Дар як сатр

ЁРИИ ҲУҚУҚШИНОС

30-05-2020, 00:35

–Бинобар сабаби номувофиқ будани хислатҳоямон мехоҳам аз ҳамсарам ҷудо шавам. Аммо завҷаам ба ин розӣ нест. Оё ман метавонам ба суд барои бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат намоям?

           Фаррух, сокини ноҳияи Хуросон

Анвар ҚУРБОНЗОДА,  судя:

-Бояд гуфт, ки никоҳ ин иттиҳодияи озодонаи  зан ва мард мебошад, ки аслан, дар асоси меҳру муҳаббат баста мешавад. Яъне, никоҳ кардан такя мекунад ба принсипи озодӣ. Пас бекор кардани ақди никоҳ ҳам такя мекунад ба озодии ҳуқуқи шаҳрванд. Новобаста аз он ки як тараф розӣ ҳаст ё не бекор кардани ақди никоҳ, баъди муроҷиати хаттӣ ба суд, бо талаби яке аз тарафҳо ҳатман бекор мешавад. Фақат ин ҷо баъзе муқаррароти қонунгузорӣ мавҷуд аст. Дар мавриди   пешниҳод кардани ариза барои ҷудошавӣ, аз ҷониби  суд ва ё САҲШ метавонанд, ки барои ба вуҷуд омадани созиш муҳлати оштишавӣ диҳанд. Зеро дар Конститутсия дарҷ шудааст, ки оила таҳти ҳимояи давлат аст. Давлат тамоми чораҳоро меандешад, ки оила пароканда нашавад.

Агар зан ё мард хоҳад, ки бо сабаби бефарзандӣ никоҳашон бекор карда шавад, ҳамзамон, миёнашон баҳси тақсими молумукӣ набошад, дар ин ҳолат ақди никоҳи онҳо дар бахшҳои САҲШ бекор карда мешавад. Агар   зану шавҳар аз никоҳи якҷоя  фарзандор шуда, баҳси молу анвол дошта бошанд,  ақди никоҳи ин шахсон ҳатман тариқи судӣ бекор карда мешавад. 

Ҳасан АБДУРАҲИМЗОДА

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АҚДИ НИКОҲ КОҲИШ ЁФТААСТ

Ҳаёти иҷтимоӣ

ҶАЗО БАРОИ СӮЙИҚАСД БА КӮШТОР

Ҳуқуқу амният

УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» НАТИҶА МЕДИҲАД

Хабарҳо
Бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба афзоиш аст

Бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба афзоиш аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА