Дар як сатр
» Материалы за 09.09.2018
19:4209 сентябр

Рӯи сиёҳи Кабириро ҳеҷ собуне намешӯяд

Дар деҳаамон мӯйсафеде буд ва ҳар гапу коре боиси тааҷҷубаш мегашт, ҳамон лаҳза мегуфт: «Бобо намурд, дар ин зиндагӣ ҳамаи балоро дид». Чун ҷавонтар будам, ба умқи ин сухан намерасидам. Ҳикмати баландашро тадриҷан дарк карда истодаам.

19:4009 сентябр

“БО ДЕГ ШИНӢ — СИЁҲ ШАВӢ…” (Ҳамнишинӣ бо ҷинояткор ҷиноят аст)


Имсол ҳам нишасти бахшида ба ҳуқуқи инсон, ки онро САҲА баргузор мекунад, олуда ба баҳсҳои сиёсӣ шуд. Ҳайате, ки Тоҷикистон ба ин нишаст фиристод, бо далелҳои маълум ба роҳбарони ТТЭ ҲНИ маъқул наафтод (чун ҳамешагӣ), чун дарк карданд, ки ин бор ҳам сиррашон фош гардидаву пешорӯи ҷомеаи ҷаҳон боз шармандатар хоҳанд буд. Ҳолати аъзову роҳбарони ин ташкилоти террористиро чизе ҷуз ин наметавон шарҳ дод.

Аммо агар аз ин бигзарему бубинем, ки воқеияти норозигии ТТЭ ҲНИ аз иштироки Тоҷикистон бо ин ҳайат дар нишасти Варшава чист? Чаро ҳолати бавуҷудомада боиси ташвиши наҳзатиён шуду тасмим доранд сафи худро дар ин нишаст аз ҳисоби онҳое ҳам пур кунанд, ки ба ҳар восита ба Аврупо рафтаанд? Ва дар ниҳоят ҳамнишинӣ бо аъзову роҳбарони ин ташкилот чӣ пайомадҳо хоҳад дошт?