Дар як сатр
» Материалы за 04.01.2019
17:4504 январ

Шикасти мухолифони сиёсӣ ва чолишҳои наҳзат дар 2018 (Ҷавоб ба сомонаи ифротӣ risolattj.com)

Дар соли 2018 мухолифони сиёсии тоҷики муқими хориҷа ба шикаст мувоҷех шуданд. Дағдағаҳои амниятии дохилии наҳзат, аз ин гурӯҳ ҷудо шудани сиёсатмадорони номӣ, Г24 ва дар марзҳои Афғонистон фирорӣ шудани қаноти ҷангии наҳзат «Ансурулло» ва мафтуншавӣ аз масъалаи ДИИШ, фурсати нокоме будан дар бозёбии беқувватии ифротиҳои фирорӣ.


17:3504 январ

Соли варшикастагии оппозитсия - 2019 (Ҷавоб ба ахбори «Муҳимтарин рӯйдодҳои оппозитсия дар соли 2018)

Мо қасдан исми тоҷикро аз мафҳуми оппозитсия аз соли 2019 ҳазф кардем. Ин корро ба ин далелҳо анҷом додем: а) Тоҷик зарурат ба мухолифони ғариб ва бенаво надорад, зеро ин миллат умури корро ба машварат ва маслиҳат анҷом додааст ва медиҳад, оппозитсия бошад ҷангандоз аст ва орӣ аз пойгоҳи мардумӣ; б) Мафҳуми Тоҷик ба оппозитсия аз он лиҳоз итлоқ намегардад, ки дар Ғарб онҳо ба абзори мубориза ба муқобили миллат табдил ёфтаанд; в) Омили хориҷӣ дар номгирии оппозитсияи ихвонӣ аслӣ арзёбӣ мешавад, зеро ҳаракати сиёсие ки дар марзу буми аҷдодӣ ҷойдод надорад, мардумро барои аз байн бурдани оромиву субот даъват мекунаду давлатситез аст, номи ин гуна ҳаракати зиддимиллӣ, оппозитсияи ҷоҳил мебошад ва ин ки Абдулмаъонӣ басо ҳадафманд гуфтааст:


17:2404 январ

Соли шикастҳои террористони наҳзатӣ

Соли 2018-и милодӣ бо тамоми бурду бохтҳои хеш ба саҳафоти таърих ворид мешавад. Ин сол барои мардуми кишвар соли бобарор ва соли муваффақияту созандагӣ буд, ки дар ҳамаи арсаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ новобаста аз душвориҳо ва мушкилоти мавҷуда, ба пешрафт ва дастовардҳои муҳим ноил гардиданд. Ҳарчанд худбохтагону беҳувиятоне дар хориҷи кишвар кӯшишҳо ба харҷ доданд, то монеи рушди кишвар гардандаммо онҳо ба муваффақияте ноил нашуданд. Дар маҷмӯъ метавон соли 2018-ро барои нерӯҳои зиддимиллӣ ва зидди истиқлоли тоҷикистон соли нокомӣ ва варшикастагӣ арзёбӣ намуд. Шикасти ин гурӯҳҳои терористии ҳувиятбохта ба таври зайл аст:


17:1404 январ

Соли нокомиҳо ва шармандагиҳои террористони наҳзатӣ

Инак соли 2018-и мелодӣ бо ҳамаи бурду бохтҳояш ба саҳифаи таърих ворид гашт. Соил 2018 барои мардуми тоҷику тоҷикистонӣ соли бобарору пурфайз буд. Дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Ҳарчанд душманони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар дар симои ташкилоти террористии наҳзатии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ бо супориши «хоҷагонашон» кӯшиш карданд, ки бо ҳар роҳу восита монеи рушди кишвар дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ гардандаммо ин палидҳо ба орзӯҳои ғаразноки зидди миллиашон нарасиданд ва ба нокомӣ дучор гардиданд.


17:0404 январ

Мушти ҳақиқат ба рӯйи наҳзат

Соли 2018 бо воқеъаҳо ва ҳодисаҳои аҷибу ғарибаш дар хотирҳо мондааст. Яке аз воқеъаҳои аҷиби дар соли гузашта рухдода муноқишаи тудаи террористони наҳзатӣ бо яке аз аъзоёни ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Саидзода зимни баргузории конфронси САҲА дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон буд. Аз як тараф сар задани чунин як ҳолати ногувор зимни баргузории ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ амали нохуб буд. Вале таҳлили ҷараёни ҳодисаи мазкур ва тамошои навори видеоии он муноқиша исбот мекунад, ки фаъолони ташкилоти террористии наҳзатӣ бо мақсади бадном кардани ҳайати Тоҷикистон ин иѓворо барангехта будаанд.


16:4004 январ

Игвои террористони наҳзатӣ ғайричашмдошт набуд

Иғвогарию моҷароҷӯӣ ва дигар амалҳои палидона барои террористони наҳзатӣ як кори маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо барои расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон ҳамеша аз усулҳои ноҷавонмардона истифода мекунанд. Аз ин рӯ, дар дилхоҳ ҳолату маврид аз тарафи инҳо сар задани макру ҳиллаҳои ғайриинсонӣ эҳтимол дорад.


13:5204 январ

Ҷавоб ба дурӯғпардоз ва косалеси бериё М.Салимпул

«Гови бешир садояш баланд аст», мегуфтанд дар урфият. Хабарнигоре ки аз бекорӣ ва пархошгарӣ, сомонаи зиддимиллӣ сомон дода, хабарнигор худаш, таҳиягар худаш, бастакор худаш ва наворбардор худаш мебошад, ба манбаъ ва сарчашмаи истисноии кизбу дурӯғ дар ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Мисли он сарояндаест, ки хонанда худаш, дар рақс худаш ва дар авҷ ҳам худаш бошад. Пештар кӯдаконро бо аҷинаву дев метарсонданд. Ҳоло бо ахбори М.Салимпул- Ахбори сомонаи каҷраваш атфоли гурезпойро бими медиҳанд. Ахбор.ком мутародифи минбари душманон шудааст. Салимпул, дастовези наҳзат ва СПИИ аст. СПИИ, яъне Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ. Пулхӯри наҳзат аст.


13:4404 январ

Салимпул, сулолаи нави хабарнигории дурӯғбоф

Дар воқеаи ахири Хоруғ ҳамаро М.Салимпул гуфт, вале чун танаффури азалӣ ба ниҳодҳои ҳукуматӣ дорад, нагуфт ки духтари Мазориев Хурсандро то сарҳади марг узви ГМҶ расонид. Нагуфт ки мудирияти волои ҳукуматдорӣ ва асолати миллист, ки боз чархбол таъмин карданд, то бемор муолиҷаи муносиб бигирад. Вале чун ба ҳадафҳои каҷманишаш рост меояд, овоза пароканд, ки ГМҶ дар Душанбе вохӯрдааст.


13:3304 январ

Нусхабардори ахбори дурӯғ - risolattj.com

Сомонаи «рисолат», ки рисолати паҳн кардани ахбори дурӯғро дорад, навиштааст «Нооромӣ дар Хоруғ ба далели боздошти бародари Боқир». Ва айнан иттилооти сомонаи падари дурӯғгӯён–ахбор.ком-ро беислоҳ ва каму кост рӯбардор карда, ба мардум расонидааст. Ин бархӯрдро дар муҳити журналистон, шармандагӣ мегӯянд. Плагиат мегӯянд. Дуздии ҳаққи захмати муаллиф мегӯянд.


13:2504 январ

Экстремистские сайты поддерживают предводителей ОПГ

В погоне за дешёвой сенсацией интернет-сайт «Фергана.Ру», он же «Фергана.agency», регулярно публикует лживые, клеветнические материалы в отношении ситуации в Таджикистане. Основным информационным источниками здесь выступает экстремистский сайт террористической организации Партия исламского возрождения (ТЭО ПИВ) «Ахбор.ком». Каков поп, такой и приход, какой источник – таковы и новости!


09:4304 январ

Бӯйи гӯзе, ки барои Мирзои Салимпул боди роҳат аст

Хеле вақте шуд, ки падари дурӯғгӯёни тоҷик – Мирзои Салимпул (хоҳишмандам хато нашуморед «л» хонед) бекор монда буд. Пайи хабаре буд, ки аз он моҷаро ҷӯр кунад, ба савдо занад ва нафси худро каме ҳам бошад ором созад.