Дар як сатр
» » Д. Гулмаҳмадзода: «Тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба иқдомҳои неки Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем»

Д. Гулмаҳмадзода: «Тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба иқдомҳои неки Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем»

16-11-2017, 17:00

Д. Гулмаҳмадзода: «Тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба иқдомҳои неки Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем»

Ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қўрғонтеппа ҳамоиши мутантане бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода барпо гардид.

Чорабинии мазкур аз намоиши асарҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар саҳни театр ороста шуда буд, оғоз гардида, раиси вилоят ва дигар иштирокдорон аз он дидан карданд. Асарҳое, ки дар намоиши расмдори китобӣ гузошта шуда буданд, ҳамагӣ таҷассумгари таърихи халқи тоҷик дар роҳи ба даст овардани ваҳдати миллӣ буда, ҷомеаи навини моро ба сўйи бунёдкорию созандагӣ равона ва оммаро дар рўҳияи баланди худшиносию худогаҳии миллӣ тарбия намуда, фарҳанги пурғановати миллиро муаррифӣ месозанд.

Сипас, қисмати расмии ҳамоиш бо сухани табрикии Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ифтитоҳ ёфт. “Имрўз ҳамаи мо сидқан эътироф менамоем, ки мактаби роҳбарии Президенти мамлакат мактаби тарбияи насли худшиносу худогоҳ буда, баҳри роҳнамоӣ намудани ҷомеа нақши муҳимро доро мебошад. Президенти кишвар муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ буда, дар симои ў ҷаҳониён имрўзҳо тоҷику Тоҷикистонро шинохтаанд ва эҳтиром менамоянд”, - зикр кард раиси вилоят.

Дар идома Д. Гулмаҳмадзода доир ба аҳамияти Иҷлосияи сарнавиштсоз ҳарф зада, аз ҷумла гуфт, ки ин иҷлосия ба барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, эҷод ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушду инкишофи минбаъдаи давлати соҳибихтиёри тоҷикон оғоз ниҳода буд.

Д. Гулмаҳмадзода: «Тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба иқдомҳои неки Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем»

- Натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки қувваҳои мухталифи сиёсӣ ба ҳам оварда шуда, ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат барқарор гардида, барои фаъолияти муътадили рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ ва рушди пайгиронаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба марҳилаи нави инкишоф заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузошта шуда, ормони деринаи миллати тоҷик барои расидан ба истиқлолияти комил ҷомаи амал пўшид, - идома дод раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода.

Раиси вилоят афзуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат вилояти Хатлон, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ яке аз минтақаҳои аз ҳама ҷиҳат зарардидаи ҷумҳурӣ буд, имрўзҳо ба пешрафти назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардида истодааст. “Маҷмўи маҳсулоти дохилии минтақавии вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли 2017 ба беш аз 11,2 миллиард сомонӣ расонида шудааст. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ барзиёд иҷро намудани нақшаи андоз, ташкили садҳо ҷойи нави корӣ, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи беш аз 10,6 миллиард сомонӣ, саноат ба қадри 5,2 миллиард сомонӣ, маҳз аз баракати тинҷию амонӣ ва сулҳу суботу оромӣ дар кишвар мебошад”, - зикр кард Д. Гулмаҳмадзода.

Раиси вилоят ҳамчунин аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беназир хонда, таъкид намуд, ки ин рўйдоди муҳими таърихӣ тавонист тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ замина фароҳам созад.

Пас аз ироаи табрикоти раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода барои ҳозирин аз ҷониби ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кўлоб намоишномаи «Баҳори ваҳдат» манзур гардид. Намоишномаи мазкур аз рўйи асари Ҷумъа Қуддус, дар таҳияи коргардон Раҳмоналӣ Одинаев ба саҳна гузошта шуда, мардумро ба муттаҳидию якдигарфаҳмӣ, ваҳдатсароӣ ва дўст доштани Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамояд.

Д. Гулмаҳмадзода: «Тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба иқдомҳои неки Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем»

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар поёни ҳамоиши мазкур бо изҳори сипос аз ҳунармандон гуфт, ки соли дувум аст, ки Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомат ва рўҳбаландии махсус қайд карда мешавад. «Мо Рўзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ғурури баланди миллӣ ҳамчун рўзи адолату демократикунонии ҷомеа истиқбол гирифта, тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакатро ба иқдомҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем», - афзуд раиси вилоят.

Н. МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мар ...

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мар ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
“Дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар бошем ...

“Дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар бошем ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мо ...

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мо ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Сиёсат, Хабарҳо, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният