Дар як сатр
» » Кишварҳои арабӣ ҳизби наҳзати исломро дар қатори ДИИШ ва Ал-Қойида медонанд. Ҷузъиётро дар ссылка (иқтибос)-и зерин мурур намоед:

Кишварҳои арабӣ ҳизби наҳзати исломро дар қатори ДИИШ ва Ал-Қойида медонанд. Ҷузъиётро дар ссылка (иқтибос)-и зерин мурур намоед:

9-06-2020, 15:04

Кишварҳои арабӣ ҳизби наҳзати исломро дар қатори ДИИШ ва Ал-Қойида медонанд.

Ҷузъиётро дар ссылка (иқтибос)-и зерин мурур намоед:

 

www.baldnanews.com\defaultnews\2020-06-02\211907

Ҳизби наҳзати исломӣ, гузаштаи хушунатбор ва ҳозираи дурӯғу гумроҳкунӣ (Сомонаи Баладна.нюз. 02.06.2020)

 

Амалҳои террористии даҳшатовар, ки солҳои охир аз ҷониби ҳар гуна ташкилотҳои террористиву экстремистӣ дар миқёси ҷаҳон содир мегарданд, далолат аз он медиҳанд, ки имруз терроризм ва экстремизми хушунатомез ба яке аз хатарҳои аввалиндараҷаи дунёи муосир мубаддал гаштааст.

Яке аз чунин ташкилотҳои террористие, ки ҳаракати пинҳонкори исломиро дар Иттиҳоди Шуравӣ ва бахусус дар Осиёи Марказӣ ташкил дод, ғояҳои ифротиро таблиғ менамуд ва фаъолияти худро дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва Афғонистон пеш мебурд, ин "Ҳизби наҳзати ислом” буд. Мақсади асосии ин ташкилот барпо намудани сохти давлати исломӣ ва хилофат дар ҳудуди кишварҳои зикршударо дар бар мегирифт.

Агар пайдоиши ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати исломии Ироқу Шом” таърихи 5 сола дошта бошад, айнан ғояҳои монанд ба он дар ташкилоти террористӣ-экстремистии "Ҳизби наҳзати ислом” ҳануз дар асри гузашта дида мешуд. Онҳо ба таври ваҳшиёна дар солҳои 90­ум асри гузашта зиёда аз 150000 шаҳрванди осоиштаро террор намуданд. Бинобар ин, ҳайратовар нест, ки имрузҳо аъзои ин ташкилот дар сафи ҷангиёни ДИИШ дар давлатҳои Ироқу Сурия меҷанганду, мутаассифона амалхои ҷинояткоронаи хешро дар кишварҳои осоишта давом медиҳанд.

Баъди ҳаракати охирон ва ноком шудани ташкилоти номбаршуда аз табадулоти давлатӣ, ки сентябри соли 2015 руҳ дода, боиси ҷон бохтани зиёда аз 50 нафар мардуми осоишта гардид, роҳбарият ва аъзои фаъоли ташкилоти болозикр, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови ҷиноятӣ қарор гирифта, дар ҳудуди кишварҳои Аврупо зери ниқоби оппозитсияи ҳукумати кунунӣ ва гуногунфикрони сиёсӣ хамчун паноҳанда, гуреза ё худ муҳоҷирони оддӣ иқомат доранд.

Роҳбари ин ташкилот М. Кабирӣ айни замон дар хориҷӣ кишвар тактикаи дигарро бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, аниқтараш роҳи "демократикунонии” ТТЭ "ҲНИ”-ро, ки ба дини мубин ва поки ислом ягон рабт надорад, пеш гирифтааст.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чанд далели «чандпагона» будани Кабирӣ

Сиёсат

Мусоҳибаи роҳбари наҳзатӣ – туҳматзанӣ ва худсафедкунӣ

Хабарҳо

Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби на ...

Хабарҳо

Изҳороти ғаразолудаи ифротгаро

Хабарҳо
СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

Хабарҳо, Сиёсат, Ҳуқуқу амният