемаҳдудият гуфтан ба монанди ҳолати пурнависӣ аст, ки фалокати эҷодиёти нависандаро ба бор меорад. Ҳунари нависандагӣҳаргиз варзиши тездавак нест, шӯру ҳангомаро намепазирад (А.Самадов).